Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз кай фаро мерасад?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон соли нави деҳқонӣ фаро расид ва муддати се рӯз идома мекунад. Барои мардуми Тоҷикистон дар Наврӯзи имсола ба таври расмӣ, шаш рӯз истироҳат эълон шудааст.

Хурсанд Ибоддинов, як масъули Пажӯҳишгоҳи асрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 18 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соати 6 субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон соли нави деҳқонӣ фарор расид.

Ба гуфтаи ҷаноби Ибоддинов, соли нави деҳқонӣ, ба ин маънист, ки маҳз бо фаро расидани он, кишту кори баҳорӣ тавассути кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад. Ҷаноби Ибоддинов таъкид кард, ки соли нави деҳқонӣ се рӯз қабл аз фаро расидани Наврӯз меояд ва дар Тоҷикистону Афғонистон, Эрон ва Узбакистон ин роиҷ аст.

Ин масъули Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, бо поёни соли нави деҳқонӣ, Соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз низ вориди Тоҷикистон мешавад. Хурсанд Ибоддинов, таъкид кард, ки бар асоси солшуморӣ, имсол Наврӯз ба Тоҷикистон соати 3-ву 25 дақиқаи субҳи 21 март ворид мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Ибоддинов, соати 3-ву 25 дақиқа ин замоне аст, ки баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд ва ин аз воридшавии Наврӯз дарак медиҳад.

Ҷаноби Ибоддинов мегӯяд, ки бо дар назардошти тафовути замонӣ, Соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан яку ним ва ним соат фарқ аст.

Ба иттилои Хурсанд Ибоддинов, гирифтани Офтоб ба таърихи 20 март сурат мегирад. Аммо вай таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон имкони ба таври пурра мушоҳида кардани гирифтани Офтобро нахоҳанд дошт.

Чун ба гуфтаи ӯ, ҷузъ ё қисмати ками гирифтани Офтоб ба назар мерасад ва мардум наметавонанд ба дурустӣ ин маросимро мушоҳида кунанд. Ин масъули Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, мушоҳидаи гирифтани Офтоб дар қисматҳои қутби шимолӣ, аз ҷумла Аврупову Русия имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол Федератсия ё Шӯрои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз таътили 6-рӯзаи мардуми Тоҷикистон дар ҷашнии Наврӯз хабар дод. Бахтиёр Абдуллоев, муовини раиси Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз 6 рӯз, яъне аз 21 март то 26 март истироҳат хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, ҳарчанд таътили расмии ҷашни Наврӯз чор рӯз, яъне рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март аст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ду рӯзи аввал, яъне 21 ва 22 март дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, мардуми Тоҷикистон ду рӯзи дигар, яъне 25 ва 26 март низ истироҳат хоҳанд кард.

Шаш рӯз таътил эълон шудан дар ҷашни Наврӯз дар соли ҷорӣ дар ҳолест, ки соли гузашта низ мардуми Тоҷикистон дар аёми Наврӯз шаш рӯз истироҳат карда буданд. Ба таъкиди масъулони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани рӯзҳои шанбеву якшанбе дар моҳи март, 14 рӯз истироҳат хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол маъракаҳои аслии таҷлил аз Наврӯз, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад. Гуфта мешавад, таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 21, 22 ва 23 март баргузор хоҳад шуд.

Аммо дар шаҳри Душанбе рӯзи 23 март дар тамоми шаҳр аз соати 8 то 17 маъракаи сабзкорӣ сурат гирифта ва Наврӯзи умумишаҳрӣ дар таърихи 24 март дар боғи «Наврӯзгоҳ» доир мегардад. Ҳамин тавр, рӯзи 25 март мардуми Кӯлоб аз иди Наврӯзи оламафрӯз, таҷлил ба амал меоранд.

XS
SM
MD
LG