Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайри ҷаҳонии наврӯз - аз Пағмон то Прагаву Порис


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Имсол Наврӯзи байналмиллалӣ дар як мавзеи хушманзари канори шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор мешавад.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, рӯзи 6 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар наздикиҳои Кобул, дар мавзеи Пағмон, ки ҳудудаш тақрибан сад гектар аст, Наврӯзгоҳ ва як қасри нав бунёд шудааст ва бояд рӯзи 27 март дар он ҷо Наврӯзи байналмилалӣ бо ширкати сарони чанд кишвари минтақа ва Осиёи Марказиву Қафқоз баргузор гардад.

Сафири Душанбе бо такя ба манбаъҳои расмии афғон афзуд, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба дасти кам 10 ҳамтояш, аз ҷумла, ба сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ҳузур дар ин ҷашни бостонӣ даъватнома ирсол кардааст. Як рӯз қабл аз Наврӯзи байналмилалӣ сафари расмии раисиҷумҳури Ҳиндустон ба Кобул оғоз меёбад ва ҳадс зада мешавад, ки ӯро ҳам ба ин маҳфил даъват хоҳанд кард.

Дипломати тоҷик гуфт, ки барномаи наврӯзӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва аммо қарор аст, ки дар Наврӯзгоҳ намоиши осори фарҳангиву ҳунарӣ, либосҳову маводи ғизои қавмҳои гуногуни Афғонистон ва кишварҳои “соҳиб”-и Наврӯз баргузор шавад. Аз ҳар кишвар гурӯҳи бистнафара, ки ба он, аз ҷумла, ҳунармандону таббохон шомиланд, дар базми наврӯзӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол манобеи амниятии Афғонистон мегӯянд, ки барои таъмини бехатарии комили ҳама меҳмонони Наврӯзи байналмилалӣ тамоми сайъи худро ба харҷ хоҳанд дод.

Имсол тоҷикони муқими Аврупо ҳам Наврӯзро бо тантанаи бештар таҷлил хоҳанд кард.

Наврӯзи соли 2013 дар Берлин
Наврӯзи соли 2013 дар Берлин
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст маҳфилҳои зебои наврӯзӣ дар шаҳрҳои Берлину Ҳамбурги Олмон ва Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, баргузор шаванд. Ба ин маҳфилҳо гурӯҳи “Авесто” даъват шудааст ва сафорати Олмон дар Душанбе ваъда додааст, ки ба аъзои ин гурӯҳ барои дарёфти раводид кӯмак мекунад. Қарор аст, ки таҷлили Наврӯз рӯзи 23 март дар Осорхонаи этнографии Олмон дар Берлин, рӯзи дигар дар ҳамин шаҳр ҳамроҳ бо сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон, Афғонистон ва Туркия ва рӯзи 25 март дар Ҳамбург сурат бигирад. Рӯзи 26 ё 27 март маҳфили наврӯзӣ дар шаҳри Прага идома хоҳад кард.

Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, мегӯяд, ки имсол ҷашни наврӯзӣ дар Порис назар ба солҳои пешин бошукӯҳтар хоҳад гузашт ва барои нахустин бор ба ин маҳфил тоҷиконе, ки дар дигар манотиқи Фаронса ба сар мебаранд, даъват шудаанд. Ҷашни Наврӯзро дар Фаронса, таври маъмул, шаҳрвандони давлатҳое, ки ба ин иди бостонӣ арҷ мегузоранд, ҳамроҳ таҷлил мекунанд ва ҳамроҳ дастархони наврӯзӣ меороянд. Дар маҳфил Анҷумани Рӯдакӣ низ ширкат хоҳад дошт. Ба гуфтаи сафир, бори аввал дар ҷашни Наврӯз намоиши либосҳои мардуми Тоҷикистон – Хатлон, Зарафшон, Бадахшон, Мастчоҳи кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳо доир мешавад. Наврӯзи тоҷикони муқими Фаронса дар канори бурҷи Эйфел, дар майдони Трокадера баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG