Бо таъкид ба нақши созандаи муҳоҷирон дар иқтисоди Русия як донишҷӯи тоҷик аз президенти ин кишвар, Владимир Путин, хостааст, ки қоидаҳои сабти номи онҳоро сабуктар кунад.
"Дуруст аст, ки муҳоҷират бояд танзим шавад, аммо на ба ин шаклу шева. Муҳоҷире, ки имрӯз ба Русия меравад, маҷбур аст, баробари ворид шуданаш бештар аз 50 ҳазор рубл сарф кунад. Ин магар гарон нест?" -- суол гузоштааст Баҳманёр Надиров, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар номааш ба раҳбари Русия.
Донишҷӯи тоҷик, ки худ ду сол заҳмати муҳоҷиратро кашидааст бо ёдоварӣ аз мушкилоти дарёфти ҳуҷҷати кору истиқомат дар Русия ва шароити сахти муҳоҷирон қоидаҳои нави ин кишварро зиёдаравона шумурда, аз президенти Русия Владмир Путин хостааст, як лаҳза худро дар ҷойи як марди муҳоҷир тасаввур кунад. Баҳманёр Надиров афзудааст, "мардуми тоҷик аз меҳнат, аз барфу хунуку яхбандӣ, ҳатто аз хунукии 40 дараҷа ҳам наметарсанд. Мардуми шарифи моро қонуну қоидаи нав ба нав, таъқиби пулису миллатгароён тарсондааст."
Муаллифи нома ба Путин бо шумурдани ҳамаи харҷҳои як муҳоҷир ба хулосае омадааст, ки ҳарчанд рушду ободиҳои Русия натиҷаи заҳмати муҳоҷирон аст, даромади имрӯзаи онҳо аз меҳнати сангин ба "00 рублу 00 копеек баробар гаштааст".
Ӯ рӯзи 18 май дар сӯҳбат бо “Озодӣ” далели нома навиштанаш ба Путинро шарҳ дод ва гуфт, ҳадафаш на ҳангома ва ё чеҳрасозӣ, балки ҷалби таваҷҷӯҳи раҳбарияти Русия ба мушкили муҳоҷирон аст. Дар ҳоле ки, ба қавли Баҳманёр Надиров, ҳоло натанҳо аз хонаводаи онҳо, балки тақрибан аз ҳар як оилаи тоҷик дар Русия "намоянда"-е ҳаст ва ҳар мушкиле, ки пеш меояд, ба ҳама дахл дорад. Худи ӯ низ дар солҳои 2012 ва 2013 дар вилояти Иркутск ба корҳои тиҷорӣ машғул шуда ва мегӯяд, аз ҳама мушкили муҳоҷирон ба хубӣ огоҳ аст.
"Асосан ҳамин чиз водор кардааст, то бетараф набошам. Ҳоло намедонам, ин номаи ман боиси тағийр хоҳад шуд, ё не. Вале самимона кӯшиш мекунам, то ҳақиқат ба гӯши мақомоти Русия бирасад,"-- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Надирови 23-сола дар бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ номаи худ ба Путинро ба забони русӣ навиштааст ва талош дорад, мактубаш ҳарчӣ зудтар ба дасти раисиҷумҳури Русия ва ё ҳадди ақалл ба дастгоҳи ҳукуматаш бирасад. Баҳманёр мегӯяд, мушкилҳои рӯзафзун дар Русия метавонад қисме аз муҳоҷиронро ба "муҷоҳидон" дар Сурия табдил диҳад ва оянда онҳо нафақат дарди сари кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки худи Русия низ хоҳанд шуд.
Донишҷӯи тоҷик дар охири мактубаш ба раисиҷумҳури Русия гуфтааст, барои дастгирии муҳоҷирон ва бардоштани ҳама монеаҳои аз садди роҳи онҳо василаҳои гуногуне ҳаст, ки барои амалӣ сохтани онҳо танҳо хоҳиш ва иродаи сиёсӣ лозим аст: "Владимир Владимировичи мӯҳтарам! Фикр мекунам, дар вазъи сиёсии имрӯза беҳтар он бувад, ки бо дӯстони ҷонӣ бошед. Ин моем дӯсти ҳақиқии Кремл."
Бино ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон ҳар сол то як миллион нафар аз аҳолии кишвар барои кор ба Русия мераванд, аммо баъди ҷорӣ шудани қоидаҳои нави муҳоҷират дар моҳи январи соли равон бозгашти онҳо ба кишвар афзуда, сафарашон аз Тоҷикистон ба Русия камтар шудааст. Қонуни нави муҳоҷират барои ҳар як муҳоҷири корӣ сабти ҳатмии маҳалли зист ва дарёфти патентро муҳим медонад ва тамоми ҳуҷҷатгузорӣ барои як нафар аз 30 то 40 ҳазор рубл, муодили тақрибан ҳазор доллар, тамом мешавад.
Муҳоҷирон мегӯянд, на ҳар кадоме аз онҳо ҳангоми сафар аз Тоҷикистон ба Русия ин миқдор пул доранд ва ин мушкилӣ боис шудааст, зиндагии хоксорона дар кишварро авлотар донанд. Масъулони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия вақтҳои ахир кам шудани муҳоҷирон дар ин кишварро эълон медоранд.
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия моҳи гузашта ба "Интерфакс" гуфта буд, дар кӯчаву хиёбонҳои Маскав муҳоҷирон камтар шудаанд. Ҳатто додгоҳи шаҳрии Маскав пешниҳод кард, то муҳоҷиронеро, ки қонунро вайрон мекунанд, ба ватанашон ихроҷ накунанд, балки онҳоро дар ивази ҷарима иҷозаи кор диҳанд.