Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабгорони шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон афзудааст. САДО


Шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ)-и Тоҷикистон
Шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ)-и Тоҷикистон

Дар пайи имзо ва тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистону Узбекистон дар бораи сафари бидуни визаи шаҳрвандони ду кишвар (30 рӯз) шумораи алоқамандони дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон дар чанд рӯзи охир афзудааст. Чанд рӯз боз дар назди Хадамоти шиносномадиҳӣ ё ОВИР навбати сокинон мушоҳида мешавад.

Сафар ба Узбекистон сафи талабгорони шиносномаи хориҷиро бештар кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:21 0:00
Линки мустақим

"Даҳбеди Самарқанд ватани бобоии ман аст"

Агар мардум пештар барои рафтан ба Русия муроҷиат мекарданд, ҳоло барои сафар ба Самарқанду Бухоро муроҷиат мекунанд

Зиё Раҳмон, шоири тоҷик, ки барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ ба Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ба зудтарин фурсат соҳиби ин санад хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 29-уми март гуфт, ният дорад баъд аз солҳои тӯлонӣ ба Узбекистон сафар ва аз ватани бобоияш дидан кунад.

“Ният дорам, ба Самарқанд равам. Даҳбеди Самарқанд ватани бобоии ман аст. Чанд пушти ман аз Даҳбеди Самарқанд аст”, - афзуд ӯ.

Зиё Раҳмон
Зиё Раҳмон

Зиё Раҳмон мегӯяд, дар гузашта борҳо хоста буд Самарқандро зиёрат кунад, вале бо сабаби низоми виза натавонист давоми ду даҳсола ин корро анҷом диҳад.

Муҳр дар марз, сабтином дар Узбекистон

Бибимоҳи Алидухт, журналисти тоҷик, тоза аз сафари 10-рӯзаи аз Узбекистон баргаштааст. Ӯ гуфт, пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон зуд санадҳояшро ба Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ – ОВИР супурд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ соҳиби шиноснома шуд. Ба гуфтаи Бибимоҳ, билофосила ҳамроҳи дустонаш довталабона сафари Узбекистонро пеш гирифт. Вай гуфт, баробари расидан ба хонаи дӯстонаш дар Узбекистон, худро дар хонаи онҳо сабтином кард.

Бибимоҳи Алидухт гуфт, “танҳо дар марз ба шиносномаам муҳр заданд. Дар 10 рӯз боре ҳам шиносномаи моро напурсиданд. Муддати буданамон дар Узбекистон ҳеч мушкил пешорӯямон набуд.»

Аммо Бибимоҳ мегӯяд, дар гузаргоҳи “Дустӣ”-и миёни Турсунзодаи Тоҷикистон ва ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Узбекистон дидааст, ки мардуми тоҷику узбек аз тариқи навбатпойӣ ба кишвари якдигар рафту омад мекунанд.

"Муроҷиати мардум афзудааст"

Ба ин тартиб, дар чанд рӯзи охир шумораи дарёфткунандагони шиносномаи хориҷӣ дар Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хотири сафар ба Узбекистон афзудааст. Муҳсин Ҳамидов, як масъули Хадамоти шиносномадиҳии ВКД ё ОВИР рӯзи 29-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксарияти талабгорони шиносномаи хориҷӣ бо ҳадафи сафар ба Узбекистон шиноснома мегиранд. Вай шумори дақиқи муроҷиаткунандаҳо барои гирифтани шиносномаҳои хориҷиро нагуфт, вале тасдиқ кард, ки дархостҳо афзудааст.

“Ҳатто мешавад гуфт, ки тақрибан 30 дарсад бештар шудааст. Агар мардум пештар барои рафтан ба Русия муроҷиат мекарданд, ҳоло барои сафар ба Самарқанду Бухоро муроҷиат мекунанд”, - шарҳ дод ӯ.

  • Ба иттилои масъулони Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, қимати шиносномаи хориҷӣ беш аз 85 доллар (75 доллар барои бланк, 75 сомонӣ барои боҷӣ давлатӣ ва 40 сомонӣ барои хидматрасонии ОВИР) будааст.

Нархи сабтином - панҷ доллар

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбекистон ба шиносномаи хориҷӣ ниёз доранд. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, он шаҳрвандоне, ки мехоҳанд беш аз 10 рӯзи тақвимӣ дар хоки Узбекистон монанд, бояд дар назди идораи пулиси макони зист ё меҳмонхона худро сабтином кунанд. Арзиши сабтином 5 доллар аст ва ин маблағ ба сурат-ҳисоби Бонки маркзии Узбекистон пардохта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастур додааст, ки масъалаи тамдиди мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистонро бидуни сабтином биомӯзанд.

XS
SM
MD
LG