Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони тифли «селлофанӣ» аз Русия ихроҷ мешаванд


Тибқи қарори додгоҳе дар Ярославл, модару падари тифли «селлофанӣ» аз қаламрави Русия ихроҷ мешавад.

Кӯдак таҳти сарпарастии давлат мегузарад. Зани тоҷикистоние бо исми М.М.П., санаи таваллудаш 8 марти соли 1987, ки ба ҳангоми фирор аз зоишгоҳи Ярославл бо навзоде дар дохили халтаи селлофанӣ боздошт шуд, тибқи қарори додгоҳ бояд ҳамроҳ бо ҳамсараш, шаҳрванди Тоҷикистон, аз қаламрави Русия ихроҷ шавад. Додгоҳ чунин қарорро бар он асос гирифтааст, ки ин хонум ба ҳангоми боздошташ санадҳои расмии иҷозатдиҳандаи буду боши ӯро дар Русия надошта, мӯҳлати ҳақи иқомат ва патенти кораш соли 2014 тамом шудааст. Ин тасмим бар пояи хулосаҳои мақомоти Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати Ярославл гирифта шуд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ як масъули дафтари матбуоти ин хадамот Олег Гладков хабар дод. Вай гуфт, қарори додгоҳ рӯзи 7 апрел содир шуд ва дар муддати 10 рӯзи баъди ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад ҳукми додгоҳро ба чолиш кашонад. Вале, бо назардошти ин ки ин хонум пеш аз бо кӯдаки «селлофанпечаш» боздошт шудан, қонунҳои муҳоҷират ва будубош дар Русияро нақз кард, эҳтимолан, додгоҳ ҳукмашро тағйир намедиҳад.

«Як чизро бояд таъкид кунем, ки тафтишот баъди ба даст афтодани зан ба ӯ раҳм карда вайро ба ҳабси муваққат нагирифт, чунки маълум аст, ки ҳолати равонии ӯ чандон ҳамвор набуд. Аммо санадҳои кӯҳнашудаи ӯ ва ҳам адами талоши ӯ барои тамдиди будубоши қонуниаш пеш аз таваллуди фарзанд сабаби қарори депортатсияи ин зан шуд», гуфт Гладков.

Бар тибқи қарори додгоҳ, баъди гузаштани мӯҳлати шикоят ба додгоҳ, дар мӯҳлати 3 рӯз ин хонум ва ҳамсараш бояд аз Русия берун шаванд. Мӯҳлати наздиктарини тарки Русия кардани онҳо ба эҳтимоли зиёд 20 апрел аст, гуфт Гладков. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳам тифли навзод ва ҳам писарчаи калонии ин ҳамсарон зери назари мақомоти хадамоти иҷтимоӣ гирифта шудаанд.

Бар тибқи қонунҳо, баъди ихроҷ ба Тоҷикистон, зану шавҳар ҳақ доранд барои дубора ба тарбияи худ баргардонидани фарзандонашон мубориза баранд. «Масъала ин аст, ки санади фарзандони онҳо низ мушкил доранд ва барои барқарор кардани онҳо, хадамоти муҳоҷират ва полис бояд бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамкорӣ кунад», гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, раёсати Вазорати умури дохилаи Ярославл мегӯяд, тафтиши қазияи аз зоишгоҳ бидуни иҷозати касалхона ва тифлро дар дохили халтаи селлофанӣ андохта фирор кардани ин зан идома дорад ва ҳанӯз мақомоти тафтишотӣ ба хулосае наомадаанд, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кунанд ё на. Дар ин бора ба Pадиои Озодӣ Марина Кокуева, муовини раиси сухангӯи полиси Ярославл хабар дод.

Вай гуфт, тафтиш ҳанӯз идома дорад, писарбачаи ӯ ҳамоно зери назари табибони бемористони вилоятии кӯдаконаи Ярославл қарор дорад ва худи хонум дар озодӣ аст. «Ин ки бо қарори додгоҳ ӯро депортарсия кардаанд, аз тафтиши мо ҷудо аст. Ҳанӯз муфаттишони мо дар ин замина ба қароре наомадаанд», гуфт ӯ.

Рустам Мирхоҷаев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Ярославл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, феълан хонуми тоҷикистонӣ, ки аз ӯзбактаборони сокини ноҳияи Панҷакент будааст, дар беруни шаҳр қарор дорад бо ин ҷамъият иртиботи мустақиме надоштааст. «Худи мо ӯро муддатҳо боз ҷустуҷӯ дорем, ки барояш кӯмак кунем. Қазияи ӯ ҳамватанони зиёдро дар ин ҷо нигарон кард."

Баъзе бонувони тоҷик мегӯянд, барои сағира нашудани кӯдакаш бояд ӯро як хонаводаи тоҷик ба фарзандӣ қабул кунад». Бар тибқи иттилои масъули раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷират Николай Гладков, ҳодисаҳои даст аз фарзандони худ кашидаи муҳоҷирони тоҷик дар Ярославл дар сурати сар задани мушкиле хеле камчинанд. Дар муддати се соли охир, гуфт Гладков, ин дуюмин ҳодисаест, ки ба як модаре за Тоҷикистон маҳрумият аз фарзандаш таҳдид мекунад. Дар як ҳодисаи ду соли пеш, гуфт ӯ, баъди марги зани тоҷике ду фарзандаш ба тарбияи сағирхона гузаштанд ва ҳеҷ нафаре аз наздиктарин хешовандонаш дар Тоҷикистон нахостанд ин атфолро ба фарзандӣ хонад.

5 апрел як муҳоҷирзане аз Тоҷикистон тифли чоррӯзаашро дар дохили як халтаи селоффанӣ ҷо карда, аз зоишгоҳи Маркази Периноталии Ярославл фирор кард. Дар дохили маршрутка, ки ӯ нишаст, садои тифл баланд шуд ва мусофирон полисро даъват карда ӯро боздошт карданд. Сабаби фирори ин зан аз зоишгоҳ маълум нест, танҳо тахмин мешавад, ки ӯ бо сабаби кӯҳна шудани мӯҳлати санадҳояш ва ҳам надоштани пул хост аз зери назорати муассисаи тиббӣ фирор кунад. Баъди боздошт, кӯдаки навзодашро ба касалхонаи вилоятии кӯдаконаи Ярославл ҷо карданд.

XS
SM
MD
LG