Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Покистон ба барқи Тоҷикистону Қирғизистон


Дар ҳоле ки Тоҷикистону Қирғизистон ба боз як зимистони камбарқ омода мешавад, Покистон изҳори умед кардааст, ки баъди бунёди CASА-1000 аз ин ду кишвар солона то 4000 мегаватт барқ бигирад.

Мақомоти Покистон умедворанд дар оянда аз Тоҷикистону Қирғизистон солона то 4 ҳазор мегаватт нерӯи барқ бигиранд. Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷии нахуствазири Покистон ахиран гуфтааст, ки дар сурати иҷрои тарҳи CASА-1000 мумкин аст, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон то 4 ҳазор мегават нерӯи барқ содир шавад.

Бар асоси ин тарҳ, қарор аст, як хатти баландшиддати нерӯи барқ бисозанд, ки Тоҷикистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон васл мекунад. Рӯзи 12-уми октябр ҳукуматҳои Афғонистону Покистон созишнома дар бораи қиммати транзити барқ аз кишварҳои Осиёи Марказиро имзо карданд, ки инро як қадами бузург дар роҳи тиҷорат миёни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ медонанд. Дар сурати бунёди хатти баландшиддати барқ, Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд, нерӯи барқи изофиро, ки дар фасли тобистон ҳосил мекунанд ба Покистон фурӯшанд.

Ба гуфтаи Сартоҷ Азиз, дар марҳилаи аввал Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон солона 1300 мегават нерӯи барқ мефурӯшанд ва аз ин миқдор 1000 мегаватро Покистон ва 300 мегаватро Афғонистон мегиранд. Сартоҷ Азиз ба рӯзномаи “The Express Tribune”- и Покистон дар бораи созишномаи транзитӣ бо Афғонистон гуфтааст, “Ин як созишномаи хуб барои додугирифти энержӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аст. Ин як тарҳи бузург аст ва оғози кор аст. Вақте хати барқ васл шуд, мумкин аст, интиқоли нерӯи барқ то 4 ҳазор мегават бирасад. Ба гуфтаи Сартоҷ Азиз, Покистон ҳоло аз 5 то 6 ҳазор мегават нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, вале нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 20 дар сади ин эҳтиёҷро бароварда мекунад.

Мушовири нахуствазири Покистон афзудааст, ин миқдор нерӯи барқ барои кишвараш басанда нест, вале тарҳи CASА-1000 тарҳи хуб аст, зеро “Тоҷикистону Қирғизистон нерӯгоҳҳои барқии нав месозанд ва Русия ҳам мехоҳад, дар ниҳоят ба ин тарҳ бипайвандад.” Ба қавли Сартоҷ Азиз, тарҳи КАСА-1000 метавонад, роҳро барои бастани созишномаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистону ҳамвор кунад. Бар асоси тарҳи CASА-1000 қарор аст, 1200 километр хатҳои баландшиддати барқ кашида шавад ва аз тариқи он Тоҷикистону Қирғизистон нерӯи барқи изофиро, ки тобистон ҳосил мекунанд, ба Покистон интиқол бидиҳанд. Як шӯрои байниҳукуматӣ татбиқи ин лоиҳаро назорат мекунад.

Сартоҷ Азиз гуфтааст, ки Афғонистон аввал мехост, ки барои транзити нерӯи барқ барои ҳар киловат 2.5 сент бигирад, аммо баъдан розӣ шуд, ки қиммати транзитро ба 1.25 сент поин барад. Ҳоло сохтмони ин хати баландшиддат шурӯъ нашудааст, ҳарчанд моҳи март Бонки Ҷаҳонӣ барои ин тарҳ тақрибан ним миллиар доллар ҷудо кард. Арзиши куллии тарҳ бештар аз 1 миллиар доллар ҳисоб шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта гуфтаанд, ки CASA-1000 бо назардошти бунёди нирӯгоҳҳои азиме, чун Роғун, сохта мешавад ва ҳадаф аз он аз ҳоло пайдо кардани харидори оянда барои барқи Роғун ва нерӯгоҳҳои дигар аст. Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захоири об гуфта буд, Тоҷикистон аз фурӯши барқи зиёдатии тобистон ба кишварҳои ҳамсоя тариқи хати CASA-1000 умеди зиёд дорад. Чунки Тоҷикистон танҳо дар соли 2013 аз обанборҳояш оби зиёдеро, ки барои тавлиди то 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ кофӣ буд, беҳуда сар додааст ва танҳо аз ҳисоби набуди бозори фурӯши барқ дар тобистон ҳар сол тақрибан 120 миллион доллар зарар мебинад.

XS
SM
MD
LG