Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рӯзи 10 сентябр бо пахши як баёнияи шадидуллаҳн ва ба сари худ бесобиқа дар саҳифаи сафорати Русия дар шабакаи Фейсбук аз сафири Украина дар Душанбе Виктор Никитюк ва аз хабаргузории маҳаллаи "Авесто", ки мусоҳиба бо сафири Украинаро нашр кард, сахт интиқод кард.
Лякин-Фролов ҳамтои украиниашро намояндаи “ҳизби ҷанг” дар Украина унвон карда, бо иқтибос аз як таъбири таҳқиромези русӣ дар шаъни Никитюк гуфтааст, дар шароите ки дар Украина умеде барои қатъи ҷанги бародаркуш зуҳур кардааст ва ҳатто дар Аврупо вазидани насими сулҳ дар ин кишварро ҳисс карда, эъмоли бастаи нави таҳримот алайҳи Русияро ба таъхир андохтанд, “дар чунин шароити хеле ҳассос бори дигар аз қуттии тамоку сафири Украина В.Никитюк берун меҷаҳад.”
Ин бори аввал аст, ки яке аз сафирҳои муқими Душанбе ба як ҳамтои худ бо чунин лаҳни шадид дармеафтад. Игор Лякин-Фролов аз ҷумла менависад: “Боиси ҳайрат мавҷи навбатии фаъолияти тахрибкоронаи дипломатест, ки зоҳиран ба “ҳизби ҷанг” дар Украина тааллуқ дорад ва ин ҳизбро на рехтани хуни ҳамватанонашон, на азобу азияти занону кӯдакон ва пиронсонлон дар ҷанубушарқи Украина боз дошта наметавонад.Никитюк бори дигар бо штампҳои беисботи зиддирусӣ ва таҳрифи “фактҳо” сӯҳбат кардааст. Ва ин мавҷи нави дурӯғ дар остонаи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай – маъракаи муҳиме, ки барои баргузориаш раҳбарони Тоҷикистон талоши азиме ба харҷ додаанд, ба гӯши ҷомиаи Тоҷикистон мерезад.”
Сафири Русия Никитюкро ба “адами комили ахлоқи дипломатӣ” ва пешбурди пропаганда дар қаламрави шарики стратегӣ ва муттаҳиди калидии Русия айбдор карда, меафзояд , “яқинан, сафири Украина ҳисси сиёсиро аз дааст дода... ҳамоно талош дорад, то байни Тоҷикистону Русия шикоф эҷод кунад... Оё фурсате фаро нарасидааст, ки ин дипломати украиниро, ки масъули рафтораш нест, барои ҳамеша дар ҷояш бишинонанд?”
Игор Лякин-Фролов дар ин изҳороти шадидуллаҳн ба хабаргузории мустақили “Авесто”, ки мусоҳиба бо Виктор Никитюкро нашр кардааст, низ дарафтодааст: “Боиси ҳайрат аст, ки боз як бори дигар талоши нашри маълумоти бардурӯғ (дезинформатсия) тавассути сомонаи хабаргузории “Авесто” сурат гирифт. Раҳбарони ин хабаргузорӣ зоҳиран манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва аҳамияти истисноии равобиташ бо Русияро чандон хуб дарк намекунанд.”
Мояи чунин интиқоди ба таври бесобиқа тунди сафири Русия аз ҳамтои украиниаш ва аз хабаргузории “Авесто” мусоҳибаи Виктор Никитюк бо ҳафтавори “Бизнес и политика” аст, ки бархе нукоташро “Авесто” рӯзи 8 сентябр таҳти унвони “ Никитюк: «Агрессия РФ в Украине - угроза глобальному миру». Читайте в ближайшие дни» (Никитюк: Таҷовузи ФР дар Украина таҳдид ба сулҳи ҷаҳонист. Дар рӯзҳои наздик бихонед») нашр кардааст.
Виктор Никитюк дар ин мусоҳиба Русияро аз ҷумла ба таҷовуз ба хоки Украина, тасарруфи як қисмати он ва содироти терроризм айбдор кардааст: «Маълум шуд, ки ҷомиаи байналмилалӣ ба чунин вазъият, ки узви доимии Шӯрио амнияти СММ ба таҷовуз нисбат ба кишвари осоиштаи ҳамсояаш даст мезанад, як бахши қаламрави онро тасарруф мекунад, терроризмро содир мекунад ва алайҳаш ҷанги эълонношудаи «дурага»-ро идома медиҳад, омода нест.»
Сафири Украина гуфтааст, ки Русия масъалаи мақоми забони русӣ ва таваҷҷӯҳи нокофӣ ба назари вилоятҳоро баҳонаи таҷовузҳояш дар Украина қарор додааст, дар ҳоле ки, ба ақидаи ӯ, «ҳар одами солимақле, ки бо Украина ошност, тасдиқатон мекунад, ки мувшкили забони русӣ дар Украина ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт ва надорад.»
Хабаргузории "Авесто" билофосила ба изҳороти сафири Русия посух дода навиштааст, ки "Авесто" хабаргузории мустақил аст, ки барои гуфтани фикру назарҳои тамоми ҷонибҳо минбар медиҳад. Масъулони "Авесто" ҳамчунин навиштаанд: "Хушбахтона, мо расонаи мустақиле боқӣ мемонем, ки ба ғаразҳову иддаоҳои имперотурии кишварҳои алоҳида сар намефурорад. " "Авесто" гуфтааст, маҳз ба ҳамин далел ба сафири Украина ҳамчун намонядаи расмии ҳукумати кунунии Украина минбар додааст, ки ақидаи расмии Киевро баён кунад. Онҳо гуфтаанд, омодаанд ҳамин тавр, бо сафири Русия низ сӯҳбат биороянд ва назари расмии Маскавро ҳам нашр кунанд, вале ба ҳеҷ сурат даъвои Лякин-Фролов дар бораи минбари "зиддирусӣ" будани худро қабул надоранд.
Вилоятҳои Донетску Луҳанск дар шарқи Украина аз моҳи апрел ба ин сӯ майдони даргириҳои мусаллаҳонае шудаанд, ки ба ҳисоби СММ, то имрӯз беш аз 2600 кушта ба ҷо гузошта, садҳо ҳазори дигарро бехонавудар кардааст. Ҷудоиталабон дар ин ду минтақа бо таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва муттаҳид кардани ҳарду дар “иттиҳод”-е бо номи “Новороссия” талаби мустақилият аз Украина ва пайвастан ба Русияро доранд. Дар ин ду вилояти аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Украина тақрибан 6,5 миллион нафар ё 14 дарсад аз 46 миллион миллион аҳолии ин кишвар ба сар мебаранд. Тақрибан нисфи онҳоро русзабонҳо ташкил медиҳанд.
Кишварҳои Ғарб ва мақомоти Киев мегӯянд, ки ҷудоиталабон дар Донетску Луҳанск аз тарафи Русия бо силоҳу пул ва ҳатто бо нирӯву тонку тӯп таъмин мешаванд. Маскав инро рад мекунад.