Дар наворе, ки рӯзи гузашта ба нашр расид, дида мешавад, ки ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ осори бостониро дар шаҳри Мавсили Ироқ тахриб мекунанд. Ирина Бокова, раиси ЮНЕСКО рӯзи панҷшанбе гуфт, аз дидани видеои нобудии осории бостонии Мавсил аз тарафи гурӯҳи Давлати исломӣ ба шиддат шок ва ҳайратзада шудааст ва аз Шӯрои амнияти СММ хост, барои ҳифозат аз мероси фарҳангии Ироқ, як нишасти изтирорӣ баргузор кунад.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, баёнияи раиси ЮНЕСКО, Созмони илмӣ ва фарҳангии СММ андаке дертар аз интишори видеое, ки ҷангиёни Давлати исломиро дар ҳоли вайрон кардани осори бостонӣ дар шаҳри Мавсил нишон медод, содир шуд. Шибҳи низомиёни дар ин видео мегӯянд, ки осори бостонӣ, нишонаи бутпарастӣ ҳастанд ва бояд нобуд шаванд.
Стефан Дужаррик, сухангӯи СММ гуфт, вайрон кардани осори ҳунарӣ нақзи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муҳофизат аз мероси фарҳангӣ дар манотиқи ҷангзада дар Сурия ва Ироқ аст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ройтерз аз Арбил гузориш додааст, ки аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ дар шимоли Ироқ коллексиюни гаронбаҳое аз муҷассама ва пайкараҳои бостонии даврони Ошӯриёнро нобуд кардаанд. Бостоншиносон мегӯянд, ки тахриби ин маҷмуа осеби ғайри қобили тасаввур ба бахше аз таърихи башарият аст.
Дар видеое, ки гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи панҷшанбе нашр кард, афроде дида мешаванд, ки бо путк ва пармаҳои бузурги барқӣ ба осори бостонӣ, ки таърихи онҳо ба қарни ҳафтуми пеш аз милод бармегардад, ҳамла карда ва онҳоро нишонаҳои бутпарастӣ меноманд.
Яке аз ин мардони ношинос дар ин навор мегӯяд, "мусалмонон, ин ҳайкалҳое, ки пушти сари ман мебинед, бутҳое ҳастанд, ки дар қарнҳои гузашта парастида мешуданд. Ошӯриҳо ва дигарон ин бутҳоро ба унвони Худои борон, кишоварзӣ ва ҷанг мепарастиданд ва ба шаклҳои гуногун онҳоро ситоиш мекарданд."
Яке аз кормандони пешини Осорхонаи шаҳри Мавсил ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ба назар мерасад осори бостонии вайроншуда мутааллиқ ба Музеи ашё бостонӣ дар шаҳри Мавсил аст, ки дар шимоли Ироқ воқеъ шуда ва аз тобистони соли гузашта таҳти назорати гурӯҳи Давлати исломӣ мебошад.
Ҷангиёни муҷассамаҳоро болои сутунҳо партофта ва рӯи замин мешикананд ва як мард бо як путки бузург ба як муҷассами Гови болдор мекӯбад. Дар ин навори видеоӣ метавон толори бузурги музей бо муҷассамаҳои шикасташударо дид.
Ломия Ал-Гелонӣ, як бостоншиноси ироқӣ ва аъзои институти бостоншиносӣ дар Лондон гуфт, ҷангиён осеби ғайри қобили тасаввур ба осори бостонӣ задаанд ва афзуд, "ин осори танҳо Ироқ нестанд, мероси ҳама дунё ҳастанд". Ӯ тахриби ин осорро ба нобудии муҷассамаҳои Буддо дар Бомиёни Афғонистон аз сӯи Толибон дар соли 2001 муқоиса кард.
Хонум Гелонӣ афзуд, илова бар ҳайкали Гови болдор мутааллиқ ба даврони Ошӯриён, дар шаҳри Найнаво ва Намруд дар минтақаи Байнанаҳрайн, ба назар мерасад ин гурӯҳ осори бостонии Ҳатро ё Ҳитро, шаҳре дар шимоли Ироқ аз давраи Ашкониёнро, ки таърихи он ба 2000 сол қабл бармегардад, тахриб кардаанд.
Мудири бахши Ироқ дар ЮНЕСКО дар бораи муҳтавои видеои изҳори назар накард ва гуфт, ки ин мавзӯъ бояд баррасӣ шавад. Вай афзуд, тахриби мероси фарҳангии Ироқ пас аз тасарруфи шаҳри Мавсил тавассути шибҳинизомиёни Давлати исломӣ, "талош барои нобудии ҳувияти як миллат" аст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ЮНЕСКО бо мақомоти Ироқ ва кишварҳои ҳамсоя барои шиносоӣ ва муқобила бо дуздони осори бостонӣ аз минтақаҳои таҳти назорати Гурӯҳи Давлати исломӣ, ҳамкорӣ мекунад. Вай изҳор дошт, ки ба бунёдҳои фурӯш ва музоидаи осори ҳунарӣ ва бостонӣ дар мавриди ин ашёи дуздидашуда ҳушдор дода шудааст.