Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Операсарои тоҷик Адҳам Холиқов даргузашт


Рӯзи 3 июл дар Душанбе дар синни 76-солагӣ операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов даргузашт.

Дар ин бора маъмурияти Театри операву балети ба номи С.Айнӣ хабар дод. Сабаби даргузашти ӯ феълан маълум нест.

Дар матни хабаре, ки дар Фейсбук нашр шуд, аз ҷумла омадааст, “мо хабари баде гирифтем – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Узбекистон, садои тиллоии саҳнаи тоҷик Адҳам Холиқов даргузашт... Овози фаромӯшношудании ӯ ҳамеша дар дилҳои мо садо хоҳад дод”.

Адҳам Холиқов то солҳои 1990 дар Душанбе кор кард ва баъдан ба Милани Итолиё рафт. Дар як мусоҳибааш соли 2009 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо нишонаҳое аз дарди қалб муддате бистарӣ шуд.

Ӯ яке аз чандин ҳунармандони операи тоҷик аст, ки тавонист ҳунари худро дар Итолиё - ватани операи ҷаҳонӣ сайқал диҳад ва ба ҳайси устод кор кунад. Оғози солҳои 2000-ум академияи мусиқии худро бо номи "Bel Canto International" таъсис дод ва дар баробари ҷавонони болаёқат аз Итолиё, бо шогирдони тоҷикистониаш ҳам дарс дод. Дар миёни онҳо - Рустам Дулоев, Шоҳрух Юнусов ва дигарон мебошанд.

Ӯ дар ҳамон мусоҳибааш гуфта буд: “Мақсади олии ман нишон додани он аст, ки тоҷикон чи қадар маданияти баланд доранд ва мо ба кадом дараҷаҳои санъати байнулмилалӣ баромадаем... Миллати мо бузург асту ояндаи бузург ҳам дорад...»

Маросими ҷанозаи Адҳам Холиқов фардо, 4-уми июл дар Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG