Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

О.Салимзода: Ташкилоти ҷамъиятӣ бояд қонунро риоя кунанд


Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот назарашро дар бораи кори созмонҳои ҷамъиятӣ баён кард.

Се моҳи пеш дар Тоҷикистон санҷиши кори созмонҳои ҷамъиятӣ шурӯъ шуд ва дар ин санҷишҳо дар баробари вазоратҳои адлия, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин, кумитаи андоз ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок мекунанд. Дар Тоҷикистон беш аз 2600 ташкилоти ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, натиҷаи ин тафтишҳо ба куҷо расид. Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ дар як нишасти САҲА моҳи июл гуфтанд, ки ин амал “ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишвар” анҷом мешавад.

Вазорати адлия гуфтааст, ки бар асоси гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ аз соли 2013 то моҳи апрели 2014, ташкилоти ҷамъиятӣ дар кишвар 4,5 миллиард сомонӣ гранти хориҷӣ дастрас кардаанд. Охири моҳи июл Кумитаи андози Тоҷикистон созмони ғайридавлатии "Нотабене" – як ташаккули муҳофизи ҳуқуқи башарро бо иттиҳоми нақзи қонун, яъне сабти ном бо истифода аз норасоиҳои қонун ба додгоҳ кашонд ва талаб кард, ки ин созмон баста шавад. Мақомот мегӯянд, тафтиш бар асоси Қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ ҷараён мегирад, ки он манбаи даромади ин ташкилотро ошкор мекунад. Ба бовари созмонҳои ҷамъиятӣ, қонуни нав фаъолияти ин ташкилотро маҳдуд мекунад.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ба саволҳои радиои Озодӣ дар робита кори созмонҳои ҷамъиятӣ посух дод.

Олим Салимзода: Тарҳи қонуни нав, ки қаблан қабул шуд, фақат ба хотири шаффофияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ буд. Дар оғоз ин созмонҳо ин тарҳро хуш надоштанд. Ҳоло фақат ба воситаи огоҳ кардани ниҳоди бақайдгиранда онҳо фаъолияти худро пеш мебаранд. Ин ҷо ягон кори дигаре нашудааст. Ман бо баъзе аз созмонҳои ғайридавлатӣ ҳам сӯҳбат кардаам ва онҳо дар ҷамъият хеле фаъол ҳам ҳастанд, худи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иртиботи хубе барқарор кардаанд, борҳо аз минбарҳои баланд дар ҳамкорӣ пеш бурдани кору барномаҳоро гуфтаанд, дар паёми имсола ҳам буд ин чиз. Фақат боиси нигаронии онҳо ин буд, ки чаро бояд огоҳ кунанд, “мо маблағро аз берун мегирем”, мегӯянд. Ҳоло тибқи қонун, онҳо вақте тарҳро барои гирифтани грант пешниҳод мекунанд, онҳо бояд мақомот, яъне ташкилоти бақайдгиранда – вазорати адлияро бояд огоҳ кунанд, ки мо ҳамин маблағро гирифтем ва кор мекунем. Тамом.

Радиои Озодӣ: Созмонҳое, ки бештар дар масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд, мегӯянд, тафтишҳои ҷараёндошта бештар зидди онҳо нигаронида шудааст.

Олим Салимзода: Агар инҳо дар бораи нақзи ҳуқуқ сӯҳбат мекунанд, пас чаро худ қонунро вайрон мекунанд? Ман дар як ҷаласае будам ва намояндаи вазорати адлия ҳам гуфт, чаро вақте шумо суроғаатонро табдил мекунед, органҳоро огоҳ кунед. Вале дар бораи тафтиши кори ин созмонҳо ман хабаре надорам.

Радиои Озодӣ: Шумо розӣ ҳастед, ки созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҷомеа кори боманфиате анҷом медиҳанд?

Олим Салимзода: Сад дар сад мутмаинам, бовар дорам, ки бисёре аз ин ташкилот муваффақ ҳам ҳастанд. Талошҳояшон ҳам хуб аст, корҳои неку шоиста ҳам кардаанд.

Радиои Озодӣ: Аз назари шумо, ҳастанд созмонҳое, ки шояд фаъолияти онҳо ба ҷомеа хатар дорад?

Олим Салимзода: Ман чунин созмонеро, ки ба амнияти давлат таҳдид карда бошад, хавфу хатаре ба вуҷуд оварда бошад, намедонам.

Радиои Озодӣ: Чунин андешае вуҷуд дорад, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон дар нисбати созмонҳои ҷамъиятӣ айнан ҳамон кореро мекунанд, ки мақомоти Русия дар нисбати созмонҳои худ анҷом дода, қонун “Дар бораи агенти хориҷӣ”-ро қабул карданд. Назари шумо ба ин чист?

Олим Салимзода: Ин кори дохилии Русия аст. Дар Тоҷикистон ин тағйирот фақат ба хотири як чиз - ба хотири шаффофияти фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ карда шуд. Инҳо аз тариқи огоҳ кардани ташкилоти бақайдгиранда фаъолияти худро пеш мебаранд. Фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар Русия тамоман ба шакли дигар аст, ва тибқи қонуни нави онҳо, барои созмонҳои ҷамъиятӣ аз хориҷа гирифтани маблағ қариб ки манъ аст. Ман бисёр тарафдори инам, ки созмонҳои ҷамъиятии мо фаъол бошанд, мо дар парлумон бо ин созмонҳои ҳамкориҳои хуб дорем.

Радиои Озодӣ: То куҷо ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки барномаҳои кори созмонҳои ҷамъиятиро маблағгузорӣ кунад, то ки онҳо аз хориҷа неву аз ҳукумати худ пул гиранд? Масалан, дар вилояти Суғд муддате пеш ҳамингуна як барномае роҳандозӣ шудааст.

Олим Салимзода: Ин саволи хуб аст. Гумон мекунам, ки бо андак беҳтар шудани вазъи иқтисодии кишвар, чунин имконият пайдо мешавад. Имсол шумо медонед, ки чӣ қадар офатҳои табиӣ рӯй дод – дар натиҷаи гармшавии табиат селу обшавии пиряхҳо мушоҳида шуд. Ман боварӣ дорам, ки ҳадафҳои стратегии давлат, ки онро марҳила ба марҳила пиёда мекунем ва Тоҷикистон тавонад нирӯгоҳҳояшро фаъол гардонда барқ содир кунад – чаро не? Онҳое, ки дар созмонҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд, онҳо ҳам додару бародарҳои мо ҳастанд, сокинони ҳамин кишвар ҳастанд. Сад дар сад боварӣ дорам, ки ҳукумат бо ёфтани андак имкон кӯмакашро аз ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дареғ намедорад.

XS
SM
MD
LG