Баъзе аз мақомҳои Русия гуфтанд, ки барномаи коҳиши ҳузури муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар иқтисоди ин кишвар рӯи даст гирифтаанд ва ҳамасола теъдоди онҳо дар бахшҳои мухталиф кам мешавад. Аммо коршиносони тоҷик чунин иддаои мақомҳои Русияро бо дарназардошти коҳиши чашмраси аҳолии коршоями маҳаллӣ "афсонае" беш намедонанд.
Русия бидуни муҳоҷирони кории хориҷӣ чӣ гуна метавонад иқтисоди худро пеш барад? Пеш рафтани иқтисод як сӯ истад, фаъолияти бонизоми кишвар бидуни муҳоҷирони кории хориҷӣ зери суол мемонад
Голодетс чӣ гуфт?
Ба навиштаи хабаргузории “Интерфакс”-и Русия, Олга Голодетс, муовини нахуствазири он кишвар гуфтааст, бояд иқдом барои коҳиши ҷалби нерӯи кории хориҷӣ ба бозори меҳнати Русия идома дода шавад.
Ӯ афзудааст, "ҳоло дар Русия барномаи ҷиддии маҳдуд сохтани ҷалби нерӯи кории хориҷӣ рӯйи даст гирифта шудааст. Ба унвони мисол, агар соли 2015 дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳузури ронандаҳои кишварҳои хориҷӣ 50 дарсадро ташкил медод, феълан ин рақам то ба 28 дарсад коҳиш дода шудааст”.
Хонум Голодетс афзудааст, дар бахши савдо ҳузури фурӯшандаҳои хориҷӣ дар соли 2015 то ба 25 дарсад мерасид ва ҳоло ин рақам то ба 15 дарсад поин омадааст. "Моро зарур аст, ки ин рақамҳо бо дарназардошти ниёзи иқтисоди Русия боз ҳам поин бурда шавад", - таъкид кардааст Олга Голодетс, муовини нахуствазири Русия.
"Путин гапи дигар мегӯяд"
Ҳамасола ҳудуди як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маоши муносиб озими минтақаҳои мухталифи Русия мешаванд. Гуфта мешавад, бахше аз онҳо маҳз ба унвони ронанда ва фурӯшандаҳои бозору фурӯшгоҳҳо фаъолият мекунанд. Ба ин далел, суоле ба миён меояд, ки дар солҳои оянда муҳоҷирони кории тоҷик дар пайдо кардани ҷойи кор дар Русия бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд?
Раҳмон Ӯлмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷирати тоҷикон, рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин изҳори назари муовини нахуствазири Русияро бепоя унвон кард. Зеро, ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, рӯзҳои ахир дар гуфтаҳои мақомоти баландпояи Русия дар мавриди ҷалби нерӯи кории хориҷӣ ихтилофҳое мушоҳида мешаванд.
Ӯлмасов гуфт, "чунин иддаои муовини нахуствазири Русия “афсонае” беш нест. Зеро қаблан Владимир Путин, президенти Русия расман гуфт, ки ҳамасола аҳолии коршоями кишвараш то ба як миллион нафар коҳиш меёбад. Пас, Русия бидуни муҳоҷирони кории хориҷӣ чӣ гуна метавонад иқтисоди худро пеш барад? Пеш рафтани иқтисод як сӯ истад, фаъолияти бонизоми кишвар бидуни муҳоҷирони кории хориҷӣ зери суол мемонад."
"Ба ҷои маҳдудият, шароит фароҳам кунанд"
Неъматулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷик, низ гуфт, мақомоти Русия борҳо тасмимашонро дар мавриди коҳиши муҳоҷирони корӣ эълон мекунанд, аммо ба ҳадафи худ намерасанд.
Ӯ афзуд, “хуб мебуд, ба ҷойи маҳдуд кардани ҳузури муҳоҷирони корӣ мақомоти Русия шароити кори онҳоро беҳтар мекард. Дар сурати маҳдуд сохтани ҳузури қонунии муҳоҷирон теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ афзоиш меёбад, ки боис ба мушкилоти зиёди дигар барои мақомоти Русия мешавад”.
Вазир: Муҳоҷирати тоҷикон ба Русия кам шудааст
Аммо чанде пеш Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи январ аз коҳиши теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия хабар дода буд. Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия шаш дарсад коҳиш ёфтааст, ки сабаби асосиаш мушкилоти иқтисодӣ дар ин кишвар будааст.
Таҳлилгар Раҳмон Ӯлмасов сабаби коҳиши теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ба афзоиши теъдоди тоҷиконе рабт дод, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Ба иттилои ӯ, садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва ин рақам ҳамасола ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад. Ӯ гуфт, тоҷикон дар феҳрасти ақаллиятҳои Русия ҳоло дар мавқеи 8-ум қарор доранд.