Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хонаи генерал дастнависи нодири Қуръон ёфт шуд


Бино бар парвандаи ҷиноӣ манзили муовини пешини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Ҳаёт Шарифхоҷаев кофтуков шуд ва аз он осори нодири ҳунарӣ ва китобаҳои дастнависи қадимӣ пайдо шудааст.

Генерали бонуфуз, муовини пешини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки ҳамзамон сардори раёсати назорат бар амнияти кормандони ин хадамот буд, моҳи гузашта аз мақомаш барканор шуд. Дар ҳоле ки ниҳодҳои расмии Узбакистон аз барканории Ҳаёт Шарифхоҷаев хабар намедиҳанд, манобеи Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, «ҳафтаи гузашта маъмурони амниятӣ хонаи ӯро кофтуков карданд, зеро генерали собиқи Хадамоти амнияти Узбакистон ба порагирӣ васирқати амволи давлатӣ айбдор мешавад». Ҷараёни ин кофтуков ба навори видео бардошта шудааст.

Як корманди собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, кофтуков натиҷаҳои ҷолибе додааст: «Аз манзили Шарифхоҷаев Қуръони қадимии дастнавис ёфт шудааст, ки коршиносон онро «Қуръони Офоқхӯҷа» номида, гуфтаанд, ки он хеле ноёб ва таърихист.»

Ҳаёт Шарифхоҷаев
Ҳаёт Шарифхоҷаев

Бино бар як манбаи Радиои Озодӣ ин нусха чанд сол пеш дар Пажӯҳишгоҳи дастнависҳо нигоҳдорӣ мешудааст. Намояндаи ин ниҳод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин асар дар феҳрасти дастнависҳо он вуҷуд надорад: «Нусхаи «Қуръони Офоқхӯҷа» аз соли 1626 монда, ба яке аз бузургони тариқати нақшбандия бо номи Офоқхӯҷа тааллуқ доштааст, ки соли 1694 дар Қошғар даргузаштааст. Офоқхӯҷа устоди шоири маъруфи узбак Бобораҳим Машраб будааст. Ин дастнавис ва дигар китобҳои нодир дигар дар ихтиёри Пажӯҳишгоҳи дастнависҳо нестанд, зеро онҳоро Донишгоҳи Исломии Узбакистон ва қисмеро Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва чанди дигарро Идораи дини Узбакистон аз мо гирифтаанд,» -- гуфтааст корманди Пажӯҳишгоҳи дастнависҳо.

Ин манбаъ гуфта натавонистааст, ки «Қуръони Офоқхӯҷа» ба кадоме аз ин ниҳодҳо интиқол дода шудааст. Ҳамзамон дақиқ нест, китобе, ки аз хонаи Ҳаёт Шарифхоҷаев кашф шудааст, ҳамин нусха аст ё нусхаҳои дигаре аз «Қуръони Офоқхӯҷа» дар кишвар вуҷуд доштаанд.

ГЕНЕРАЛ – ХЕШИ ПАЙҒАМБАР?

Корманди собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки нахост, номаш ошкор шавад, ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки коршиносон дар сафҳаи охири китоб шумораи онро дидааст, ки аз тарафи Пажӯҳишгоҳи дастнависҳо гузошта шудааст. Аммо ин иттилоъ ҳам вуҷуд дорад, ки Шарифхоҷаев худро аз авлоди сайидҳо ва хешовандони пири нақшбандия Офоқхӯҷа медонистаанд.

«Бо ёрии таърихшиносон Шарифхоҷаев шаҷараномаи авлодии худро омода кардааст. Бино бар он як шохаи ин авлодӣ ба Офоқхӯҷа мерасидааст. Аз ин рӯ генерал Шарифхоҷаев бар ин будааст, ки «Қуръони Офоқхӯҷа» ӯ ва аҳли байташро аз ҳама гуна балоҳо эмин хоҳад дошт,» -- мегӯяд манбаи Бахши узбакии Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло Ҳаёт Шарифхоҷаев ба ин ҳам муттаҳам мешавад, ки китоби дастнавис ва таърихиро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба моли худ табдил додааст. Бар пояи ин айбнома ва бо фармони раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов унвони генералӣ ва ҳамаи ҷоизаҳои давлатии Шарифхоҷаев бекор карда шудаанд.

РӮЗҲОИ ТАЛХИ ГЕНЕРАЛ ВА НАЗДИКОНАШ

Бино бар манбаъҳои баландпоя ва ҷудо аз ҳами Бахши узбакии Радиои Озодӣ генерали 52-сола Ҳаёт Шарифхоҷаев моҳи гузашта аз вазифа барканор гашт ва дар Мактаби олии Хадамоти амният омӯзгор таъин шуд.

Чанде пеш бародарзодаи ин генерал -- Ҷаҳонгир Ғуломов, раҳбари пешини раёсати додгоҳии Вазорати адлияи Узбакистон оид ба ҳавзаи Тошканд, ки дар мусодираи молу мулки Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов ширкат карда буд, боздошт шудааст.

Пештар аз ин додари Ҳаёт Шарифхоҷаев – сарҳанг ё полковник Ҷавдат Шарифхоҷаев, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ва фасод дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон низ боздошт шуда буд. Дар ҷаласаи махфии Додгоҳи ҳарбии Узбакистон Ҷадват Шарифхоҷаев бо иттиҳоми “соҳибкории ғайриқонунӣ, Фасоди молӣ ва дуздии моликияти давлатӣ” ба 4 соли ҳабс маҳкум шуд.

Аз афсарони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки соли гузашта барканор шуданд, 10 нафар ҳамкорони Ҳаёт Шарифхоҷаев будаанд.

ПЕШГӮИҲОИ ГУЛНОРА РОСТ БАРОМАД?

Президент Каримов ва духтараш Гулнора
Президент Каримов ва духтараш Гулнора

Дар муҳосибаи ахираш ба нашрияи туркии “Ҳуррият” Гулнора Каримова мегуфт, ки Ҳаёт Шарифхоҷаев ва Ҷадват Шарифхоҷаев, ба фасод олудаанд. Дар суҳбати баъдияш бо маҷаллаи Bilan низ духтари президенти Узбакистон аз нав муовини раиси Хадамоти амният Ҳаёт Шарифхоҷаев ба фасоду ришват муттаҳам намуд.

Манбаъҳои “Озодӣ” бар инанд, ки ҳамаи он афсарон ё амалдорони давлатӣ, ки Гулнора дар сафҳааш дар Твиттер онҳоро айбдор мекунад, яке паси дигар бо мушкилоте гирифтор мешаванд. Яке аз кормандони собиқи риштаи амният мегӯяд, боздошти мансабдороне, ки дар мусодираи молу мулки Гулнора Каримова даст доштаанд, чизҳои зиёдеро рӯшан мекунад.

“Як факт – бародарон Ҳаёт Шарифхоҷаев ва Ҷадват Шарифхоҷаев ва Ҷаҳонгир Ғуловом дар маъракаи мусодираи молу мулки Гулнора ширкат доштанд. Факти дигар – хешовандии Ҷаҳонгир бо Шарифхоҷаевҳо. Ҳамагӣ як сол пеш ҳамаи онҳо дар муҷозоти Гулнора Каримова ширкат доштанд. Ҳоло ду хешованд дар маҳбасанд ва савумӣ аз мақомаш барканор шудааст. Додситони кулли Узбакистон Рашидҷон Қодиров, ки моҳи гузашта аз мақомаш барканор гашт, дар вақташ ҳуҷҷатҳоеро расонаӣ карда буд, ки пайвандҳои духтари президентро бо олами ҷиноӣ фош мекард.

Вай тахмин мезанад, ки талошҳои зиёдаравонаи мансабдорон, ки дар ҷараёни маъракаи зидди Гулнора Каримова ба мушоҳида расидааст, “шояд ба касе писанд наомада бошад”.

XS
SM
MD
LG