Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси онҳое, ки ба моли Гулнора Каримова "даст бардошта" буданд


Гулнора Каримова ва падараш Ислом Каримов.
Гулнора Каримова ва падараш Ислом Каримов.

Дар Узбакистон "ҳамлаи ҳуқуқӣ"-и зидди Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов гашти чаппа касб кард ва акнун онҳое, ки дар он даст доштанд, боздошт мешаванд.

Чанде пеш Ҷаҳонгир Ғуломов, раҳбари пешини раёсати додгоҳии Вазорати адлияи Узбакистон оид ба ҳавзаи Тошканд, ки дар мусодираи молу мулки Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов ширкат карда буд, боздошт шудааст. Бино ба хабарҳо, вай муддате пеш, вақте боздошти ҳамаи онҳое, ки дар фаъолиятҳои зидди Гулнора Каримова даст доштанд, оғоз ёфт, аз Узбакистон фирор карда, дар Қазоқистон ба сар мебурдааст. Ғуломовро дар Қазоқистон боздошт ва ба шаҳри Термези Узбакистон интиқол додаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар додситонӣ ва вазоратхонаҳои Узбакистон ин хабарро таъйид карданд ва гуфтанд, ки ҳоло Ғуломов дар додситонии низомии шаҳри Термез таҳти бозпурсӣ қарор дорад. Пеш аз Ғуломов чандин нафар аз мансабдорони аршади риштаи адлияи Узбакистон, ки ба шаклу шевае вориди парвандаи Гулнора Каримова буданд, низ боздошт шудаанд.

Дар мусоҳибае бо Алишер Сиддиқ, коршиноси умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ аз вай пурсидам, чаро Ҷаҳонгир Ғуломов дар додситонии низомӣ нигаҳдорӣ ва бозпурсӣ мешавад?

Алишер Сиддиқ
Алишер Сиддиқ

Алишер Сиддиқов: Сабаб ин аст, ки ҳоло шахсонеро, ки ба ҷавобгарӣ кашондаанд, бо зинаҳои болоии Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон иртибот доранд. Ба ин далел, ба ин парвандаҳо дар додситонии низомӣ ва ё додгоҳи низомӣ расидагӣ сурат мегирад. Ҳоло ин кор дар яке аз дуртарин вилоятҳо дар вилояти Сурхундарё ҷараён дорад. Ин қазияи собиқадор аст, вале падидаи нав ин аст, ки саранҷом Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон тавонист Ҷаҳонгир Ғуломовро, ки чанд моҳи охир дар фирор ба сар мебурд, боздошт кунад.

Озодӣ: Иттиҳомоте, ки ба Ғуломов пешниҳод кардаанд, ба кадом масъала иртибот дорад ва чаро вай аз Узбакистон фирор карда буд?

Алишер Сиддиқов: Иттиҳомоте, ки ба Ғуломов пешниҳод кардаанд, суистифода аз мақом ва ришвахориҳои ҳангуфт дониста мешавад. Медонед, дар Узбакистон як амалиёти ифшо ва ё аз байн бурдани империяе анҷом гирифт, ки онро империяи Гулнора Каримова ном мебурданд. Даҳҳо нафар, аз ҷумла худи Гулнора Каримова ва шахсони сарватманд, ки дар тиҷоратҳои мухталиф дороӣ ба даст оварданд, боздошт шуда буданд. Онҳоро барои шустушӯи пул ва ришваву фасод ё ҷиноятҳои ҷиддии дигари иқтисодӣ муттаҳам мекунанд. Мурофиаи додгоҳии бештари онҳо ба поён расид. Аксари онҳоро маҳкум карданд. Худи Гулнора Каримоваро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд ва расидагӣ ба парвандаи ӯ ҳанӯз идома дорад. Ин амалиётро гурӯҳи махсуси Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон бародарон Ҷавдат ва Ҳаёт Шарифхоҷаевҳо раҳбарӣ мекард. Ин ду нафар дар амнияти миллии Узбакистон мақомҳои хеле баландро ишғол мекарданд. Ин танҳо порае аз ин қазия аст, ки мо медонем, зеро ин парвандаи махфӣ ва махсус аст. Ҳамаи нишондодҳо ба сӯи Ҷавдат ишора мекард, барои ҳамин худи вайро боздошт ва маҳкум карданд.

Озодӣ: Боздошти ӯ аслан чӣ ҳадаф дошт, оё барои он ки қазияро ифшо кунад?

Алишер Сиддиқов: Ҳатман. Дар сохторҳои амниятии шаҳри Тошканд сару садоҳо дар гардиш аст. Сабаб ин аст, ки бо шаҳодати вай то ҳол раҳбарони чанд ноҳияи ин бахш ба муҷозот кашонда шудаанд. Дар хабаре, ки мо ба даст овардем, гуфта мешавад, ки ин одамон дороии мусодирашударо фурӯхтаанд, аз ҷумла биноҳо ва мошинҳоро. Ин одамон ҳама миллионер будаанд ва хостанд дасти онҳоро кӯтоҳ кунанд.

Озодӣ: Шумо тақсиму фурӯши дороиҳои Гулнораро дар назар доред?

Алишер Сиддиқов: На танҳо дороии Гулнора Каримова, балки дороии ононе низ ҳаст, ки бо Гулнора Каримова ҳамкорӣ доштанд. Решаҳои ин кор хеле амиқтар аз он аст, ки мо медонем. Вале як нукта рӯшан аст, ки ҳоло одамонеро мегиранд, ки мехостанд, империяи Гулнора Каримоваро аз байн баранд. Яъне як қишр дар сохтори амнияти миллӣ поккорӣ мешавад. Онҳо худашон масъули поксозӣ буданд ва ҳоло онҳоро барканор ва муттаҳам мекунанд.

Озодӣ: Медонед, ба ҳар ҳол ин қазия бо духтари раиси ҷумҳур иртибот дорад. Оё аз ҷониби дафтари раёсати ҷумҳурӣ ё худи Ислом Каримов ба ин боздоштҳо вокунише мушоҳида мешавад?

Алишер Сиддиқов: Ин комилан сиррист ва ин корҳо махфӣ анҷом мегирад. Ин корҳо аз диди аҳолии маъмулӣ пинҳон аст. Дар Узбакистон ононе, ки дигаронро барои ришвату фасод муттаҳам мекунанд, худашон ҳам барои ҳамин гуноҳҳо ба муҷозот кашонда мешаванд. Ин як сатҳи дигар дар вазъи пешомадаи кунунист.

XS
SM
MD
LG