Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муаллифи гумномеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бо мисраъҳои ҳаҷвии интиқодиаш сокинони маҳаллиро асабонӣ кардааст.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) тайи панҷ моҳи ахир миёни мардум шеърҳои ҳаҷвие ҷарх мезанад, ки дар ҳар мисраи он аз як сокини маҳаллӣ ва хулқу атвори он ёд мешавад. Дар миёни қаҳрамонони ин мисраъҳо ронандаву кафшергари маҳаллӣ, омӯзгору раис исми худро шинохтаанд, вале кӣ будани муаллифи мисраъҳо барои онҳо номаълум боқӣ мемонад.
Бештари қаҳрамонҳои ин шеърҳои ҳаҷвӣ мегӯянд, ки аз муаллиф ҳеҷ шикояте надоранд. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб гуфт, ки масъулин муаллифи ин шеърҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Кор то ҷое расид, ки як сокини маҳаллӣ, ки бо падараш қаҳрамони мисраъҳои ҳаҷвӣ шудааст, барои пайдо кардани исми муаллифи ҳаҷвияҳо, ҷоиза таъин кард. Вале ҷоизае бо арзиши 500 сомонӣ ҳам ҳанӯз соҳиби худро наёфтааст.
Қиёмиддини Низом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шеър аз зодгоҳашон деҳаи Хоҷағалтон оғоз шудааст. Вай гуфт, ки тобистон замоне ба зодгоҳашон рафт, аз як муаллими ин деҳот огоҳ шуд, ки дар васфи онҳо касе шеър эҷод кардааст. Ӯ мегӯяд, дар аввал он шеърро пайдо ва мутолиа карда натавонист, аммо баъдан шеър дар ду рӯи қоғаз ба дасташ расид ва онро мутолиа намуд.
“Мо ба зодгоҳи худ рафтем, дар онҷо як бародари омӯзгор дорем, иттилоъ дод, ки “дар васфатон шеър эҷод шудааст”. Он вақт мо онро дигар аҳамият надодем, аммо як рӯз ба дастам як коғаз афтид, ки дар он мо тасвир ёфта будем. Замоне, ки ман онро мутолиа кардам, ягон таҳқиру ҳолати дигар нигошта нашуда буд ва мо низ ҳеҷ ғамгин нашудем. Аммо бисёр мехостем, ки муаллифро пайдо кунем ва бидонем, ки чаро навиштасту сазовори мукофот шавад”, - гуфт мусоҳиби мо.
Ӯ мегӯяд, ки дар бораи падару худаш чунин нигошта шуда буданд:
“Шиштанои Низома,
“Гардантовиёи Қиёма”.
Мошинрониёи Эмома,
Мебинуму зиқ мешам.
Низом падарам мешавад, дар ҳамон истгоҳи назди деҳаи Хоҷағалтон мешинад. Рӯзе ба падарам дар бораи шеър гуфтам, падарам низ гуфт, “рост навиштааст”. Вале дар бораи ман ноҳақ навиштааст. Ман ҳеҷ гоҳ гардани касеро натофтаам”, - гуфт Қиём, ки замоне дар милиса кор кардааст.
Бештари қаҳрамонҳои ин шеърҳои ҳаҷвӣ дар навор нахостанд сӯҳбат кунанд ва айни ҳол гуфтанд, ки аз муаллиф ҳеҷ шикояте надоранд. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муаллифи ин шеърҳоро ҷустуҷӯ дорад, вале то ҳол муваффақ нашуданд, ки ӯро ошкор кунанд. Ин манбаъ гуфт, ҳоло тафтиш идома дорад ва даҳҳо нафар пурсида шуданд, аммо чигуна паҳн ва дастраси мардум шудани матнҳоро муайян накардаанд.
Аламхон Сайфов, яке аз қаҳрамонҳои дигари шеърҳои ҳаҷвӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳеҷ парво надорад, ки дар борааш чӣ навиштаанд. Сайфов, ки устои мошин аст, мегӯяд, чанд муддат пеш огоҳ шуд, ки дар борааш касе шеър навиштааст. Ӯ мегӯяд, ки ӯ ҳамчун усто дар ин шеър таъриф шунидааст, вале онҳое, ки танқид шуданд, ҳама ранҷидаанд.
"Устогиҳои Алама,
Роҳгардии Қадама.
Ҷонкании Аслама,
Мебинаму Зиқ мешам.
"Дар ин шеър акнун ман усто тасвир ёфтааму, Қадам бошад, аз кӯчаи боло аст, оҳиста-оҳиста роҳ мегардад. Аслам бошад омӯгор аст, дар ҳамон боронгариҳои баҳорон дар назди хонааш, ки сел ба хонааш надарояд, бо линча маҳкам карда буд, ҳамонро дида шеъраш кардааст. Ин аст, ки ҳар нафара бо хислаташу кораш тасвир кардааст”, гуфт мусоҳиби мо.
Зимнан, сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ)аз қадим шоиртабиат буда, даҳҳо шоирону сарояндагони номдори Тоҷикистон зодагони ин минтақаи кӯҳии ҷануби Тоҷикистон мебошанд. Аммо сокинони ин ноҳия мегӯянд, ки ин бори аввал аст, ки қариб ба номи ҳар фарди ин ноҳия шеър навишта шуда ва он ҳам маълум нест, муаллифаш чӣ касест.