Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистон 40 миллиард сомонӣ шудааст


Мақомоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар як соли ахир рушди чашмгире доштааст.

Неъматҷон Бӯриев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар нишасти матбуотии ин вазорат гуфт, "маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 ҳудудан 40,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 7,4 дар сад афзоиш ёфтааст." Ба гуфтаи ӯ, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 ба ҳар сари аҳолӣ 9,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Неъматҷон Бӯриев афзуд, дар соли гузашта Тоҷикистон бо 101 кишвари дунё ба маблағи 5,3 миллиард доллари амрикоӣ тиҷорати хориҷӣ доштааст. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 3,9 дарсад зиёд аст.

Аммо ба эътирофи мақомот, пахтаву алюминий ҳамчунон ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳарду алорағми барномаҳои мухталифи то кунун дар сатҳи ҳукумат қабулшуда ҳамоно дар шакли ашёи хом ба хориҷ фурӯхта мешаванд.

Дар соли 2013 ММД 40,5 миллиард сомониро ташкил кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00
XS
SM
MD
LG