Ҳайкали Ленин аз соли 1984 дар паҳлӯи ҳайкали Восеъ дар майдони марказии ноҳияи Восеъ ноҳия насб шуд. Аммо азбаски пайкараи Восеъ, қаҳрамоне, ки бар зидди амирони манғит дар охири асри 19 инқилоб карда, дар 40-солагиаш фавтидааст, дар замони Шӯравӣ бо шакли як муйсафед таҳия шуда буд, мақомот тасмим гирифтанд, ки ин хатои таърихиро ислоҳ кунанд.
Дар ҳоле, ки ҳукумати маҳаллӣ барои сохтани ҳайкали Восеъи ҷавон соҳибкорони маҳаллиро басиҷ кардааст, қарор шуд, ки пайкараи Ленин аз марказ, ба гӯшаи боғ кӯч бандад ва ҷойро барои чеҳраи пураҳамияттар холӣ кунад. Аммо ба назар мерасад, ки ин барнома барои Ленин, ки ҷанг бо ҳайкалҳои ӯ инак 20 сол боз ҷараён дорад, бе мушкил тамом нашуд. Ҳарчанд мақомот осеби ҷиддӣ ба пайкараи Ленинро инкор мекунанд, вале ба ҷойи ҳайкали "фуражкадори даст ба сӯи фардо" пайдо шудани нимпайкараи Ленин аз мавриди дигар аломат медод.
Аз маркази боғ то гӯшае, ки ҳоло нимпайкараи Ленинро насб кардаанд як километр роҳ аст ва сокинон аз он ҳайрон шудаанд, ки чи тавр ҳайкали Ленин дар 1 километр роҳ чунин тағйири симо кардааст.
Шамсиддин Наимов, як ҷавони маҳаллӣ гуфт, чанд рӯз пеш, крани борбардор дар Боғи ноҳияи Восеъ ҳайкали «фуражкадори Ленин"- ро аз пойдевораш боло мекард ва ҳоло дар боғ ҳамон крани борбардор ҳайкали «марди нимтанаи кал»-ро насб кард. Ин ҷавон, ки 21 сол дорад, мегӯяд, Ленинро он қадар хуб намешиносад ва барои ӯ ҳам муҳим нест бидонад, ки чаро ин ҳайкал тағйири симо кардааст.
Дар зимн, бархе мардум дар минтақаи Кӯлоб, дар муқоиса бо манотиқи дигар ба Ленин эҳтироми бештар доранд ва то ҳол иҷоза надодаанд, ки ҳайкалҳои "доҳии пролетариат" чун дар минтақаҳои дигар аз байн бурда шаванд. Авоили солҳои 90-ум, аз пой андохтани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе, коммунистҳои Кӯлобро шадидан нороҳат кард ва барои эътироз ба кӯчаҳо кашид. Ин аст, ки мақомот дар робита пахши хабарҳои марбут ба осеб дидани пайкараҳои Ленин бисёр эҳтиёт мекунанд.
Нурулло Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳайкали қаблии Ленин беш аз 40 сол дар ноҳия вуҷуд дошт ва аз нигоҳи меъморӣ он корношоям гардидааст ва бояд он азнавсозӣ шавад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми кандан ҳайкал осеби ҷиддӣ надид, аммо имкони насби дубораи он ҳам вуҷуд надошт. Ба ин хотир Мирзоев гуфт, аз хонаи як коммунисти собиқадор нимпайкараи нави Ленинро пайдо карданд, ки ҳоло дар боғ онро насб ва таъмиру тармим мекунанд.
Хӯҷамурод Саидов, муовини директори идораи коммуналии ноҳияи Восеъ, мегӯяд, насби ин ҳайкал ба хотири эҳтироми коммунистон сурат мегирад: «Дар ноҳияи мо коммунистон мардони меҳнативу ободкоранд. Онҳо 22-уми апрел — рӯзи таваллуди Ленинро ҷашн мегиранд ва назди нимапйкараи он гулгузорӣ мекунанд. Мо кӯшиш мекунем, ки то моҳи дигар ин ҳайкалро пурра азнавсозӣ кунем ва коммунистон ҳам ҷашнашонро дар назди нимпайкараи нав гузаронанд.»
Дар ҳоле ки баркандану насби ҳайкали Ленин барои ҷавонон ҳеҷ аҳамияте надорад, Давлат Каримов, як сокини кӯҳансоли ноҳия, мегӯяд, бо дидани Ленин хотироти хуши ҷавонӣ дар зеҳнаш зинда мешавад: «Ин мард инқилоб кард, барои халқ ҷонканӣ кард. Бояд ин ҳайкал дар ҳамин боғ бимонад, ин чизи таърихӣ аст, ҳеҷ гап надорад. Бо дидани ин ҳайкал моро давраи хуби зиндагиамон ба ёд меояд.»