Ин ширкат мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки барои суғурта кардани амвол он миёни мардум таблиғоти зиёд анҷом медиҳад, аммо аҳолӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ аз бима кардан худдорӣ мекунанд.
Муҳибалӣ Сафаров, раиси ширкати давлатии Суғуртаи Тоҷикистон, мегӯяд, мардум бима сохтани амволро харҷи барзиёд унвон мекунанд ва ҳанӯз ба дарки моҳияти ин навъи ҳифзи амвол нарасидаанд.
Вай мегӯяд, ҳатто тамоми вазоратҳои Тоҷикистон бо ин вуҷуд, ки бар тибқи қарори ҳукумати кишвар мувазафанд, ба ширкати суғурта маблағи суғуртаи ҳатмиро пардохт кунанд, аз он худдорӣ меварзанд: «Дар қарори ҳукумат гуфта шудааст, ки вазири молия, вазорати молия ҳамин қарори ҳукуматро, бо мутахасисонаш имзо карданд, ки пардохти суғурта ҳатмиаст, лекин мо ба тамоми идораҳо муроҷиат мекунем, вале онҳо мегӯянд, ки дар буҷети мо ин маблағ нест. Ва худи вазорати молия, сабти суғуртаро намедиҳад. Инро чи гуна фаҳмем?»
Вай меафзояд, ширкатҳои давлатие чун «Tajikair» -у «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки барои онҳо суғурта ҳатмист, аз суғурта кардан худдорӣ мекунанд ва даъватҳои ин ширкатро барои бима кардан аксар вақт рад мекунанд.
Масъулони ширкати давлатии Суғуртаи Тоҷикистон мегӯянд, ин ширкат дар 9 моҳи аввали соли равон бо корхонаҳо ва фардҳои алоҳидаи кишвар ҳудуди 562 000 шартномаи бима бастаааст, ва дар ҳаҷми 3 милиону 903 000 сомонӣ хисороти суғуртакунандагонро ҷуброн кардааст. Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди онҳо, шумораи шартномаҳои суғурта хеле кам будааст.
Муҳибалӣ Сафаров мегӯяд, дар ҳоле тоҷирон аз тоифаи дорои кишвар ба шумор мераванд, дар тамоми Тоҷикистон фақат 8 тоҷир амволи худро суғурта кардаанд. Оқои Сафаров масъулини идораҳо ва бозорҳои кишварро ба суғурта накардани тоҷирон муҷрим медонад ва мегӯяд, тоҷирон ҳақ доранд, масъулони бозорҳоро ба додгоҳ кашанд, ки чаро онҳо бима нашудаанд.
Ин дар ҳолест, ки вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соли равон 6 мавриди оташсӯзии бозорҳои шаҳри Душанберо ба қайд гирифтаанд ва тоҷирон дар ин оташсӯзиҳо миллионҳо сомонӣ зарар дидаанд, вале давлат ва ниҳодҳои суғурта ё бимаи он ба онҳо ҳеч кумаки молӣ накардаанд.
Комила Шарифова, як тоҷири бозори «Корвон», мегӯяд, дар оташсӯзии ахир ҳудуди 70 000 сомонӣ колои барои тиҷорат нася гирифтааш ба коми оташ рафтааст, вале мақомоти масъул барои ёрӣ ба тоҷирон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки тоҷирон маблағи молиёт ва дигар расмиётро комилан пардохт мекунанд.
Баҳридин Қудратов, раиси соҳибкорони бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бар ин аст, ки бо айби ширкатҳои суғурта ба соҳибкорон дар ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом намедиҳанд. Ман боре ҳам надидаам, мегӯяд вай, ки масъулони ширкатҳои суғурта барои соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» барномаи фаҳмондадиҳиеро анҷом дода бошанд.
Бар асоси Қонуни суғуртаи Тоҷикистон, ду навъи бимаи амвол – ихтиёрӣ ва ҳатмӣ – вуҷуд дорад. Ва дар ҳар ду маврид низ ҳиссаи пардохти суғурта 3 дарсад муқаррар шудааст. Аммо нисбат ба амволи тоҷирон суғуртаи ҳатмӣ вуҷуд надорад. Ва дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ба ҷуз ширкати давлатии Суғуртаи Тоҷикистон 13 ширкати хусусии бима низ фаъъолият мекунанд. Ин ширкатҳо ҷиҳати суғуртаи амволи мардум 16 намуди хизматрасониҳои суғуртавии ҳатмӣ, ки санадҳои ҳуқуқиву меъёрии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, бояд анҷом диҳанд. Масалан, суғуртаи мошин барои ҳар нафаре, ки мошин харидорӣ мекунад, ҳатмӣ аст. Аммо бархе сокинони Душанбе мегӯянд, ки дар сурати мувоҷеҳ ба ҳодисае шудан дарёфти ҷуброн аз мақомоти суғурта аслан ғайри қобили имкон аст ва касе то ба ҳол барои садама дидани мошин аз ширкатҳои суғурта маблағи дуруст дарёфт накардааст.
Салим Саидов, як сокини Душанбе, мегӯяд, аслан маблағе, ки аз сӯи мақомоти суғурта ба ҷабрдидагон ҷуброн мешавад, ба саргардонӣ намеарзад, зеро то ба даст овардани ин маблағ, аз он бештар маблағ харҷ мешавад.
Ба гуфтаи Гулмаҳмад Оймаҳмадов, устоди донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, дар ҳоле, ки дар аксари давлатҳои дунё суғуртаи амвол аз намудҳои рушдёфтаи хадамоти молиявӣ ба шумор меравад, дар Тоҷикистон аксари мардум аз вуҷуди ширкатҳои суғурта ҳатто хабар надоранд. Оқои Оймаҳмадов қонунгузории носаҳеҳ ва номувофиқи бимаро иллати пешрафт накардани бозори бимаи Тоҷикистон меҳисобад ва мегӯяд, феълан аксари ширкатҳои бимаи Тоҷикистон ҳатто мутахисони вижаи соҳаро дар ихтиёр надоранд, то вазъи бозори суғуртаро тағйир диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, иқтисодшинос Одил Давлатшоев бар ақидаест, ки мушкили аслии бозори суғуртаи Тоҷикистон дар ташкили нодурусти бозор дар кишвар аст ва мардуми кишвар ба ширкатҳои суғурта чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ чандон эътимод надоранд. Оқои Давлатшоев мегӯяд, ширкатҳои суғурта дар Тоҷикистон ангуштшуморанд ва байни онҳо рақобат вуҷуд надорад, ки ба пешрафти бозори суғурта мусоидат кунад. Вай фаъъолияти ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистонро заъиф шуморида мегӯяд, ин ширкатҳо феълан ҳатто тавони пардохти маблағи бимаро надоранд, ва мардум низ бар онанд, ки ҳангоми мувоҷеҳи фалокат шудан ин ширкатҳо ба онҳо кумак нахоҳанд кард.