Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Одноклассники" бо дархости Душанбе садҳо видеоро ҳазф кардааст


Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” садҳо видео ва даҳҳо саҳифаи истифодабарандагонро бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз саҳифаи худ пок кардааст.

Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” садҳо видео ва даҳҳо саҳифаи истифодабарандагонро бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз саҳифаи худ тоза кардааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин шабакаи иҷтимоӣ давоми шаш моҳи ахир беш аз 500 видеои дорои моҳияти ифротгароӣ-террористӣ ва беш аз 150 саҳифаи истифодабарандагоне, ки зери номҳои мустаор ба тарғиби ифротгароӣ машғул буданд, ҳазф кардааст”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин видеоҳо бештар қатлу кушторе ба намоиш гузошта шуд буд, ки аъзои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” анҷом додаанд.

-Баъзе аз видеоҳои худро пас аз тоза шудан дубора мегузоштанд, вале масъули ширкати “Майл.ру”, ки шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳаст, бо огаҳ шудан онҳоро фавран тоза мекарданд. Ин ҳам як роҳи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар шабакаи Интернет аст. Зеро саҳифаҳое, ки бо дархости Тоҷикистон тоза шуданд, бештар ба тарғиб ва ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” машғул буданд-гуфт ин манбаъ.

Як намояндаи шабакаи иҷтимоии “Однокласники” дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дархости Тоҷикистон мустақиман ба Маскав равона мешавад ва он ҷо тасмими ҳазф кардан ё накардани ин ё он видеоро мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар Тоҷикистон тавон ва иҷозаи ҳазф кардани ин ё он саҳифа ва ё видеоро надоранд ва масъулияти онҳо дар Душанбе танҳо аз ҷамъоварии реклама иборат аст.

Ҷонибдорони гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” шабакаҳои иҷтимоиро аслан майдони ташвиқу тарғиби худ қарор додаанд. Аксари боздоштшудаҳо дар роҳ ба сӯи Сурия ва Ироқ иқрор мешаванд, ки маҳз аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои рафтан ба ин кишварҳо тарғиб шудаанд.

Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дар поёни ҳар навор ва ё сафҳа ба хонандаву бинанда имкони шикоят кардан додааст. Ӯ мегӯяд, дар сурати шиква кардан масъулин он шикваҳоро баррасӣ мекунанд, дар сурати видеои пахшшуда ва ё саҳифаи фаъол ба талабот посух надиҳад, он тоза карда мешавад.

Аммо ба эътиқоди Атоев, пок кардани танҳо видео роҳи ҳал ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ шуда наметавонад:Ӯ мегӯяд: “Ифротгароиро танҳо бо роҳи барномаҳои хоси идеологӣ, ки зидди идеологияи он гурӯҳҳо равона шудааст, бартараф кардани имконпазир аст. Бояд дар ин замин барои мубориза бо ифротгароӣ аз ҷониби гурӯҳи бисёрҷонибаи коршиносон барномаи хос таҳия гардидаву дар ҷаласаи Шӯро оид ба Технологияи Иттилотиву Коммуникатсионииназди Президент баррасӣ ва тасдиқ гардад”.

Ба гуфтаи Атоев, ин барнома метавонад аз гузоришу видеоҳое иборат бошанд, мазмуни хуб дошта, ҷавононро аз рафтан ба роҳи хато баргардонад.

Коршиносони дигар ҳам пахши видеоҳои ҷавонони пушаймоншуда, ки аз сафҳои гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ба ватан баргаштаанд, намунае аз чунин ташвиқҳо медонанд.

Шабакаи иҷтимоии “Однокласники” миёни ҷавонони тоҷик маҳбубияти хос дорад. Наздикони ҷавононе, ки ҳамакнун пайвандонашон дар Сурия ё Ироқ кушта шудаанд, тасдиқ мекунанд, ки қабл аз рафтан ва замони он ҷо будан фарзандашон аз ин шабака фаровон истифода мебурдаанд.

Рустам Қурбонов, падари як ҷавони тоҷике, ки чанд моҳи пеш хабари кушта шудани фарзандаш аз Сурияро гирифтааст, мегӯяд, маҳз истифода аз “Однокласники” писарашро ба ҷанг бурдааст.

Ин мард ёд меорад, ки қабл аз Сурия рафтан писараш ҳамеша дар даст телефони мобилӣ аз саҳифаи “Однокласники” истифода мебурд. Пас аз Сурия рафтан фарзандони дигараш иқрор шудаанд, ки ӯ маҳз аз тариқи ин шабака дӯст пайдо карда, ба сафи гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” пайвастааст.

Ҳоло Қурбонов мегӯяд, ба фарзандони дигараш истифодаи ин шабакаро манъ кардааст, зеро аз пайрави бародарашон шудани онҳо метарсад.

Видеоҳое, ки ҷонибдорони гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” нашр мекунанд, аслан пур аз саҳнаҳои қатлу куштори ваҳшиёна ва ё тарғиби “ҷиҳод” иборат аст.

Рӯҳониёни маъруфи тоҷик пайвастан ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ”-ро маҳкум ва хилофи ислом донистаанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, беш аз 500 ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва то кунун кушта шудани зиёда аз 150 нафари онҳо тасдиқ шудааст.

Ҳоло ба гуфтаи мақомот пайвастани ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба маротиб кам шудааст. Далели инро мақомот дар “огоҳии ҷавонон, ки фитна ва бозӣ будани ҷангҳои Сурия ва Ироқро фаҳмидаанд”, вобаста медонанд.

XS
SM
MD
LG