Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони узбак шиносномаи тоҷикиро ба соҳибаш доданд


Обид Ғаффоров тамоми санадҳои гумшудаашро аз дасти Расул рӯзи 23 июл ба даст овард
Обид Ғаффоров тамоми санадҳои гумшудаашро аз дасти Расул рӯзи 23 июл ба даст овард

Баъди ду соати нашри хабари пайдо шудани бастаи санадҳои як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, соҳиби он аз худ дарак дод.

Баъди ду соати нашри хабари Озодӣ дар бораи пайдо шудани бастаи санадҳои як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, соҳиби он аз худ дарак дод.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки Обид Ғаффоров ном дорад, даҳ рӯзи пеш аз тарафи ду ҳамватани тоҷикаш латту кӯб ва сандҳояш рабуда шуд. Санадҳои Ғаффоровро як зану шавҳари ӯзбактабор пайдо карданд ва даҳ рӯз талош карданд соҳиби ҳуҷҷутҳоро пайдо кунанд, аммо ба ҷое нарасиданд. Ин ду нафар, ки мегӯянд, мушкили бесанад будан дар Русияро хуб медонанд, барои ёфтани шаҳрванди Тоҷикистон аз Радиои Озодӣ кӯмак пурсиданд. Рӯзи 23 июл баъди пахши хабар дар Радиои Озодӣ соҳиби санадҳо баъди ду соати пахши матлаб аз худ дарак дод ва муҳоҷирони ӯзбактабор амонатро ба ӯ супурданд.

Обид Ғаффорови 32-сола, ки аз маҳалли мулоқоташ бо Расул, ин марди узбактабор бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард гуфт, ки тахминан 10 рӯз пеш сумкаи худро бо ҳуҷҷатҳояш дар як занозание гум кард. Ӯ гуфт, ки моҷаро бо ду шаҳрвандони Тоҷикистон баъди як шоми хушгузаронӣ дар дискотекаи шабонаи шаҳри Новосибирск бархост. «Наздикиҳои саҳар буд, ман аз дискотека баромада хона рафтанӣ будам. Ду бача омад, аввал гап задему баъд ба ман ҳамла карданд. Онҳо тоҷик буданд ва маро заданду сумкаро дуздида гурехтанд. Ман ҳамин тавр тамоми ҳуҷҷатҳоямро гум кардам. Баъди ин дар бораи гум шудани санадҳоям ба сафорати Тоҷикистон хабар додам ва дархост кардам, ки то барқарор шудани санадҳоям ба ман гувоҳномае бидиҳанд, ки имкони буду боши муваққатии маро то замони барқарор шудани ҳуҷҷатҳои нав фароҳам оваранд», гуфт Обид Ғаффоров.

Ғаффоров нагуфт, ки моҷарои ӯ бо ду ҳамватанаш бар пояи кадом даъво буд, аммо гуфт, ки дар он ҳодиса телефони мобил, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, корти патент, ҳисоби пардохти хароҷоти бонкии патент ва корти мигратсиониро якбора аз даст дод.

«Ташаккури зиёд ба радиои Озодӣ, ки дар пайдо кардани ҳуҷҷатҳоям ёрӣ дод, вагарна дарди сари ман хеле зиёд шуда буд», гуфт Обид Ғаффоров.

патенти Обид Ғаффоров
патенти Обид Ғаффоров

Ин сокини деҳаи Шаршараи ноҳияи Панҷакент - падари ду фарзанд аст, ки чор сол боз зиндагиаш дар байни Новосибирск ва зодгоҳаш мегузарад. Ӯ се моҳ пеш дубора вориди Русия шуд ва тамоми санадҳояшро қонунӣ кард.

Вале қаҳрамони аслии ин қисса, шояд шаҳрванди Ӯзбакистон – Расули 40-сола, як ронандаи таксӣ бошад, ки ҳафтае пеш дар як боғи шаҳри Новосибирск дастаи ҳуҷҷатҳои Обидро пайдо кард ва то имрӯз дунболи соҳиби он мегашт. Расул дар боғи «Березовая роща», воқеъ дар маркази шаҳри Новосибирк санадҳоро дар буттазоре пайдо кард ва даҳ рӯз дар ҷустуҷӯи соҳиби ин бастаи коғазҳои барои як муҳоҷир муҳим буд. Расул гуфт, ки ҳамсари ӯ дар дӯкони дохили боғ нону ширинӣ мефурӯшад ва онҳо паспорти Ғаффоровро чанд рӯз дар пушти шишаи дӯкон нигаҳ доштанд, то шояд касе ӯро бишиносад. Онҳо аз даҳҳо раҳгузаре, ки чеҳраи осиёӣ доштанд, мепурсиданд, ки соҳиби шиносномаро мешиносанд ё хайр.

“Аз ин боғ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, тоҷикону ӯзбакҳову дигару дигарҳо бисёр мегузаранд ва мо фикр кардем, ки шояд соҳиби ҳуҷҷат базудӣ пайдо шавад. Вале ин қисса як ҳафта тӯл кашид ва баъд мо ба радио Озодӣ муроҷиат кардем. Ман барои он ин санадҳоро якбора ба идораи полис набурдам, ки сахтии кори таҳияву барқароркунии санадҳоро дар ин ҷо хеле хуб медонам. Фикр кардам, ҳатман соҳиби ин санадҳо дар наздикиҳост ва бояд базудӣ аз худ дарак диҳад. Барои мо, муҳоҷирон, ин ҷо шароит осон нест, даводавии таҳияи санадҳо як дардисари сангин аст, аз сари худам ҳам гузаштааст. Барои ҳамин, фикр кардам, ки кори ин бача бояд осон шаваду базудӣ ба дасташ ҳуҷҷатҳоро бигирад”, гуфт Расул.

Оморе дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандии сокинони Тоҷикистон дар Русия вуҷуд надорад, аммо бисёре аз муҳоҷирон дар шароити гуногун шиноснома ва санадҳои муҳоҷиратро гум кардаанд ва то барқарор кардани паспорт моҳҳо натавонистаанд ба кӯча бароянд. Аввалин коре, ки баъди гум шудани санад бояд анҷом шавад, муроҷиат ба пулис ва консулгарии кишвари худ аст, ки корафтодаро бо санадҳои муваққатӣ таъмин мекунанд. Аммо бисёр кам иттифоқ меафтад, ки шаҳрванди як кишвари дигар санади нафареро пайдо кунад, барояш ғусса бихӯрад, хабарнигоронро вориди қазия кунад ва рӯзҳо дар пайи ҷустуҷӯи соҳиби "паспорту патент" бошад.

XS
SM
MD
LG