Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз коҳиши баргузории тӯю маъракаҳои дигари сокинон дар соли 2015 хабар дода ва онро сатҳи поинтарин дар ҳафт соли охир гуфтанд. Фаррухулло Олимов, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи дин, 31 декабр ба Озодӣ гуфт, дар соли ҷорӣ сокинони кишвар 106 ҳазор ҷашну маърака гузарондаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 20 ҳазор камтар будааст.
“Ин нишондиҳанда поинтарин сатҳ дар ҳафт соли охир аст,” - гуфт ӯ ва идома дод, ки “ба ҳисоби миёна сокинон барои баргузории ин маросимҳо 370 миллион сомонӣ харҷ кардаанд. Соли гузашта барои маъракаҳо сокинон 440 миллион сомонӣ сарф карда буданд.”
Ин масъули Кумитаи дин бовар дорад, ки коҳиши маъракаҳо ва, ҳамин тавр, харҷи сокинон дар пайи корҳои фаҳмондадиҳии онҳо сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, “дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ бархе аз сокинон дар маросимҳои арӯсӣ аз баргузории маросими “фотиҳа” ва “арӯсталбон” даст кашида ва ҳамчунин дар маросими мотамдорӣ “се рӯзагӣ” надоданд.”
Аммо коршиносон мегӯянд, ки асосан дастдарозии бӯҳрони молӣ ба ҷайби сокинон онҳоро дар баргузории маъракаҳои бошаҳомат дасткӯтоҳ карда ва иддае ҳам баргузории маъракаҳояшонро то замони ба худ омадани кисаҳояшон ба таъхир гузоштаанд.
Дар пайи буҳрони иқтисодии Русия, ки ба дунболи таҳримҳои Ғарб алайҳи ин кишвар ва якбора поин рафтани нархи нафту беқурбшавии рубли русӣ дар баробари доллар ба миён омад, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик бо ҷайбҳои холӣ ё бо пули андак ба кишвар баргаштанд. Ин муҳоҷирон, ки теъдодашон бар асоси иттилои расмӣ то як миллион нафар гуфта мешавад, аз чархонандагони аслии рӯзгори наздиконашон дар кишвар ҳастанд ва тавоноии хонаводаҳо барои харид ва баргузории маъракаҳо аз онҳо сахт вобаста аст.
Фирдавс Арабов, устоди риштаи иқтисодии Донишгоҳи омӯзгорӣ, мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон дар соли 2015 аз лиҳози молӣ мушкили ҷиддӣ доштанд. Ба қавли ӯ, коҳиши интиқоли пул аз Русия ва дар пайи боло рафтани қурби доллар боло рафтани нархи маҳсулот ба эҳтимоли хеле зиёд шумораи маросимҳоро низ камтар кардааст.
“Оғози бӯҳрон ва афзоиши ихроҷи муҳоҷирон аз Русия мардумро як андоза ба сарфакорӣ водор кард. То ин вақт ҳар харҷе, ки мекарданд, бовар доштанд, ки охири моҳ наздикашон боз аз Русия пул мефиристад. Аммо дар соли гузашта ҳеҷ кас кафолат дода наметавонист, ки муҳоҷир аз Русия пул фиристода метавонад ё не. Ба ҳамин хотир мардум баръакс бештар ба назар мерасид, ки ҳар ёфтаашонро мехоҳанд захира кунанд ва чун дар моҳҳои наздик ба хуб шудани вазъ эътимод надоранд,” – шарҳ дод Фирдавс Арбобов.
Мусоҳиби мо аз зиндагии худаш низ мисол овард ва гуфт, ки “бо ҳамкорон ҳар сол Соли навро дар яке аз тарабхонаҳо ҷашн мегирифтем, вале имсол бо ҳар баҳона аз он даст кашидем. Сабаби асосӣ ҳам камбуди пул буд.”
Дар охирҳои соли 2008 парлумони Тоҷикистон Қонун дар бораи танзими расму оинҳои мардумиро ба тасвиб расонид ва аз оғози соли 2009 Кумитаи кор бо дин ва танзими ҷашну маросимҳо ба назорати иҷрои ин қонун шурӯъ кард. Ҳоло барои назорати маросимҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 499 комиссия амал мекунад, ки вазифаашон иштирок дар маросимҳои сокинон ба хотири нақз нашудани қонун дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ ҳаст.