Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхонҳои тоҷик 6 млн сомонӣ андоз супурдаанд


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки сарояндаҳои тоҷик аз соли 2008 ба ин тараф беш аз 6 миллион сомонӣ андоз супурдаанд.

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи андоз сарояндаҳои тоҷикро водор ба пардохти беш аз 6 миллион сомонӣ, наздик ба 1 миллион доллар андоз кардаанд.

Як масъули ин Кумита рӯзи 21 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то қабули қонун “Дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросимҳо”, сарояндагон ҳеҷ навъ андоз ба буҷаи давлат намесупурданд, ҳарчанд, аз сокинон барои сурудхонӣ дар маросимҳои хурсандиашон, маблағҳои зиёд мегирифтанд.

Манбаъ гуфт, соли 2008 вақте қонун қабул шуд, кормандон маросимҳои мардумро зери назорат гирифтанд ва сарояндагонеро, ки дар ин маросимҳо ширкат мекунанд, ба ҷуз иҷрои Қонун дар бораи танзим, инчунин ба гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва пардохти андоз водор карданд.

Беш аз 6 миллион андозро ба гуфтаи масъулини ин Кумита, сарояндагон давоми 8 соли амал кардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросимҳо” пардохт кардаанд, ки тақрибан ба ҳар сол 800 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Соли 2008 дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросимҳо” аз ҷониби парлумон ба тасвиб расид. Ба дунбол давоми соли 2008 Кумитаи андоз ҳудуди 700 сарояндаро ҳамчун андозсупоранда номнавис кард. Ҳоло тибқи иттилои расмӣ, беш аз 3 ҳазор ҳунарманд, ки дар маросимҳои сокинон ширкат мекунанд, ҳамчун андозсупоранда сабти ном шудаанд.

Қаблан, Кумитаи андоз исми сарояндаҳои маъруф мисли Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов ва Фарзонаи Хуршедро барои як муддат барои насупурдани андоз ба феҳристи "сиёҳ"-и ин кумита шомил карда буд. Ҳаётой Мӯъминова, сарояндаи мардумии тоҷик низ панҷ сол пеш барои ҳунарнамоии бидуни шартнома дар тӯй ва насупоридани андоз, дар додгоҳ муҳокима ва ҷаримабандӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG