Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони СҲШ дар Исломобод


Имруз, 16-уми октябр дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон, бистусевумин нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфтааст, ки дар ин нишаст нахуствазирони Русия, Белорус, Тоҷикистон, Чин Қирғизистон, вазири корҳои хориҷии Ҳинд ва муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон иштирок мекунанд.

Ҳамчунин нахуствазири Муғулистон ба унвони нозир ва муовини нахуствазири Туркманистон ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии он ба унвони меҳмонони вижа дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат мекунанд. Афғонистон узви нозири ин созмон аст, аммо пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон, ҳукумати Толибон ба ин нишастҳо даъват нашудааст.

Бинобар вазъияти сиёсӣ дар Покистон, чораҳои сахти амниятӣ дар Исломобод руи даст гирифта шудааст ва барои нишасти сарони СҲШ аз рӯзи душанбе ба ин тараф роҳҳо Исломобод ва ҳамчунин бозорҳо баста шудааст. Ҳукумати Покистон барои баргузории ин нишаст се рӯз рухсатӣ эълон кардааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони иқтисодӣ, дифоӣ ва амниятӣ аст, ки дар моҳи июни соли 201 дар Шанхайи Чин таъсис шуд. Дар оғоз Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аъзои ин созмон буданд.

Дар ҳоли ҳозир ин созмон 9 узв дорад, ки Ҳинд, Покистон ва Эрон ҳам узвияти онро ба даст овардад ва дар канори он Афғонистон, Белорус ва Муғулистон аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG