Президенти Украина Володимир Зеленский ба созиши нави паймони НАТО дар масъалаи дастгирӣ аз Украина, ки ҳафтаи равон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Вашингтон ба имзо расид, баҳои баланд дод. Дар ҷамъбасти мулоқоти раҳбарони НАТО Зеленский гуфт, ки ин санад "амали муҳим" барои кафолати амнияти Украина мебошад.
Президенти ИМА Ҷо Байден ба ҳозирин хотирнишон кард, ки ба шарофати ин Созиш Украина барои ҳимоят аз ҳарими ҳавоияш дар муқобили таҷовузи 28 моҳаи Русия василаи ҷиддии муқовимат дастрас кард. Байден созишро як қадами дигар барои ҳимояти дастаҷамъӣ аз Украина номид.
«Мо онро компакт ё "Фишурдаи Украина" ном гузоштем. Дар он тарзи иҷрои амал дарҷ шудааст. Соли гузашта ҳафт кишвари узви гурӯҳи G-7 Эъломияи ҳимояи дарозмуддат аз Украинаро имзо карданд. Таъкид мекунам, на танҳо ҳимоят дар давраи ҷанг , балки баъди пирӯзии Украинаро ҳам. Баъд 25 кишвари дигар ба зудӣ ба ин паймон ҳамроҳ шуда, ваъда доданд, ки созиши дуҷонибаи кумаки амниятӣ ба Украинаро имзо хоҳанд кард. Ҳоло пас аз як сол беш аз 20 кишвари олам ва Иттиҳоди Аврупо музокиротро такмил намуда, чунин созишеро имзо намуданд,”-гуфт Ҷо Байден.
Дар рӯзи охири ҳамоиш 23 давлат ва Иттиҳодияи Аврупо "Паймони Украина"-ро имзо карданд, ки дар он омадааст, ҳимояти низомӣ аз Украина идома мекунад, то Киев аз “озодӣ, истиқлол ва қаламрави худ” дифоъ кунад.
Видеоро инҷо бинед:
Ба гуфти раисҷумҳури Амрико ин созиш як пуле миёни Украина ва паймони НАТО хоҳад буд. Ӯ афзуд, ки ба ин васила Украина имкон меёбад, нерӯҳои дифоияшро ба қадри кофӣ таҳким бахшад. Ҳангоми тақдими сухан ба Президенти Украина Ҷо Байден номи ӯро хато гирифта, ба ҷойи Володимир Зеленский ба Президент Путин сухан дод.
Аммо зуд Байден хатояшро ислоҳ карда, гуфт, суханро ба нафаре медиҳад, ки зидди Путин қиём кардааст.
Нишасти 75-уми Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ рӯзҳои 9-12-уми июл дар Вашингтон, пойтахти ИМА баргузор шуд. Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар ин нишаст аз интиқоли нахустин ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Украина хабар доданд. Ин ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Амрико, аз Дания ва Ҳолланд ба Украина мунтақил шудаанд. Яке аз орзуҳои Украина ба даст овардани ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 буд ва ҳоло ба назар мерасад, ки Киев ба ин орзуи худ расидааст.
Гуфтугӯ