Светлана Тихановская, ки дар хориҷ аз Белорус ба сар мебарад, дар ҳошияи нишасти НАТО ба Радиои Озодӣ гуфт, мардуми Украина танҳо барои кишвари худ намеҷанганд, балки "барои арзишҳое меҷанганд, ки кишварҳои демократӣ ба онҳо бино шудаанд."
"Ба ман бовар кунед, агар иҷоза диҳем Украина дар ин ҷанг шикаст хӯрад, ҷаҳони демократӣ - Аврупои қудратманд ё Иёлоти Муттаҳида ҳадафи баъдии ҳамлаи диктаторҳо қарор мегиранд,"-гуфт роҳбарони мухолифони ҳукумати Белорус.
Тихановскаи 41-сола соли 2020 баъди ҳабси шавҳараш эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ мекунад ва раҳбарии мухолифонро ба ӯҳда гирифт. Дар интихоботи он сол, Комиссияи интихоботи Белорус Александр Лукашенкоро баранда эълон кард, аммо кишварҳои ғарбӣ ва мухолифон натиҷаҳоро эътироф накарданд.
Дар пайи эътирозҳои густурда дар Белорус, Тихановская, ки аз амнияти ду фарзандаш нигарон буд, ба Литва паноҳ бурд.