Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 моҳ то интихобот: Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз берақиб аст


То нӯҳ моҳи дигар ба баргузории интихоботи расёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мавзеъгирии худро рӯшан накардаанд, агар ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократиро истисно шуморем.

То нӯҳ моҳи дигар ба баргузории интихоботи расёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мавзеъгирии худро рӯшан накардаанд, агар ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократиро истисно шуморем. Бо вуҷуди ин, ки 9 моҳ барои омода кардани як номзади қаввӣ ва қобили рақобат дар баробари раиси ҷумҳури кунунӣ вақти хеле кам аст, вале то ҳол ҳизбҳои мухолиф аз чунин номзади худ дарак надодаанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар интихобот номзади худро пешниҳод хоҳад кард ва ин номзад метавонад ғайриҳизбӣ низ бошад. Вале ин ҳизб интихоботи ғайришаффоф ва тақаллуб дар натиҷаҳои онро монеаи аслии комёбии худ медонад. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизб мегӯяд:

“То имрӯз болои ҳизби мо зулм шудааст. Дар оянда ҳам ин истисно нест. Масалан мо ҳатто ба 5 то 10 дарсад тақаллуб розӣ ҳам ҳастем. Вале бо вуҷуди ин қонуни бисёр ҳам ноқиси интихоботӣ мо ба мардум фаъолияти худро нишон хоҳем дод. Бо ҳузури худ рақибони худро маҷбур хоҳем кард, ки дар интихобот ҷиддӣ бошанд”.

Ин ҳизб мегӯяд, анҷумани ҳизбӣ дар бораи номзади интихоботӣ тасмим хоҳад гирифт. Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров бештар дар бораи ташкили эътилофи ҳизбӣ сӯҳбат мекунад ва бар ин ақида аст, ки танҳо номзади ягонаи эътилоф метавонад бо номзади ҳизби ҳоким рақобат кунад. Вай дар ин эътилоф ширкати Ҳизби Наҳзати Исломиро истисно намедонад, вале умедвор аст, ки Ҳизби Куммунист низ ба эътилоф бипайвандад.
Ин ду ҳизб, ки дар ҷомеа ҳизбҳои мухолифи мустақил шинохта шудаанд, дар баробари имкони тақаллуб ҳамин барномаҳоро барои худ муассир медонанд. Онҳо фаъолиятҳои хуби сиёсӣ ва пойгоҳи сиёсӣ доранд. Вале дар танҳоӣ пирӯз нахоҳанд шуд. Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари сиёсӣ дар бораи имкони комёбии ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ чунин мегӯяд:

“Агар ҳукумати кунунӣ ирода кунад ва интихоботи шаффоф баргузор шавад, ҳар номзади ҳукумати феълӣ интихоботро ҳам аз ҷаноби Кабирӣ ва ҳам аз ҷаноби Зоҳиров мебарад. Ҳатто дар даври аввал”.


Бо назардошти ин, мегӯяд вай, шояд Ҳизби Наҳзати Исломӣ яке аз муовинонаш ё каси дигарро номзад пешбарӣ мекунад ва ин гувоҳи он аст, ки ҳизб ба пирӯзӣ бовар надорад. Саймуддин Дӯстов мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ барои гирифтани қудрат омода аст, вале вай ҳамин нақш ва ҷойгоҳеро, ки барояш додаанд, мехоҳад нигоҳ дорад. Ба ин далел ҳизб шеваи муросокориро пеша кардааст.

Ҳизби Кумунист низ аз оғоз то ҳол муросокор буд ва масали ”Каҷ дору марез”-ро дар ин интихобот низ сармашқ қарор хоҳад дод. Агар мо чанд интихоботи гузаштаро ба ёд орем, мебинем, ки баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ оғози маъракаи расмии интихоботро мунтазир мешаванд ва ба умеди он менишинанд, ки ҳизби ҳоким ё зимомдорон ба онҳо барои “рақобатпазир кардан”-и интихобот чӣ нақшеро медиҳанд.

Масалан, соли 2006 гардонанда ва таҳиягари бозиҳои интихоботӣ худи ҳукумат ва ҳизби ҳоким буд. Дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз ҳамаи аҳромҳои сиёсиву иқтисодӣ мақомот замина сохтанд ва раҳнамоӣ карданд, то ду ҳизби нав, яъне “Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ” ва “Ҳизби Аграрӣ” ба раҳбарии ду донишманд Олим Бобоев ва Амир Қароқулов ташкил ва сабти ном шаванд. Ин ду ҳизбе, ки аслан пойгоҳи интихоботӣ надоштанд, раисони худро чун номзад сабти ном карданд ва вориди “муборизаи интихоботӣ” шуданд.

Баъд аз интихобот барои чунин “мубориза” Олим Бобоев соҳиби курсии вазири иқтисод дар ҳукумати нави номзади ғолиб шуд, бо вуҷуди ин, ки то поёни давраи раёсати ҷумҳурӣ ин курсиро нигоҳ надошт ва баъд аз чанд сол курсии амонатро баргардонд. Ҳукумат бо чунин илтифот ба баъзе аз ҳизбҳо сабақ дод, ки дар сурати ҳамкорӣ ва муросо онҳо бениёз нахоҳанд монд.

Дар интихоботи соли ҷорӣ низ ҳизби ҳоким дар ин самт талошҳое хоҳад кард ва имкон дорад, баъзе номзадҳои ногаҳонӣ ва ғайриҷоҳталаб, ки мавриди эътимоди худи ҳукумат ҳастанд, аз номи чунин ҳизбҳо вориди “мубориза” шаванд. Чунин номзадҳо дар интихоботи гузашта интихобкунандагонро ба ҷонибдорӣ аз номзади “аслӣ” ташвиқ карда буданд. Онҳо медонанд, ки дар “майдони бегона ва бо қоидаҳои бегона бозӣ мекунанд” ва қаблан аз бохти худ ва нақши худ огаҳӣ доранд. Барои ҳамин бо итминон метавон гуфт, ки ин ҳизбҳо барномаҳои хоси интихоботӣ нахоҳанд дошт.

Вале имкон дорад интихобот вориди комилан маҷрои нав низ шавад, агар аз дохили худи нухбагони ҳукуматӣ касе қадам пеш гузорад ва дар баробари раиси ҷумҳури кунунӣ худро номзад кунад. Дар чунин ҳолат, агар ин номзад номзади сохта не, балки номзади воқеӣ бошад, метавонад на ҳизби ҳоким, балки хурдтарин ҳизби сисёсии номнависшуда, масалан Ҳизби Демократи чанд дафъа поршуда ва дастхуши бозиҳои сиёсиро пойгоҳи интихоботӣ қарор диҳад ва аз номи ин ҳизб вориди муборизаҳои интихоботӣ шавад. Дар сурати ҳимояти пинҳонии чунин номзад аз тарафи ширикони стратегии хориҷӣ пирӯзии чунин номзад аз имкон дур нест.
XS
SM
MD
LG