Ҳукумати Афғонистон ҳамакнун омодагиҳоро барои баргузории ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар соли оянда дар ин кишвар оғоз кардааст. Ба ҳамин ҳадаф, шуморе аз вазирони кобинаи Ҳомид Карзай ба минтақаи Пағмон, воқеъ дар доманаҳои Кобул рафтанд ва корҳои ободонӣ ва бунёди як толори бузургро дар Теппаи Пағмон оғоз намуданд.
Аз чанд сол ба ин тараф ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ширкати руасои ҷумҳури кишврҳои ҳавзаи ин ҷашни бостонӣ, дар яке аз ин кишварҳо баргузор мешавад.
Ҳукумати Афғонистон барои омода шудани пойтахти ин кишвар барои мизбонии хуб аз меҳмонони хориҷӣ, як тарҳи 5 миллион долларро рӯи даст гирифтааст. Бар асоси қарори Шӯрои вазирони Афғонистон, ин тарҳ дар муддати як сол такмил хоҳад шуд.
Доктор Ҳасан Абдулилоҳӣ, вазири инкишофи шаҳрии Афғонистон дар мавриди ин тарҳ ба хабарнигорон гуфт: "Ин тарҳ шомили толори пазироӣ, ки ҳудуди 2500 метри мураббаъ масоҳат дорад, сараки ду километра, бунёди деворҳо ба дарозии 20 метр, бунёди иншооти беҳдоштӣ, эҳёи бахшҳои таърихӣ, ҳавзи шиноварӣ, обшорҳо, парки тафреҳӣ, майдони бузкашӣ ва гулхона мебошад."
Ба манзури дар сатҳи баланд баргузор шудани ин ҷашн, як комиссия бо раҳбарии Форуқ Вардак, вазири маорифи ин кишвар таъсис шудааст. Оқои Вардак гуфт, талош хоҳанд кард, то аз меҳмонон ва ширкаткунандагон дар ин маросим истиқболи гарм сурат бигирад.
Оқои Вардак аз ҷумла афзуд: «Мо мехоҳем ба ҷаҳониён нишон бидиҳем, ки Афғонистон танҳо кишваре нест, ки дар ӯ ҷангҳо сурат гирифта, балки кишваре аст, ки дар инҷо илм ва фарҳанг ба ҷаҳон интишор ёфтааст. Бо баргузории ин ҷашн, худованд хоста бошад, ки фарҳанги ғании худро як бори дигар ба ҷаҳониёни ба намоиш бигузорем ва ба ҷаҳониён собит кунем, ки Афғонистон дар хонаводаи миллатҳо, ҷойгоҳи худро мегирад.»
Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Эрон, дар соли 2012 дар Тоҷикистон ва имсол дар Туркманистон баргузор шуда буд.