Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе халабони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" Абдурашид Ясиновро барои бидуни талафоти ҷонӣ фуруд овардани ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав, бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст.
Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 15 март ба Радиои Озодӣ гуфт, сардори ин фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода барои халабони ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", Абдурашид Ясинов, ки дар ҳолати изтирорӣ ҳавопайморо ба замин фуруд овард ва 140 мусофирро наҷот дод, ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ, ҷоиза эълон кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло халабон ин маблағро дарёфт накардааст ва қарор аст маъмурони фурудгоҳ фардо ҷоизаро ба ӯ тақдим намоянд.
Ҳавопаймои навъи "Боинг"-и ширкати "Тоҷикэйр", ки шаби 9 март аз Хуҷанд ба самти Маскав парвоз мекард, баъди гирифтани сӯзишворӣ дар "Тараз"-и Қазоқистон ва пайдо шудани нуқси техникӣ дубора ба Хуҷанд баргашт. Қурбони Алимардон, раиси фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 10 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз чархҳои ҳавопаймои парвози 645 дар хатсайри Хуҷанд-Маскав баъд аз гирифтани сӯзишворӣ ва ба ҳаво хестан дар фурудгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон кафид ва бинобар ҳамин, ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргашт. Пеш аз нишастан ҳавопаймо ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд чарх зада ва маводи сӯхташро кам кардааст.
“Хушбахтона, на аъзои экипаж, на мусофирон ягон кас осеб надиданд. Онҳоро дар замин хадамоти наҷотбахшу оташнишонӣ ва табибон истиқбол гирифтанд”, - гуфт ӯ. Қурбони Алимардон афзуд, аз фазои Қазоқистон ба Хуҷанд баргаштани ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” низ ба хотири сарф кардани сӯзишвориаш буд.
Ҳавопаймои хатсайри рақами 645 дар самти Хуҷанд -- Маскав 140 мусофир, ба шумули 7 кӯдаки то панҷсола ва 9 сарнишин дошт. Мусофирони ин хатсайр мегӯянд, сарнишини ҳавопаймо тақрибан 1 соат пеш аз фуруд омадан онҳоро аз нишасти садамавӣ огоҳ карда ва вақти фурудоӣ ва эҳтимоли беруноӣ аз дарҳои садамавиро гаштаву баргашта ёд медоданд.
Соли 2013 низ ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати «Тоҷик Эйр» зимни бозгашт аз шаҳри Маскав ба мушкили фаннӣ дучор шуд ва баъди 1 соати парвоз дар болои шаҳри Хуҷанд дар фурудгоҳ нишаст. “Боинг 737” бо 93 мусофир, аз ҷумла 10 кӯдак ва 9 ҳайати парвоз аз Маскав бармегашт ва халабонҳо он вақт тавонистанд ҳавопаймоеро, ки ду чархаш кафида буд, беосеб ба замин нишонанд.
Мақомот он замон ин ҳодисаро як “сабақи бузург” ва корномаи халабонҳоро ҳамчун "мардонагиву шуҷоат" ситоиш карда, дар сатҳи президенти Тоҷикистон онҳоро қадрдонӣ карданд. Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ихтиёраш 36 ҳавопаймо дорад, ки шаштои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.