Бар асоси тарҳи нави қонуни ветеранҳои Тоҷикистон, иштирокдорони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 расман "собиқадорони корҳои дохилӣ" унвон гирифта, аз тамоми имтиёзҳое, ки ҳоло собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз он бархӯрдоранд, баҳраманд хоҳанд шуд. Тарҳи мазкур алакай омода шудааст, аммо шеваи маблағгузорияш дар вазорати молия мавриди баррасӣ қарор дорад.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалист ва узви Кумитаи оила ва ҳифзи иҷтимоии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки аз муаллифони ин тарҳ аст, рӯзи 30 декабр ба Озодӣ гуфт, ки барои иҷрои ин тарҳ ба 30 миллион сомонӣ ниёз аст. Ғаффоров мегӯяд, ҳадафи онҳо аз ин тарҳ ҳимоят аз афродест, ки дар "барқарор сохтани ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон" саҳм гирифтаанд.
Маъмулан зери ибораи "барқароркунандагони сохти конститусионии Тоҷикистон" ҷангиёни Фронти Халқӣ - яке аз тарафҳои ҷанги дохилии ин кишвари пасошӯравиро дар назар доранд.
"Ҷавононе, ки барои бунёд кардани давлати конститусионии мо мубориза бурданд, бояд аз имтиёзҳо бархӯрдор бошанд. Онҳо дар мушкилтарин рӯзҳо ин давлатро барқарор кардаанд," – гуфт ин вакили парлумон.
Абдуҳалим Ғаффоров мегӯяд, додани мақоми собиқадорони корҳои дохилӣ ва имтиёзҳо ба иштирокдорони ҷанги шаҳрвандӣ дар доираи қонун "Дар бораи собиқадорон" пешниҳод шудааст. Ӯ мегӯяд, "ҳар фард вақте ба нафақа мебарояд, ин вазифаи ҷонии давлат аст, ки онҳоро аз нигоҳи молӣ таъмин кунад."
Аммо дар мавриди он ки оё ҷангиёни Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик низ аз ин мақом ва имтиёзҳо бархӯрдор хоҳанд буд ё не, Абдуҳалим Ғаффоров гуфт: "Танҳо он гурӯҳе, ки аз сӯи давлати Тоҷикистон мавриди афв қарор гирифта, силоҳҳои худро супурданд. Чаро онҳое, ки барои ин давлат хизмати софдилона кардаанд, имтиёз надошта бошанд? Дар ҷанги шаҳрвандӣ низ бисёр ҷавонҳо гумроҳ шуданд."
Дар ҳоли ҳозир иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аз 33 имтиёз, аз ҷумла, аз пардохти ҳаққи обу истифодаи нерӯи барқ озоданд. Иштирокдорони ҷанги Афғонистон низ аз ин гуна имтиёзҳо бархӯрдоранд. Фақат дар сурати тасвиби тарҳи пешниҳодии Абдуҳалим Ғаффоров иштирокдорони ҷанги дохилӣ низ аз имтиёзҳои фаровон бархӯрдор хоҳанд шуд.
Қаблан Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия афсарону аскарони руси собиқадори амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистонро расман ҳамчун ветерани ҷанг эътироф кард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон масъулияти ҳифзи 1370 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро нирӯҳои тақрибан 7000-нафарии марзбонии Русия бар ӯҳда доштанд. Ҳамин тавр, дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа - ҷабҳаҳои асосии ҷангҳои соли 1992 -1997 дивизияи 201-уми артиши Русия бо беш аз 6000 аскару афсараш мустақар буд.
Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, то 150 000 кушта ба ҷо гузошта, боиси бесарпаноҳ шудани то 1 миллион нафар шуда буд. Хисороти молии 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 10 миллиард доллар рақам зада мешавад.