Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави Билайн: "Ҳадаф рушди ширкат дар Тоҷикистон аст"


Алмаз Қодирқулов
Алмаз Қодирқулов

Алмаз Қодирқулов, роҳбари нави ширкати "Билайн" дар Тоҷикистон, гуфт, ки ҳадафаш рушду пешравии ширкат аст. Ӯ рӯзи 12-уми июн ба кормандон дар Душанбе муаррифӣ шуд.

Ба қавли Қодирқулов, кормандони ширкат ҳудуди 400 нафар ва ҳамагӣ ҷавону қобил ҳастанд. "Рушди шабака, беҳ кардани фазои дохили ширкат ва таҳияи пешниҳоди беҳтаре ба муштариён"-ро Алмаз Қодирқулов аз вазифаҳои асосии худ донист. Дар доираи ин вазифаҳо гуфт ӯ, ҳамчунон ба "бештар кардани хадамот ва беҳтар кардани сифат" машғул хоҳад буд.

Бино ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, моликони "Таком" (Билайн) ширкати Вымпелком ва Ҳасан Асадуллозода ҳастанд.

Қодирқулов дар бораи молики нави ширкат - ZET Mobile ва сабабҳое, ки VEON тарки бозори Тоҷикистон кард, шарҳе надод. Аммо гуфт, "дар ҳар сурат, ҳадафи рушди ширкат ба манфиати халқи тоҷикро дорем."

Алмаз Қодирқулов 44-сола аст ва то омадан ба Тоҷикистон, роҳбарии Хадамоти алоқаи Қирғизистон, раиси шӯрои мудирони "Қирғизтелеком", роҳбари Фонди давлатии амвол ва муовини вазири маорифро бар ӯҳда дошт.

Дар посух ба суоли онки чаро Қодирқулов пешниҳоди кор дар Тоҷикистонро пазируфт, гуфт, халқҳои тоҷику қирғиз хулқу атвори ягона доранд. Аз сӯи дигар, "ин як навъ чолиш аст, чаро таҷриба накунем",- иброз дошт ӯ.

VEON ҷояшро ба ZET Mobile дод

Ширкати VEON, ки моликонаш сармоядорони рус ва аз дӯстони Владимир Путин гуфта мешаванд, бо фурӯши саҳмияҳои ширкати мобилии "Билайн", Тоҷикистонро тарк карданд.

​Ширкати VEON (номи собиқаш Вымпелком ЛТД) рӯзи 11-уми июн бо нашри як изҳорот гуфт, саҳмияҳои ширкати "Таком"-ро, ки таҳти бренди "Билайн" дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба ширкати Zet mobile фурӯхтааст.

Гуфта мешавад, ширкати Zet mobile то кунун ҳам 2 дарсади саҳмияҳои ширкати “Билайн”-ро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дошт. Ҳоло бо хариди 98 дарсади саҳмияҳои боқимонда молики кулли ширкати “Билайн” дар Тоҷикистон шуд.

​Бино ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, моликони "Таком" (Билайн) ширкати Вымпелком ва Ҳасан Асадуллозода ҳастанд. Ширкати VEON нагуфтааст, ки “Билайн”-ро ба чӣ қимате дар Тоҷикистон ба моликони нав фурӯхтааст.

Ҳасан Асадуллозода
Ҳасан Асадуллозода

Бо иваз шудани молики “Билайн”, роҳбари иҷрояи он низ дар Тоҷикистон иваз шуд ва Алмазбек Қодирқулов - роҳбари пешини ширкати “Билайн” дар Қирғизистон - роҳбари “Билайн” дар Тоҷикистон таъйин карда шуд.

"Наздик ба чаҳоряки бозорро зери даст дорад"

​Моликони пешини “Билайн” аз шароити сахти пешбурди бизнес ва сабрбории гарони андоз дар Тоҷикистон шикоят мекарданд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, низ гуфта буд, мизони андоз то ҳадде баланд, аст, ки ширкатҳо тамоми даромадашонро ба андоз месупоранд ва дар ниҳоят аз фаъолияташон даромаде намегиранд.

Ширкати мухобиротии VEON бо 240 миллион муштарӣ дар ҷаҳон яке аз шаш ширкати бузурги мухобиротии дунёст. Бино ба навиштаи расонаҳои Русия, бештари саҳмияҳои ин ширкат ба сармоядорони рус Михаил Фридман, Герман Хан ва Михаил Кузмичев тааллуқ доранд.

Ширкати “Билайн” яке аз чаҳор ширкати бузурги мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки наздик ба чоряки бозорро зери даст дорад.

XS
SM
MD
LG