Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили Шӯроб дар филми мустанад. Ба шаҳраки як замон машҳур чӣ шуд? ВИДЕО


Намоиши филми "Шӯроб" дар Душанбе. 12-уми ноябри соли 2019
Намоиши филми "Шӯроб" дар Душанбе. 12-уми ноябри соли 2019

Коргардонҳои тоҷик дар филми мустанаде беобӣ ва ба як маҳаллаи тақрибан беодам табдил шудани шаҳраки як замон машҳури Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараро ба баҳс кашидаанд. Филм рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе намоиш дода шуд. Дар Тоҷикистон ба навор гирифтани филмҳои бадеӣ маъмул аст, вале кам иттифоқ меафтад, ки филмҳои мустанад сабту намоиш дода шаванд.

Муаллифони филм мегӯянд, сӣ сол қабл дар шаҳраки Шӯроб беш аз 30 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекард, ҳоло дар онҷо 2 ҳазор нафар мондаасту бас.

Кони ангишти Шӯроби Исфара мисли конҳои маъдани Адрасмон, Консой, Чорухдаррон, Истиқлол (Табошар) ва Зарнисор (Олтинтопган) аз конҳои ба истилоҳ шаҳрсоз дар шимоли Тоҷикистон аст, ки тавассути баҳрабардории конҳо корхонаҳову шаҳракҳо дар атрофи онҳо ба вуҷуд омада буд. Вале баъди пошхӯрии Шӯравӣ ва аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ, ин шаҳракҳо рӯ ба харобӣ ниҳоданд ва қисмате аҳолии онҳо умдатан русзабон ҷойи кору зисти худро тарк гуфтанд.

Сокинон мегӯянд, ҳоло низ бархе аз афрод нияти кору зиндагӣ дар шаҳракро доранд, аммо аз як тараф хушкӣ ва сӯйи дигар бетаваҷҷуҳии мақомот ба минтақаи зисти онҳо ба ин иҷоза намедиҳад. Онҳо мегӯянд, сокинон даромади хуб надоранд ва барои овардани обу ба макони зебо табдил додани маҳалла ба кумаки мақомот эҳтиёҷ доранд.

Филми "Шӯроб"-ро коргардонҳо Далери Имомалӣ ва Дилошӯб Орифзода дар чаҳорчӯби тарҳи "Медиа-комп" ва бо пуштибонии молии "Интернюс Тоҷикистон" тобистони имсол ба навор гирифтаанд. Сабти филми мустанад як ҳафта давом кардааст.

Далери Имомалӣ, муаллифи филм гуфт, дар вақти ба навор гирифтани филмҳои ҳунарӣ муайян кардани локатсия ё майдони сабт вақти зиёд мегирад, вале онҳо ҳангоми сабти филми "Шӯроб" чунин мушкил надоштанд. Вай мегӯяд, ба омода кардани саҳнаҳо зарурате набуд, чун вазъи Шӯроб ҳолу ҳавои онҷоро бозгӯ мекард ва далели маҳкаме барои баёни мушкили сокинони онҷо буд.

"Ин шаҳракро соли 2015 ва идеяи таҳияи як филми мустанад дар бораи мушкили Шӯроб ҳамон вақт пайдо шуд. Вақте сармоягузор ёфтем, филмро ба навор гирифтем", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ба шаҳраки як замон машҳури Шӯроб чӣ шуд? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Муаллифони филм мегӯянд, ҳадафашон аз сабт ва намоиши филм ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба сарнавишти ин шаҳрак аст, то бо об таъмин шаваду як гӯшаи дурафтодаи кишвар дубора обод гардад.

Мақомот се сол пеш гуфта буданд, ки бо 400 миллион доллар сармояи ширкате аз Малайзия барномаи эҳёи шаҳраки Шӯробро рӯйи даст гирифтаанд. Порлумон ҳам ба ин иҷозат дода буд. Қарор буд, корхонаи ангишти шаҳрак бозсозӣ шуда, як нерӯгоҳи ҳароратии барқ сохта шавад. Дар ин муддат чӣ шуд, ҳанӯз рӯшан нест.

Нурангез Рустамзода, сокини Душанбе, мегӯяд, филм азоби аҳолиро бозгӯ кардааст, ки чӣ хел аз норасоии об дар ҳолати ногуворе ҳастанд: "Бояд ба дарди дили онҳо гӯш дода, коре кард, то вазъашон беҳтар шавад."

Дилошӯб Орифзода, коргардони филм ҳам мегӯяд, "то он ки мо сабт кунем, қариб даҳ рӯз дар он минтақа бо мардум зиндагӣ кардем. Қариб бо сад нафар суҳбат доштем. Дар ин шаҳрак мавзӯъҳои ҷолиб хеле зиёд аст".

Филми "Шӯроб" аз ҳоло ба чанд ҷашнвораи байналмилалӣ даъват шудааст ва қарор аст онро дар хориҷи кишвар ба намоиш гузоранд. Муаллифони филм мегӯянд, дар ҳоле ки ҷаҳон аз тағйири иқлим ва хатари хушкиву беобӣ мегӯяд, эҳтимол баъзе аз созмонҳову кишварҳо ба мардуми Шӯроб дасти ёрии худро дароз кунанд.

XS
SM
MD
LG