Ҳукумати Миср дар бораи бунёди пойтахти нави ин кишвар хабар дод. Мустафо Мадбули, вазири сохтмони Миср, рӯзи ҷумъа дар як форуми иқтисодӣ дар шаҳри Шарм-ул-Шайх гуфт, қарор аст, бунёди пойтахти нав ҳафт сол идома кунад.
Пойтахт дар минтақае миёни шаҳри Қоҳира ва баҳри Сурх дар ҳудуди 700 километри мураббаъ ва барои камаш 5 миллион нафар бунёд хоҳад шуд ва қарор аст, ҳама идораву муассисаҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳо ба он ҷо кӯчонда шаванд. Дар пойтахти ҷадиди Миср 2 ҳазор донишгоҳу мактаб ва 600 муассисаи тиббӣ сохта мешавад.
Мустафо Мадбули гуфт, дар бораи бунёди пойтахти нав ба он хотир тасмим гирифта шудааст, ки тайи 40 соли оянда теъдоди сокинони Қоҳира ду баробар афзоиш ёфта, ба 40 миллион нафар хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Қоҳира бештар аз 18 миллион нафар ба сар мебаранд.
Ҳадафи дигари ин тарҳ, ки аз сӯи ширкати Capital City Partners-и Иморот таҳия гардида, ба ҳангоми сохтмонаш ҳудуди як миллион нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард, поин бурдани сатҳи бекорӣ ва рушди иқтисоди Миср гуфта мешавад. Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аллакай ба бунёди шоҳроҳ миёни Қоҳира ва пойтахти нав шурӯъ кардаанд. Аммо мақомоти Миср дар бораи номи пойтахти нав ҳанӯз тасмим нагирифтаанд.
Бар асоси арзёбии Ашраф Салмон, вазири сармоягузории Миср, бинои пойтахти ҷадид беш аз 75 миллиард доллар харҷ хоҳад дошт, ки то кунун 12 миллиардаш аз сӯи бахши хусусӣ таъмин шудааст.
Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Иттиҳодияи кишварҳои араб, қарор аст, ба унвони муттаҳидони давлати Миср ҳар кадом бо 6 миллиард доллар дар бинои пойтахти нав иштирок кунанд. Ин кишварҳо аз замони ба сари қудрат омадани Абдулфаттоҳ Сисӣ – раисиҷумҳури кунунии Миср дар моҳи январи соли 2013 миллионҳо доллар ба иқтисоди ин кишвар кумак кардаанд.
Сисӣ дар пайи эътирозҳои густурдаи мардум ба сиёсатҳои Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури тарафдори “Ихвонулмуслимин” заминаҳои баргузории интихоботи нави раёсати ҷумҳури Мисрро фароҳам кард. Ӯ дар ифтитоҳи конфронси Шарм-ул-Шайх гуфт, "амнияти Миср, амнияти минтақа аст". Вай таъкид кард, Миср амалҳои хушунатбор ва ифротгароиро маҳкум мекунад.
Конфронси Шарм-ул-Шайх барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои иқтисоди Миср ва ҷуброни паёмадҳои манфӣ пас аз сарнагунии диктатор Ҳуснӣ Муборак барпо мешавад. Дар ин нишаст вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ низ иштирок дорад. Ӯ эълон кард, Иёлоти Муттаҳида омода ва хоҳони ҳамкорӣ бо давлати Миср барои пешбурди тарҳҳои иқтисодии ин кишвар аст.
Тасмими бунёди пойтахти нави Миср дар ҳолест, ки то кунун бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, пойтахти нави худро бунёд карда, бисёре аз муассисаҳои муҳимро ба он ҷо кӯчондаанд. Дар гузашта маркази Қазоқистон шаҳри Алмаато буд ва ҳоло онро Остона иваз кардааст.