Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози имтиҳони қабули довталабон бо низоми тестӣ (2 ВИДЕО ва 8 АКС)


Ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар яке аз нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ.
Ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар яке аз нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ.

Имрӯз, 1-уми июл барои аввалин бор дар Тоҷикистон бештар аз 9,5 ҳазор довталаби кластери 1 имтиҳони қабул ба мактабҳои олиро тавассути низоми марказонидашудаи тестӣ месупоранд.

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «имтиҳонҳо аз 1-уми июл соати 9-00 шурӯъ шуда то 12 ҳамин моҳ идома мекунад. Аз санаи 1-ум то 5-ум довталабони ҳамаи 5 кластерҳо имтиҳони аввал месупоранд ва баъдан аз 7 то 11-уми июл барои довталабон имтиҳонҳои ихтисоси муайян шудааст. Барои супоридани имтиҳони довталабон дар 11 шаҳру ноҳия, 39 маркази имтиҳонӣ интихоб шудааст. Ин ҳам бошад, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Рашту Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳритусу Данғара интихоб шуданд. Аксарият мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ интихоб шуданд ва танҳо дар ноҳияи Рашт намояндагии донишгоҳи омӯзгорӣ интихоб шудааст».

Радиои Озодӣ: Тартиби воридшудани довталабон ба синфхонаи имтиҳони чи гуна аст?

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари Маркази миллии тестӣ
Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари Маркази миллии тестӣ

Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Мувофиқи тартибе, ки мо муқаррар кардем, ҳар як довталаб барои ворид гардидан ба маркази имтиҳонӣ дар асоси даъватнома, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ду худкори рангаш сиёҳ (ручка) ва агар хоҳад бо худ каме об дароранд. Барои ворид шудан ба маркази имтиҳонӣ ба довталабон иҷозат дода намешавад, ки бо худ маводҳои ёрирасон, аз қабили китоб, дафтар, телефон ва воситаҳои ҳисоббарорро ҳамроҳ дошта бошад».

Радиои Озодӣ: Баъзе сару садоҳо аст, ки ҳамакнун ин икдом низ тоҷикӣ шудааст, яъне "аз пеш хешу табори довталабон тағобозӣ" карда ва ҳатто маблағи доляро низ супоридаанд?

Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Албатта ин сару садоҳое ки шумо мегӯед ба гӯши мо ҳам мерасанд. Вале ман мегӯям, онҳо ки ба ба доми чунин қаллобон афтоданд алакай фиреб хурдаанд. Чунки он нафарон дар Маркази миллии тестӣ фаъолият мекунад мақсади ягона доранд, ин ҳам бошад ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои шаффоф. Ман умедворам, ки пас аз баргузорӣ ва натиҷаи имтиҳонҳо мардум бовари ҳосил мекунанд, ҳар нафаре ки босавод буд соҳиби номи донишҷӯ шуданд. Чун натиҷаи ҷавобҳоро компютер коркард мекунад ва касе наметавонад ба онҳо кумак кунад. Дар варақаи ҷавобҳои ҳар як довталаб штрих-кодҳо насб шудааст ва то натиҷаҳо эълон нашавад, моли ки будани ин варақаҳо муайян карда намешавад».

Радиои Озодӣ: Дар ҳама минтақаҳо камераҳои назорати вуҷуд дорад ё хайр? Чун шунида мешавад, дар баъзе мактабҳое, ки имтиҳонҳо мегузарад чунин камераҳо нест ва ин роҳе барои тақаллуб ва фасодкорӣ нахоҳад шуд?

Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Албатта дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 39 маркази имтиҳонӣ таъсис дода шудааст ва аксари онҳо бо камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Ва марказҳои имтиҳонии мо барои гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашуда ҷавобгуй аст».

Радиои Озодӣ: Оё ҷараёни супоридани имтиҳонҳо тавассути маниторҳо нишон дода мешавад?

Насби телевизион дар яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ
Насби телевизион дар яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ

Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Вобаста ба имконият дар аксарияти толорҳои фарҳангии мактабҳое, ки дар он имтиҳонҳои марказонидашудаи баргузор мешавад телевизонҳоро насб кардем, ки волидон метавонанд, аз рафти имтиҳонсупории фарзандони худ огаҳ бошанд. Зеро дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ камераҳои назоратӣ насб шудааст ва дилгоҳ ҳаракати имтиҳонгирандаву довталабонро волидайн метавонанд назорат намоянд. Ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо шахсони масъули маркази тестӣ дар фиттаҳои махсус сабт карда дар архифи марказ нигоҳ медоранд ва дар ҳолати пеш омадани нофаҳмиҳо он намоиш дода мешавад».

Радиои Озодӣ: Оё холи гузариш маълум шудааст?

Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Холи максималӣ барои ҳамаи кластерҳо 500 аст, аммо холи гузариш муайян карда нашудааст ва он дар асоси дониши довталабон муайн карда мешавад.»

XS
SM
MD
LG