Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатмкунандагон дар интизори «тағо»


Зоҳиран ҳеҷ хатмкунандае ҳозир нест, бидуни «тағо» ё худ миёнарав ба Маркази милии тестӣ дар Кӯлоб ҳуҷҷат барои донишҷӯ шудан супорад.

Эмомалӣ Саидамиров, мудири Раёсати маориф дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз аксари хонандагон мутмаинанд, ки бидуни «тағо» ё миёнарав супурдани ҳуҷҷат ба маркази миллии тестӣ маъно надорад ва бе кӯмаки «тағо» донишҷӯ шудан ғайримумкин аст. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай кормандони Раёсати маориф талош доранд, то ин андешаи ба гуфтаи ӯ хаторо аз майнаи хонандагон берун кунанд ва хатмкунандагонро ба супурдани ҳуҷҷат ташвиқ намоянд. Ҷаноби Саидамиров мегӯяд, онҳо ба хатмкунандагон қавл медиҳанд, ки бидуни кадом восита бо дониши худ тариқи Маркази миллии тестӣ имкони донишҷӯ шудан вуҷуд дорад, аз ин рӯ, ҳар нафаре донишҷӯ шудан мехоҳад зудтар ҳуҷҷатҳои худро супорад.

Вай гуфт: «Ҳар касе саводи паст дорад, интизор аст, ки кай тағояш мебарояд ва ӯ маблағ дода, корашро тамом мекунад. Ман сад дарсад бовар дорам, ки ин ҷо на тағо ба кор меояду на пул. Фақат дониш лозим аст. Мо миёни хатмкунандагон ташвиқ мекунем, то ба умеди касеву чизе нашуда омада ҳуҷҷатҳои худро аз ҳоло барои донишҷӯ шудан бисупоранд.»

Андешаи бидуни «тағо» ҳуҷҷат насупурдани хонандагон дар ҳолест, ки пас аз пошхӯрии Шӯравӣ кам донишҷӯест, ки ба иқрори худ бидуни восита ё маблағи муайн ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шавад.
Самандари Сулаймон, яке аз ҳуҷҷатсупорандагон мегӯяд, воқеан, ҳоло ҳам ҳеҷ кас бовар надорад, ки бидуни ягон восита ба донишгоҳ ё донишкада дохил шавад.
Ӯ гуфт: «Падарам ҳам чанд нафарро гуфт, ки кӯмак кунанд, аммо онҳо гуфтанд, ки ҳоло дар бораи ин кори нав чизе намедонанд ва кӯмак расонида наметавонанд. Мо таваккал ба Худо ҳуҷчат супоридем, ки дер нашавад ва агар бе ягон восита дохил шудам, бовар мекунам, ки ҳақиқӣ будааст.»

Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб дар се нуқта, ду нуқта дар шаҳри Кӯлоб ва як нуқта дар ноҳияи Данғара ҳуҷҷатҳои хонандагонро дар барои Маркази миллии тестӣ қабул мекунанд. Қабл аз ҳуҷҷат супурдан хонанда бояд дар бонк 150 сомонӣ супорад, ки ба гуфтаи масъулон, ин маблағ барои маоши кормандони Маркази миллӣ тестӣ, ки муввақатан ба кор ҷалб мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Расман ҳуҷҷат супоридан дар Маркази миллӣ тестӣ барои донишҷӯ шудан ихтиёрист, аммо аксари хатмкунандагон мегӯянд, онҳое, ки донишҷӯ шудан намехоҳанд, аз ҷониби маъмурият барои ҳуҷҷутсупорӣ равон карда мешаванд.

Саидмуҳаммад Исоев, яке аз хатмкунандагон мегӯяд, ӯ тасмим дорад, ки пас аз хатми мактаб ба Русия назди бародараш биравад, аммо раҳбарияти мактаб эълон кардаанд, ки ҳар нафаре дар Маркази миллӣ тестӣ ҳуҷҷат намесупорад, аз ҳоло метавонад, таҳсилро тарк кунад.

«Ҳоло Русия рафтан лозим, ки барои хондан маблағ ҷамъ кунем. Лекин ҳозир ҳамаро маҷбур мекунанд. Муовини директор гуфт, ки ҳар касе ҳуҷҷат намесупорад баромада даф шавад. Ба фикри ман, ки ин бояд ихтиёрӣ бошад, на маҷбурӣ.», гуфт Исоев.

Далер Азмов, яке аз ҳуҷҷатсупорандагони дигар мегӯяд, бовар дорад, ки бе ягон воситабозӣ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад. Ӯ аз фаъолияти маркази милии тестӣ қаноатманд аст.
«Бисёр хуб аст, ки дар ҳамин шаҳри худамон ҳуҷат месупорем ва ба ягон ҷои дигар саргардон намешавем. Ҳама пешкӣ маълум аст ва ба Душанбе танҳо барои хондан меравем.»

Аммо масъулони яке аз марказҳои миллӣ тестӣ дар Кӯлоб ин гуфтаҳоро бепоя донистанд. Онҳо мегӯянд, таъсиси маркази миллии тестӣ «ҳамқадам будани Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳони»-ро нишон медиҳад.

Баҳодур Пирмадов, волидайни яке аз дигар ҷавонон мегӯяд, ҳоло ин тартиботи нави ҷорикардаи Вазорати маорифро сарфаҳм намеравад, аммо фикр мекунад, ки давлат набояд дар ин самт иштибоҳ кунад.

«Ҳоло баҳо додан, ки ин Марказ хуб аст ё бад барвақт аст. Барои он ки мо чизе намедонам. Ман фикр мекунам, ки ҳар коре, ки давлат мекунад, набояд нодуруст бошад. Давлат ҳамаи корро санҷида мекунад ва ин ба фикри мо кори хуб аст.»

Ҳуҷҷатсупорӣ дар Маркази миллӣ тестӣ бояд то 15-уми апрел давом кунад. Масъулони идораи маорифи Кӯлоб мегӯянд, дар минтақа беш аз 15 ҳазор нафар хатмкунанда ҳаст, ки то кунун беш аз 4 ҳазор ҳуҷҷатҳои худро барои донишҷӯ шудан супоридаанд.
XS
SM
MD
LG