Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиши БМТ: Қурби сомонӣ озод бошад ё..?


Дар як назарпурсӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, 40 дарсад хостори гузаштан ба қурби озоди пули сомонӣ дар бозори асъор шудаанд.

Дар як назарсанҷии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), 40 дарсади пурсидашудаҳо сиёсати кунунии ин ниҳод дар бозори асъорро нодуруст номида, хостори гузаштан ба қурби озоди пули миллӣ шудаанд.

Дар ин назарсанҷӣ, ки дар сомонаи Бонки миллӣ – ниҳоди масъули танзими бозори бонкӣ ва бозори асъори Тоҷикистон - ҳанӯз идома дорад, дар посух ба ин суол, ки “Шумо кадом реҷаи муқаррар кардани қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ зарур мешуморед?” 40 дарсад аз реҷаи озод шинокунанда ва 33,33 дарсад аз реҷаи шинокунандаи танзимшаванда, ки Бонки миллӣ феълан аз он кор мегирад, пуштибонӣ кардаанд. 13,33 дарсад гуфтаанд, қурби сомонӣ дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ бояд муқарраршуда бошад.

Ҳамин тавр, 40 дарсади пурсидашудаҳои сиёсати кунунии Бонки миллӣ дар бозори асъор, яъне реҷаи қурби шинокунандаи танзимшавандаро нодуруст, 26,27 дарсад қаноаткунанда ва 13, 33 дарсад дуруст номидаанд.

Бархе кишварҳо, аз ҷумла дар паҳнои пасошӯравӣ таҳти таъсири бӯҳрони моливу иқтисодӣ азсиёсати девалватсия, яъне беқурб кардани пулҳои миллиашон кор мегиранд. Дар посух ба ин суол, ки “Оё Шумо девалватсия кардани пули миллии сомониро дастгирӣ мекунед?” 53,33 дардсад муқобили ин пешниҳод раъй додаанд, вале 40 дарсад гуфтаанд, ки қурби сомонӣ бояд девалватсия шавад.

33,33 дарсад ё сеяки пурсидашудаҳо хостори бо қурби бозор як кардани қурби расмии сомонӣ шудаанд. Вале 6,67 дарсад мухолифи ин пешниҳод овоз додаанд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадафи ин назарсанҷӣ омӯхтани фикри мардум дар бораи сиёсатҳои ин ниҳоди молист. Аммо ин пурсиши афкори мардум, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, ҳанӯз идома дорад ва натиҷаҳояш метавонанд боз тағйир биёбанд.

Ин назарсанҷӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки сомонӣ - пули миллии Тоҷикистон – тайи ду соли охир асосан таҳти таъсири мушкилоти иқтисодии Русия ва уфти башиддати қурби рубли русӣ – 33, 4 фоиз ё дуруст сеяки қурбашро дар баробари доллари Амрико аз даст додааст.

Қурби асъор дар моҳи марти соли 2014
Қурби асъор дар моҳи марти соли 2014

Қурби расмии як доллари Амрико ду сол пеш, яъне 30 сентябри соли 2013, дар бозори арзи Тоҷикистон 4 сомониву 76 дирам буд. Имрӯз, яъне 30 сентябри соли 2015 қурби расмии як доллар аз сӯи Бонки миллӣ 6 сомониву 45 дирам муқаррар шудааст. Ва ин дар ҳолест ки дар саррофиҳои Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон, ҳарчанд нархи расмии хариди доллар 6 сомониву 56 дирам нишон дода шудааст, вале ба гуфтаи шоҳидон, саррофон долларро бо қимати то 6 сомониву 85 дирам мехаранду то 6 сомониву 90 дирам мефурӯшанд.

Ба дунболи уфти қурби рубл, танга – пули миллии Қазоқистон – танҳо дар соли ҷорӣ ду дафъа таҳти девалватсия қарор гирифт ва ҳар бор аз 25 то 30 дарсад қурбашро аз даст дод. Bloomberg Блумберг, яке аз бунгоҳҳои мӯътабари таҳлили вазъи иқтисодии ҷаҳон, дар моҳи август дар пешбиниҳояш пули миллии Тоҷикистонро низ дар қатори 10 пуле ном бурд, ки дар пайи беқурбшавии танга ба хатари бештари чунин беқурбшавӣ рӯбарӯ мебошанд.

Иқтисодшиносони тоҷик низ мегӯянд, ба таври маъмурӣ ва бо интервенсияҳои арзӣ нигоҳ доштани қурби сомонӣ ба пуфаке мемонад, ки ягон рӯз мисли тангаи Қазоқистон метавонад битаркад ва боиси уфти якбора ва дардноки пули миллии Тоҷикистон шавад. Онҳо мегӯянд, азбаски беш аз 90 дарсади пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ меоянд, ин омил қурби сомониро дар як ҳолати ларзонак нигоҳ медорад.

Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ин нигарониҳоро бепоя номида, мегӯяд, “барои воҳимаю ҳангома ягон асос ва замина вуҷуд надорад.” Бонки миллӣ мӯътақид аст, ки сиёсати реҷаи қурби шинокунандаи танзимшавандаи ин ниҳод тавони аз катаклизмҳое, чун уфти башиддати қурбаш дар бозори асъор, нигоҳ доштани пули сомониро дорад.

Дар Бонки миллӣ аз ҷумла ба ин нукта таъкид мекунанд, ки дар пайи иваз шудани раҳбарияти ин ниҳод дар моҳи май уфти қурби сомонӣ тақрибан манъ шуд ва тағйироте ки дар 5 моҳи охир дар қурби пули миллии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, танзимшаванда ва таҳти назорат аст. Ин ниҳод рӯзи 3 сентябр бо Бонки мардумии Чин ҷиҳати ҷалби 3,2 миллиард юан, муодили тақрибан 500 миллион доллар тавофуқ кард, ки як ҳадафаш низ ҳимояти қурби пули миллӣ дар бозори асъор гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG