Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр хабар дод, ки барои интихоби рамзи байналмилалии сомонӣ – пули миллии ин кишвари Осиёи Марказӣ – озмун эълон мекунад. Дар эълони озмун шартҳое ҳам оварда шудаанд, ки рамзи пули сомонӣ бояд ҷавобгӯ бошад:
"- Рамз бояд инъикоскунандаи пули миллӣ бошад;
- Хотиротеро аз ёдгориҳои бостонӣ ба ёд оварад;
- Навгонӣ дошта бошад;
- Хусусияти соф миллӣ дошта бошад;
- Бо рангҳои дилхоҳу ҷолиб тасвир шуда бошад."
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «рамзи пули миллӣ бояд сода ва дар айни замон муаррификунандаи сомонӣ бошад, Ин рамз бояд пули моро ба мардум хубтар бишиносонад, то ҳар нафар бо дидани ин рамз билофосила бифаҳмад, ки ин рамзи пули миллии Тоҷикистон аст.»
Барои пешниҳоди рамзи пули сомонӣ ҳамагӣ ду ҳафта вақт дода шудааст ва довталабон бояд тарҳҳои худро то 30 сентябр ба Бонки миллӣ ироа кунанд. Сухангӯи Бонки миллӣ гуфт, рамзи ниҳоии пули миллиро аз байни тарҳҳои пешниҳодӣ мутахассисони соҳа интихоб хоҳанд кард.
Бонки миллӣ барои ғолибони озмун ҷоизаи мушаххасе эълон накардааст, балки мегӯяд, ҳар довталаби ширкат дар ин озмун бояд ҳаққи хидматашро худаш пешниҳод кунад. Вале гуфта мешавад, ки Бонки миллӣ танҳо ҳаққи барандаи озмунро пардохт хоҳад кард.
Истифодаи рамзҳои пули миллӣ дар таҷрибаи низоми бонкдории дунё роиҷ аст. Аз ҷумла доллари Амрико бо рамзи $ ифода ёфта, рамзи евро – пули воҳиди 17 кишвари Аврупо - € ва рамзи йени Ҷопон - ¥ - мебошад. Русия низ дар соли 2014 ба ҳайси рамзи рубли русӣ рамзи ₽ - ро интихоб кард.
Тоҷикистон охирин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки соҳиби пули миллӣ шуд. Ин кишвар то соли 1995 аз рубли Русия истифода мебурд ва ҳатто баъди онки Маскав Тоҷикистонро дар соли 1995 аз минтақаи воҳиди рубл берун кард, боз 5 соли дигар ҳамчунон пулҳои сохти фабрикаи «Гознак»-и Русияро бо ҳазфи танҳо аломати ҷудоӣ аз номаш дар муомилоти пулии худ истифода мебурд.
Рӯзи 16 октябри соли 2000-ум Тоҷикистон пули миллии сомониро ба муомилот баровард. 1 сомонӣ дар муомилоти пулии Тоҷикистон баробари 100 дирам аст.
Пули миллии Тоҷикистон ба шарафи Исмоили Сомонӣ, яке аз маъруфтарин амирони хонаводаи Сомониён, ин номро гирифтааст.
Дар ҳоли ҳозир, қурби расмии як доллари амрикоӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон 6 сомониву 39 дирам, қурби 1 евро 7 сомониву 17 дирам ва 1 рубли русӣ 10 дирам муқаррар шудаанд. Аммо қурби ин асъор дар бозор назар ба қурби расмиаш баландтар аст.
Дар якуним соли охир қурби сомонӣ дар муқобили доллар беш аз 30 дарсад коҳиш ёфт ва мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҳимоят аз пули миллӣ як силсила тадобири шадидро рӯи даст гирифтанд. Аз ҷумла бисёре аз муомилот, ки қаблан дар Тоҷикистон бо доллар анҷом мешуд, чун харидуфурӯши мошину хона, акнун бояд фақат бо пули сомонӣ сурат бигирад.
Ҳамин тавр, Бонки миллӣ фаъолияти саррофони хусусиро дар кӯчаву бозорҳо манъ кард ва аз ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи арз хост, то дар харидуфурӯши асъор аз марзи қурби тавсиявии ин бонк берун пой нагузоранд. Дар моҳи майи соли равон дар пайи мавҷи навбатии коҳиши қурби сомонӣ раиси Бонки миллӣ бо тамоми муовинонаш барканор карда шуданд.