Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Наврӯз дар Амрико


Наврӯзи тоҷикони Амрико.
Наврӯзи тоҷикони Амрико.

Дувоздаҳ кишвари ҳавзаи Наврӯз рӯзи сешанбе «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҷашн гирифтанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 дар қатъномае иди Наврӯзро ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба расмият шинохта буд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар саввумин солгарди тасвиби ин қатънома, нишасте бо ибтикори намояндагии Эрон дар СММ ва мизбонии муштарак бо Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳинд, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон Покистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон, баргузор шуд.

Дар таҷлили ҷашни Наврӯз, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Бан Ки Мун ва шуморе аз мақомҳо ва дипломатҳо, донишмандон ва намояндагони расонаҳо ширкат доштанд.

Тайи ду рӯз дар шаҳри Вашингтон, пойтахти Амрико тоҷикони муқими ин кишвар ҳамроҳ бо дигар аз мардумони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки аввал рӯзи 16 марти дар толори «The Andrew W. Mellon Auditorium» дар ин шаҳр бо ширкати намояндагони баландпояи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, вакилони Конгресс, сафирони хориҷӣ маросими ҷашни байналмилалии Наврўз баргузор шуд.

Дар таҷлили ин ҷашни бостонӣ дар ин гӯшаи ҷаҳон Кумиссиёни Наврӯзи Амрико, як созмони мустақил (The US Nowruz Commission) ва сафоратҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Гурҷистон, Афғонистон мусоидат кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Амрико дар ин толор гўшаи фарҳангии кишварро ташкил карда, дар он экспонатҳои фарҳангӣ-сӯзаниҳо, либосҳои миллӣ ва зарфҳои мунаққаш ва аксу китобҳоро ба намоиш гузоштааст. Дар ин ҷашн Носир Козимини, раиси Комиссияи Наврӯзи Амрико ҳозиринро табрик гуфтааст, ки ин муассисаи мустақил барои муаррифӣ ва тарғиби Наврўз дар Иёлоти Муттаҳида ШМА фаъолият менамояд.

​Рӯзе баъд аз ин 17 март, дар толори «The Washington Post» Наврӯзи муштараки Сафорати Тоҷикистон, Ҷамъияти Тоҷикистониёни Амрико ва Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Амрико ҳамроҳ бо тоҷикони муқими инҷо барпо шудааст. Тоҷикони муқими иёлоти гуногуни Амрико барои таҷлили ин ҷашн ба Вашингтон омадаанд, ки албатта бе созу навои тоҷикӣ ва таомҳои милливу наврӯзӣ тассавури он мушкил аст.
XS
SM
MD
LG