Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омезиши атлас бо чакан - як муди Наврӯз-2014 (ВИДЕО)


Омезиши атлас бо чакан дар либос аз сӯи тарроҳони тоҷик яке аз мӯдҳо ё муди Наврӯзии соли 2014 дониста мешавад.

Агар солҳои қабл муди Наврӯзии Тоҷикистонро танҳо куртаи чакан ё атлас ташкил медод, аммо имсол тарроҳони тоҷик онро бо ҳам омехта карда, ба як шакли наву замонавӣ пешкаш кардаанд.

Умед Кӯчкалиев, тарроҳи тоҷик, рӯзи 17-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар муди Наврӯзии 2014 натанҳо чакану атласро бо ҳам оварда, барои овозхонон ва гулдухтарони тоҷик пешниҳод намудаанд, ки қаблан ин гуна либос қариб ки дида намешуд. Азбаски Умед бештар барои ҳунармандон либос медӯзад, мегӯяд, вай талош мекунад, то дар ҳар иди Наврӯз муди нави либосҳоро пешниҳод намояд. Вай гуфт: «Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ҳар сол бонувон барои таҷлили ин ид либосҳои атласу адрас ва чакан фармоиш медиҳанд. Бинобар ин, имсол ҳам атлас ва ҳам чаканро бо ҳам омехта карда, ба як тарзи нав пешниҳод кардем. Ҳамчунин барои Наврӯз атласу чаканро низ дар шакли авуропоӣ дӯхта истодаем. Духтарон, ки бештар ба либоси аврупоӣ таваҷҷӯҳ доранд, чаканро бо духти авуропоӣ хубтар мепазиранд.»

Умед Кучкалиев.
Умед Кучкалиев.
Ба қавли ҷаноби Кӯчкалиев, бештари фармоишгарони либосҳои тоҷикӣ бо омехтаи аврупоӣ ҷавондухтарон ҳастанд.

Ин дар ҳолест ки бо фаро расидани баҳору Наврӯз таваҷҷӯҳи бонувон дар Тоҷикистон ба либосҳои миллӣ бештар шуда, онҳо талош мекунанд, то дар ин иди миллӣ ҳатман ягон навъ муди навро ба бар намоянд.

Меҳрангез Нозимова, як духтари тоҷик, ки маъмулан либосҳои дӯхти аврупоиро ба бар мекунад, имсол барои тоҷлили Наврӯз барои худ куртаи чакани солҳои пешинро харидорӣ кардааст. Меҳрангез дар сӯҳбат бо мо гуфт, мехоҳад Наврӯзи 2014-ро бо чакани солҳои Шӯравии пешин, вале бо дӯхти замонавӣ дар тан пешвоз бигирад. Тавре Меҳрангез афзуд, куртаи чакане, ки барои Иди Наврӯз харидорӣ кардааст, ҳанӯз соли 1985 дӯхта шудааст.

Аммо Меҳрангез ба он курта мувофиқ ба муди замона тағйирот ворид намудааст: «Ба ман бештар матоъ ё либосҳои дӯхти қадими писанд аст. Зеро дар ин навъи либосҳо расму оин ва фарҳанги қадима дида мешавад. Фарҳанги солҳои қаблии тоҷикон бароям хело писанд аст ва бинобар ин ҳам гарданбанди қадима харидорӣ кардам ва ҳам куртаи чакан. Аз бибиям, ки барои ман ҳалқа мерос мондааст, хостам, то онро бо либоси замони худаш ба бар кунам. Куртаамро бошад, замонавӣ кардаам. Дӯхти чакани он қадима аст, аммо худаш - муди ҳозиразамон. Яъне ду давраро дар бар мегирад. »

Мавзуна
Мавзуна
Аммо Мавзуна Муродова, дӯзандаи тоҷик мегӯяд, бо он ки пироҳанҳои аврупоиро барои духтарону занон пешниҳод мекунанд, дар арафаи Наврӯз атласу чаканро бо шакли аврупоӣ ороиш дода ба мизоҷонаш пешниҳод намудааст. Ба гуфтаи вай, алоқамандони духти либосҳои вай асосан духтарони наврасу ҷавон ҳастанд, ки дар ин рӯзҳо супоришҳои зиёдеро ба ӯ кардаанд,

Омезиши атласу чакан дар ҳоле аз мудҳои Наврӯзи 2014 дониста мешавад, ки қимати ин матоъҳои миллӣ дар бозорҳои Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Дар ин чанд рӯзи ахир бахусус бозори пироҳани атлас ва чакан дар авҷ аст ва тоҷирон дар «Корвон» - бузургтарин бозори шаҳри Душанбе - ҳар либоси чаканро на камтар аз 150 сомонӣ ва атласро ҳудуди 200 сомонӣ ё муодили 40 доллари амрикоӣ мефурӯшанд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки занону духтарони тоҷик дар фасли баҳор ба хусус дар айёми Наврӯз ба пӯшидани либоси атлас ва чакан таваҷҷӯҳи зиёд доранд, онҳо сарфи назар аз нархи осмонбӯси матоъҳо ҳатман талош мекунанд, то дар Наврӯз либоси наве харидорӣ кунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=CFrRCCHcBxo&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A

XS
SM
MD
LG