Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷаласаи рӯзи 25 июни раёсати ин бонк, сохтори нав қабул гардид, ки ихтисори 197 нафарро дар назар дорад. Сохтори таҷдидшудаи Бонки миллӣ аз 1 сентябри соли равон бо 492 корманд дар дастгоҳи марказӣ ва 306 корманд дар шӯъбаҳои минтақавӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ рӯзи 1-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадаф аз ин тағйиротро танзими сохтору шумораи кормандон ва беҳбуди фаъолияти ин ниҳоди молӣ унвон кард. “Ҳангоми таҳияи сохтори нав принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ истифода мешаванд. Аз ҷумлаи ин меъёрҳо оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, самаранокии сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрди манфиатҳо, роҳ надодан ба такрори вазифаҳо, пешгирӣ аз фасод тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон бар асоси фаъолияти онҳо номбар шудаанд,” –гуфт Абдуғаффор Қурбонов дар сӯҳбат бо Озодӣ.
Ҷаноби Қурбонов афзуд, ихтисори кормандони Бонки миллӣ ҳамзамон бо санҷиши тахассуси тамоми кормандонаш сурат мегирад ва ҳама бояд сатҳи дониш ва малакаи касбии худро бори дигар дар назди Кумиссиюни санҷишӣ тасдиқ намоянд. Раҳбарияти кунунии Бонки миллӣ дар ҳоле, ба таҷдиди сохтор даст заданд, ки чанд соли ахир ин ниҳод вобаста ба чандин моҷарои молӣ вирди забонҳо буд.
Аз ҷумла соли гузашта Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар пай як санҷиши молиявии Бонки миллӣ мавридҳои неопотизм ва ё хешутаборбозиро дар дохили он ошкор кард. Бо маҳзи дархости Палатаи ҳисоб, 8 корманди бонк, ки бо хешутаборбозӣ истихдом шуда буданд, аз кор озод шуданд. Ҳамзамон Палатаи ҳисоб бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар ин ниҳоди молӣ панҷ нафар масъулияти як нафарро иҷро мекунанд, ихтисори кормандонашро низ пешниҳод карда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми молии ин кишвар асосан масъулияти чопи пул, муайян кардани меъёри бозтамвил (ставка рефинансирования) ва танзими бозори асъорро бар дӯш дорад. Аммо Бонки миллӣ бахусус дар даврони раҳбарии Муродалӣ Алимардон ба як конгломерати бузурге табдил ёфта буд, ки бо садҳо коргар дар гӯшаву канори мухталифи Тоҷикистон ва берун аз он мисли бонкҳои тиҷоратӣ қарз медод, кори сохтмону роҳсозӣ мекард, осоишгоҳу тарабхонаҳоро мечархонд ва амсоли ин.
Зарурати ислоҳи сохтори Бонки миллии Тоҷикистон ҳар бори табдили раҳбараш матраҳ мешавад, вале маъмулан ин ҳама ислоҳот дар гузашта фақат бо ихтисори штатҳо, ки баъди чанде аз нав барқарор мешуданд, маҳдуд мешуд.
Бонкдорони собиқадор аммо мегӯянд, паёмадҳои бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии пули миллӣ дар чанд моҳи охир Бонки миллиро дар рӯбарӯи ислоҳоти дигар ногузир қарор дод. Хусусан баъди табдили навбатии раҳбарони Бонки миллӣ дар ду моҳи пеш.
Коршиносони соҳаи бонки Тоҷикистон ба ду ҷанбаи муҳим дар таҷдиди сохтори Бонки миллӣ таъкид мекунанд ва мегӯянд, агар аз як сӯ чунин тасмим масъулиятро бештар ва дахолат ба кори бонкҳоро камтар мекунад, аммо тарафи дигар, ихтисори кормандон бо дарназардошти сатҳи таъминоти бонк бо фанновариҳои муосир асароти манфие низ дорад.
Аммо Иззатулло Лаълбеков, раҳбари Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон мегӯяд, “дар воқеъ шумораи кормандони Бонки миллӣ зиёд буд ва вақте кор дар ин ниҳод пеш нарафт, ҳатман ки зарурати ихтисор кардани кормандон пеш омад. Чунин тасмим дар натиҷаи таҳлили амиқ гирифта мешавад. Зеро ҳар як корманд бояд ҳаҷми муайяни корро иҷро кунад.”
Вале иқтисоддонҳои тоҷик то куҷо муассир будани сохтори нави Бонки миллиро то андозае зери суол мебаранд. Онҳо бар инанд, ки аз ин пештар низ раҳбарияти ин ниҳоди пулӣ бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва ихтисори чанд корманд маҳдуд мешуданд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Бонки милӣ як ниҳоди пурдаромад аст, боз ҳам ба ин ниҳоди пурмасъулият бо ҳар роҳу воситае афроди тасодуфӣ роҳ меёфтанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, агар дар ҷараёни такмили ҳайати сохтори ҷадиди Бонки миллӣ боз ҳам аз асли меритократия, яъне шоистасолорӣ, кор нагиранд ва афроди мутахассису сазовор ҷалб нашаванд, гумон аст, ки талоши навбатии ислоҳот дар ин ниҳоди молӣ низ натиҷаи дилхоҳ бидиҳад:”Асли меритократия ба кадрҳо вобастагӣ дорад ва дар тамоми Аврупо, Амрико ва Ҷопон истифода мешавад. Ин ба он маъност, ки ҳар нафар ба вақти ишғоли вазифа бояд устувор бошад ва кораш низ самара бидиҳад. Агар боз ба мисли гузашта шеваи бачаи холаву тағо ва додарзодаву ҳамшаҳрӣ истифода шавад, ҳама гуна ислоҳот дар Бонки миллӣ бенатиҷа мемонад.”
Зимнан табдили раҳбарони Бонки миллӣ дар ибтидои моҳи май дар ҳоле сурат гирифт, ки қурби пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ - дар муқобили доллару евро пайваста пойин мерафт ва ин ҳол бесомониҳоеро дар бозори асъор ба вуҷуд оварда буд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси Бонки миллӣ ва ҳамаи муовинони ӯро барканор карда, Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро раис ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро муовини якуми раиси Бонки миллӣ таъйин кард.