Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақлҳои дилхароши эътирозгарони гурҷӣ аз бераҳмии пулис


Саломе Зандукелӣ
Саломе Зандукелӣ

Эътирозгарон дар Гурҷистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис онҳоро шиканҷа карда, бераҳмона задаанд.

Аз 28-уми ноябр ба ин сӯ, ҳар шаб дар пойтахти Гурҷистон мардум ба зидди тасмими ҳукумат ба майдон мебароянд. Ҳукумат гуфтушунидро барои пайвастани Тбилиси ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 боздошт.

То кунун дар Гурҷистон тақрибан 300 нафар дар пайванд бо эътирозҳо боздошт шудаанд. Аксарият ба майдаавбошӣ ва итоат накардан ба амри пулис гумонзад ҳастанд. Хушунат ва шиканҷаи бераҳмонаи пулис алайҳи эътирозгарон дар Гурҷистон ва берун аз он мавҷи танқиду маҳкумиятҳоро ба миён овард.

“Чаро маро мезанӣ?"

Саломе Зандукелӣ мегӯяд, дар эътирозҳо маъмулан дар сафи пеш меистад. Шаби 2-юми декабр ҳам дар тазоҳуроте, ки дар маркази Тбилиси, дар хиёбони Руставели, гузашт, ӯ ҳамроҳи дугонааш дар қатори аввал қарор дошт.

Вақте пулис кӯшиш кард, онҳоро бо зӯр пароканда кунад, Саломе Зандукелӣ ва дугонааш гурехта, дар бинои як корхонае пинҳон шуданд. “Медонистам, ки ба он ҷо рафтан фикри хуб нест, аммо он замон чизи беҳтаре ба зеҳнамон наомад”, – мегӯяд ӯ.

Нерӯҳои амниятӣ онҳоро таъқиб карданд. “Эҳтимол 20-25 афсар буд. Чизи аввалине, ки ба зеҳнам расид, навор гирифтан буд. Яке аз онҳо хашмгин шуд ва ба назди ман давида, гуфт, ки телефонро хомӯш кун. Ман ин корро накардам. Вай телефонро аз дасти ман гирифта, ба замин ва маро ба девор зад,” – ба нақлаш идома дод ӯ.

Ба нақли ин духтари гурҷӣ, маъмурони пулис ба сӯйи онҳо дод зада, ҳақорат мекарданду мезаданд. Ӯ аз лаҳзае ёд овард, ки дугонааш барои зарба нахӯрдан ба сар худро ба замин партофт. “Вақте ман ба маъмури пулис гуфтам, ки чаро маро мезанӣ, ман кӯдаки ту нестам. Вай гуфт, ту кӯдаки ман нестӣ, барои ҳамин, туро мезанам."

Дугонаҳо тавонистанд, ки аз дасти пулис халос ва дар як "бар" дар хиёбони Руставели пинҳон шаванд. Ба нақли Зандукелӣ, баъди чанд дақиқа кӯча пур аз нерӯҳои ОМОН шуд. Онҳо барқро хомӯш карда, дарро бастанд ва дар он ҷо монданд. “Агар онҳо медаромаданд, намедонам, бо мо чӣ мешуд,” – гуфт Зандукелӣ.

Гиа Ҷваршеишвилӣ
Гиа Ҷваршеишвилӣ

“Нагузоред, ки ин модарсаг бимирад”

Пулис соати 4-и субҳи дуюми декабр барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар истифода кард. Гиа Ҷваршеишвилӣ, фаъоли ҷунбиши ҳимоя аз ҳуқуқи маъюбон, бо ёдоварӣ аз он лаҳза мегӯяд, вақте одамон дар атрофи бинои порлумон мегурехтанд, ӯ яке аз дӯстони худро дид, ки парчам ба даст дар кунҷи хиёбон танҳо истодааст.

Ҷваршеишвилӣ қаблан дар эътирозҳо ширкат кардааст ва гумон дошт, ки ин бор ҳам безарар хоҳад буд. “Баъзан ман байни эътирозгарону пулис ё дар рӯ ба рӯйи онҳо меистодам ва ягон бор латукӯб ё боздошт нашудаам,” – гуфт ӯ ва афзуд: “Ман ҳеч гоҳ зӯроварӣ накардаам.”

Ин бор эътироз фарқ мекард. Гиа Ҷваршеишвилӣ мегӯяд, маъмурони амниятӣ ба сӯйи вай давида, ба он айбдор карданд, ки “коктейли Молотов" партофтааст. Онҳо ӯро зада, гуфтаанд, "лоиқи парчами Гурҷистон нест".

Ба нақли ин ҷавон, шиканҷаи онҳо идома мекард ва пулис ӯро иҷборан дар рӯйи замин хобонд. Дӯсташ илтиҷо кардааст, то маъмурони пулис заданро бас кунанд.

Вақте ӯро ба сӯйи мошини пулис мебурданд, аз байни афсарони нерӯҳои махсус мегузашт ва ҳамаи онҳо ба Гиа Ҷваршеишвилӣ дод зада, суханҳои таҳқиромез гуфтаанд. “Онҳо бо садои баланд гуфтанд, ки ана ҳамин коктейли Молотов партофт”, -- ба ёд овард ӯ. Инро шунида, як маъмури ғазаболуди пулис ба вай ҳамла кард. "Ин бор ҳамла бераҳмона буд,” – гуфт Ҷваршеишвилӣ.

Ба нақли вай, онҳоро ба мошини пулис дароварда, дар замин хобонданд ва латукӯб карданд. Гиа Ҷваршеишвилӣ мегӯяд, рӯяшро дар зери курсии мошин пинҳон кард, то зарба нарасад, вале нашуд. “Ногоҳ дарди ҷонкоҳеро ҳис кардаму фаҳмидам, ки захмӣ шудаам. Он вақт намедонистам, ки қабурғаам шикастааст. Нафасам тангӣ мекард. Мешунидам, ки онҳо мегӯянд, “нагузоред, то ин модарсаг бимирад.”

Ба гуфтаи Ҷваршеишвилӣ, вай тавонист наҷот ёбад. Акс ва ҷузвдону телефон ва ҳамёнашро гирифта, ӯро дар ниҳоят ба беморхона бурдаанд. “Ин ки ба одамон зарар мерасонанд, барои онҳо ҳеч аҳамият надорад. Ман тасодуфан зинда мондам,”- гуфт, Гиа Ҷваршеишвилӣ.

Звиад Ратиан
Звиад Ратиан

“Маро беист мезаданд”

Дар як навор марде дида мешавад, ки бо болопӯши норинҷӣ аз миёни пулисҳои сиёҳпӯш мегузарад ва мушту лагади зиёд мехӯрад. Ҷое ӯ аз пой мефтад ва дар навор нонамоён мешавад, аммо пулис ӯро дубора ба по мондаву мезанад. Танҳо аз рӯйи болопӯши норанҷияш дӯстони Звиад Ратиан ӯро дар навор шинохтанд.

Ба нақли Ратиан, пеш аз ин воқеа вай бо дӯстонаш дар эътирози маркази Тбилиси ширкат доштанд. Ҳангоме ҷанҷол сар зад, ӯ хост, дӯстонашро аз нерӯҳои пулис ҳимоя кунад.

“Ман он ҷо истода будам, дод намезадам. Ман фақат бо дастонам онҳоро пӯшондам,” – гуфт вай. Баъд аз ин шиканҷаи ӯ шуруъ шуд. Маъмурони пулис ӯро ба дохили мошин бурда, латукӯб карданд. “Онҳо бетанаффус ба задани ман идома медоданд," -- нақл кард Ратиан, ки биниаш шикаставу хунрав шудааст.

Вай ба ёд меорад, ки яке аз маъмурони пулис ба бадану чеҳраи ӯ мезад. Дастонаш баста буданд ва мегӯяд, ягона роҳи ҳимоя ин буд, ки рӯяшро гардонад. “Онҳо маро шикаста натавонистанд,” -- афзуд, вай.

Ба нақли Ротиан, дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳ мошини пулис истод ва як ҷавони дигарро ба дохил партофтанд. “Ӯро сахт заданд, аммо пулис ҳолатро тавре сабт кард, ки гуё ӯ аз зинапоя афтодааст,”- ба ёд овард вай.

Торнике Берадзе
Торнике Берадзе

“Он ҷо ҳавзи хун буд”

“Мо аз хиёбони Ингоровка ба сӯйи кӯчаи Зубалашвилӣ мерафтем. Бародарам пешопеш ва ману як дӯстам аз қафо,” - нақл мекунад Торнике, ки баъди боздошт дар шаби якуми декабр бо осеби сар дар беморхона бистарӣ шуд.

Нерӯҳои махсус ё ОМОН аввал ба бародари ӯ, Бека Берадзе, корманди бахши гурҷии Радиои Озодӣ наздик шуда, бо қаҳр пурсидаанд, ки дар ин ҷо чӣ кор мекунад. “Мо ба онҳо наздик шуда, пурсидем, кӣ чӣ гап аст. Мо гуфтем, агар ин роҳ баста мешуд, ба дигар роҳ мерафтем.”

Баъд аз ин ду маъмури пулис ӯро даъват карда, “ҷайбашро кофтанд, телефону ҳамён ва калиди хонаро гирифтанд. Ҷузвдонашро кашида, тамоми чизро аз дарунаш ба замин партофтанд.”

Берадзе афзуд: “Он ҷо ман як шиша об ва як ниқоб (зидди газ) доштам. Онҳо пурсиданд, ки ин чӣ аст ва ягон чизи ғайриқонунӣ дорам? Сипас маро заданд,” -- афзуд вай.

Сипас ба дастонаш завлона зада, ӯро ба сӯйи хиёбони Руставели бурданд: “Мехостам ба бародарам гӯям, ки эҳтиёт кунад, вале вақте ба ақиб нигаристам, ба рӯям чанд зарба заданд.”

Латукӯб дар мошини пулис ҳам идома кард: “Ин даҳшат буд, ҳамаро зада буданд. Ҳавзи хун буд он ҷо. Вақте рӯямро мешуштам, дар кушода шуд ва пулис боз маро зад. Баъд бародарам ва дӯстамро ҳам ба дохил оварданд.”

Бародари ӯ, Бека Берадзеро ро ҳам пулис бераҳмона латукӯб ва боздошт кард. Вай рӯзи 3-юми декабр озод шуд.

XS
SM
MD
LG