Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 29-солаи ноҳияи Восеъро дар қатли Марҷона Шерхонова гунаҳкор донист ва 14 сол зиндонӣ кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 12-уми феврали имсол содир шуд.
Марҷона Шерхонова донишҷӯи соли севуми Коллеҷи техникиву технологии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд.
Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Иброҳим Муъминов бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне куштор, муҷрим шинохта шуд. Худи ӯ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳаш пурра иқрор кардааст.
Куштори Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода, рӯзи 14-уми ноябри соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, ҷасадаш баъди як ҳафтаи он дар дохили мошини бетоншӯрӣ пайдо шуд. Дар бораи боздошт ва баёноти аввалияи Иброҳим Муъминов шоми 29-уми ноябри соли 2017 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Иброҳим Муъминов дар баёноти аввалияи худ, ки навораш тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфт, дар дохили шишаи об 190 дона доруи хобовари димедролро ба духтари даступобаста зӯран нӯшондааст.
Ширингул Маликова, модари Марҷона, рӯзи 15-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Ӯ гуфт, онҳо барои қотили духтари ҷавонаш солҳои тӯлонии зиндонро талаб доранд. Додгоҳ гуфтааст, хонаводаи Марҷона ҳақ доранд то даҳ рӯзи дигар аз болои ин ҳукм шикоят баранд.
Модари Марҷона гуфт, “намедонам барои чӣ ин қадар сол доданд. Боз пайвандонаш гуфтанд, ки ин ҳукм сангин аст. Вақте духтари маро кушт, магар мешавад бо 14 соли зиндон ҷавоби ин корро дод?”
Қаблан як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни таҳқиқи ҳодиса огоҳ буд, бидуни бурдани номаш гуфт, “тафтиши пешакӣ нишон дод, Иброҳим Муъминов ҷиноятро дар ҳолати руҳан солим анҷом додааст.”
Видео. Ҷасади Марҷонаро аз мошини бетоншӯрӣ ёфтанд:
Сафаралӣ Муъминов, падари Иброҳим Муъминов, гуфт ду рӯз қабл ҳукми писараш дар шоҳидии ҳарду тараф дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ қироат шуд. Сафаралӣ Муъминов рӯзи 15-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳануз тасмим надоранд аз болои ин ҳукм шикоят кунанд ё накунанд. “Дигар инро қонундонҳо медонанд. Чӣ кор кунем дигар? Агар дар ҳақиқат гунаҳкор бошад, ҷавоб мегӯяд”, - афзуд ӯ.
Марҷона Шерхонова донишҷӯи соли севуми Коллеҷи техникиву технологии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд.
Модараш Ширингул Маликова гуфт, бори охир Марҷонаро рӯзи 13-уми ноябри соли гузашта дида буданд. Ширингул Маликова гуфт, духтараш ҳамон рӯз “бо хурсандӣ” аз хона баромада, барои гирифтани ҷоизае, ки аз як сабқати тирпаронӣ ба даст оварда буд, ба коллеҷ рафт, вале дигар барнагашт. Марҷона яке аз панҷ духтари ин хонавода буд.