Тафтиши парвандаи қатли Марҷона Шерхонова, сокини бистсолаи шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ниҳоӣ шуд ва, қарор аст, рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад. Нафари гумонбар дар ин куштор Иброҳим Муъминов, сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Муҳокима дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ мегузарад
Иброҳим ҳамроҳи занаш дар кадом хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Ростӣ, дар бораи ин духтари кушташуда ягон чиз намедонам.
Як манбаъ дар Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Иброҳим Муъминов дар додгоҳ бар асоси моддаи “куштори барқасдона” ва “кумак нарасондан” муҳокима хоҳад шуд. Манбаи дигари Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни таҳқиқи ҳодиса огоҳ аст, бидуни бурдани номаш гуфт, “тафтиши пешакӣ нишон дод, Иброҳим Муъминов ҷиноятро дар ҳолати руҳан солим анҷом додааст.” Далеле, ки наздикони ин ҷавон ҳам тасдиқ мекунанд.
Дар ин бора бештар бихонед: "Беҳуш буд... Дари мошинро маҳкам карда рафтам"
Куштори Марҷона Шерхонова рӯзи 14-уми ноябри соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, ҷасадаш 21-уми ноябр дар дохили як мошини бетоншӯрӣ пайдо шуд. Дар бораи боздошт ва баёноти аввалияи Иброҳим Муъминов шоми 29-уми ноябри соли 2017 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод. Иброҳим Муъминов дар баёноти аввалияи худ ба муфаттишон гуфтааст, ки дар дохили шишаи об 190 дона доруи хобовари димедролро ба духтари даступобаста зӯран нӯшондааст.
190 димедрол
Тафтишот мегӯяд, тамоми ҷузъиёти дигари ин куштори мудҳишро додгоҳ мушаххас хоҳад кард, вале дар баёноти пешакии худ Иброҳим Мӯъминов гуфтааст, марги Марҷонаро намехост. Ӯ дар баёнияи пешакии худ гуфтааст, баъд аз гирифтани посухи радди Марҷона барои истодан бо ӯ, ба хотири расидан ба ҳадаф духтарро нахуст бо миқдори ками димедрол ва баъдан 190 донаи ин доруи хобовар ба ин ҳол гирифтор кардааст.
Гузориши видеоӣ аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Дар ҳоле ки ҷузъиёти зиёди ҳодиса мушаххас нест, волидони Марҷона дар сӯҳбатҳои баъди дафни духтарашон охири моҳи ноябри соли гузашта гуфтанд, ҷавоне бо номи Иброҳим аз ноҳияи Восеъ хостгори духтари онҳо буд. Вале норӯшаниҳо дар заминаи вазъи оиладории ӯ ва хостгории таку танҳояш бидуни падару модар онҳоро ба ҷиддӣ будани нияти Иброҳим машкук кард. Баъдан хешовандони Иброҳим гуфтанд, ки писари онҳо замони рух додани фоҷеа бо зани дигаре оиладор буд.
Аз Қурбоншаҳид то Душанбе
Рӯзи 11-уми январ ҳам бародар ва ҳам падари Иброҳим Муъминов дар сӯҳбат бо Радои Озодӣ гуфтанд, ки писарашон оиладор буд ва бовар надоранд, ки чунин ҷинояти сангинро содир карда бошад. Сафаралӣ Муъминов, падари Иброҳим, гуфт, ӯ замоне аз ҳодиса бохабар шуд, ки кормандони милиса ба хонааш омада, ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия бурданд ва дар бораи писараш пурсиданд.
Падари Иброҳим гуфт, писараш аз соли 2010 аз деҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ ба пойтахт рафта, дар сохтмонҳои Душанбе ба ҳайси ронандаи мошини бетоншӯрӣ кор мекард. Сафаралӣ Муъминов гуфт, “Иброҳим ҳамроҳи занаш дар кадом хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Ростӣ, дар бораи ин духтари кушташуда ягон чиз намедонам. Баъдан фаҳмидам, ки писарам бо ин духтар ҳам зиндагӣ мекардааст”.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, бо вуҷуди онки писараш беш аз як моҳ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, боре ҳам бо ӯ мулоқот накардааст, то аз ӯ пурсад, чаро ин корро кард.
Маликова: Мо тантанаи адолатро мехоҳем
Ширингул Маликова, модари Марҷона, рӯзи 11-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти якуним моҳ аз ин ҳодиса гапу хабари зиёд ба гӯши онҳо мерасад. Вай шунидааст, ки гӯё қотили духтараш бо гирифтани ҳуҷҷати ноқисулақлӣ мехоҳад аз ҷавобгарӣ аз боздошт раҳо шавад. Аммо мақомот мегӯянд, ин номумкин аст, зеро Иброҳим дар баёноти аввалияаш анҷоми ин кушторро эътироф карда, ҳолати ҳодисаро муфассал шарҳ додааст.
Волидони Марҷона мегӯянд, ба тантанаи адолати додгоҳӣ эътимод доранд.
Марҷона Шерхонова донишҷӯи соли севуми Коллеҷи техникиву технологии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд. Модараш Ширингул Маликова гуфт, бори охир Марҷонаро рӯзи 13-уми ноябр дида буданд. Ширингул Маликова гуфт, духтараш ҳамон рӯз “бо хурсандӣ” аз хона баромада, барои гирифтани ҷоизае, ки аз як сабқати тирпаронӣ ба даст оварда буд, ба коллеҷ рафт. Марҷона – яке аз панҷ духтари хонавода буд.
Куштори даҳшатноки Марҷона Шерхонова вокунишҳои сахтро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард ва бисёриҳо аз мақомоти интизомӣ боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбари ин кушторро қотеона талаб мекарданд.