Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Абдураҳим: "ҲНИТ созмони террористӣ эълон ва биноан баста шавад"


Абдураҳим Каримов.
Абдураҳим Каримов.

Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони Иттиҳодияи мухолифи пешини тоҷик даъват кардааст, ки ҲНИТ созмони террористӣ ва тундрав эълон ва фаъолияташ қатъ карда шавад.

Дар семинари рӯзи панҷшанбе таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Абдураҳим Каримов, маъруф ба “Мулло Абдураҳим”, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва аз фармондеҳони муҷоҳиддин пешини тоҷик, даъват кардааст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ карда шавад.

Абдураҳим Каримов гуфтааст, ки ин ҳизб давоми панҷ соли ҷанги дохилӣ ба сари миллат "бадбахтиҳо" овард, ки ба гуфтаи ӯ, "занони бешумор бева монда ва кӯдакони зиёде ятим шуданд". Ба ин далел, ӯ пешниҳод кардааст, ки ин ҳизб ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шуда ва баста шавад.

Абдураҳим Каримов дар ин нишаст роҷеъ ба пӯшидани ҳиҷоб, ки ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳс сари он гармтар мешавад ва мақомоти тоҷик чораҳои ҷиддиро алайҳи ҳиҷобпӯшӣ рӯи даст гирифтаанд, гуфт, ки пӯшидани сатр фарз аст, аммо ба ин шакле, ки ҳоло миёни занони тоҷик роиҷ шудааст, нест. Вай гуфтааст, ки дурусттарин шакли пӯшидани ҳиҷоб ҳамон аст, ки занони куҳансоли тоҷик ба бар мекунанд.

Мулло Абдураҳим ҳудуди ду сол қабл дар суханроние дар мулоқоти ҳайати Кумитаи дин бо сокинон дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гуфта буд, “ҳизбҳое, ки ба худ номи исломиро мегузоранд, асоси Қуръонӣ надоранд ва ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад».

Мулло Абдураҳим тайи панҷ соли ахир дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба ҳайси мударрис фаъолият дорад. Вай дар гузашта намояндаи ҲНИТ дар Кӯлоб буд ва замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба Афғонистон паноҳ бурд ва яке аз фармондеҳони низомии мухолифон буд. Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, аз роҳи саҳмияи 30 дарсадии мухолифон ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон шомил шуд ва тайи чанд сол дар мақоми раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон фаъолият дошт.

Пешниҳоди бастани ҳизби наҳзати исломӣ ва ё ҳадди ақалл ҳазфи калимаи ислом аз номи ин ҳизб аз соли 2013, дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рӯҳониён матраҳ аст. Охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ низ Абдулҳай Саъдиев, сархатиби ноҳияи Рашт аз раисиҷумҳур хост, аз исми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сифати исломиро бигиранд ва онро ба “ҳизби наҳзати Тоҷикистон” табдил бидиҳанд.

Рӯзи ҷумъаи 27 марти соли ҷорӣ низ дар аксар масоҷиди ҷомеаи кишвар, аз ҷумла дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ин пешниҳод садо дод, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Миёна, баста шавад. ​

Аммо Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния садо додани пешниҳодҳо дар бораи бастани ин ҳизби сиёсӣ аз сӯи бархе аз доираҳои динии кишварро "фитнаомез" ва "мухолиф ба Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ" номид. Масъулони ҳизб рӯзи 30 март бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтанд, бардоштани ин масъала"барои миллат ва давлат оқибатҳои хуб нахоҳанд дошт".

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамагӣ баъд аз як рӯзи интихоботи парлумонии якуми март дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё фикр намекунад, бе ҷой мондани ҳизбаш дар парлумон ишорае ба бастани ҲНИТ дар оянда аст, гуфта буд: "Тақдири ҳар ҳизбро қонун муайян мекунад. Мо ошкор кардем, ки ҳизби мардумӣ ҳастем ва хоҳем монд. Фикр намекунам, ин кор ба маънои баста шудани ҳизб бошад. Ҳеҷ далеле барои бастани ҲНИТ вуҷуд надорад."

ҲНИТ, ки шумори аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар мегӯяд, тибқи натоиҷи эълоннамудаи кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ ҳамагӣ 1,6 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва барои аввалин бор пас аз имзои созишномаи сулҳ, аз курсиҳои парлумонӣ бенасиб монд. Дар гузашта, ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ду курсӣ дошт ва масъулонаш гуфтанд, дар интихоботи 1 март ба раъйи тарафдорони онҳо хиёнат сурат гирифтааст.

Раҳбарияти ҳизб шикоят доранд, ки тайи чанд соли охир ва бахусус дар пешорӯи интихоботи президентӣ дар соли 2013, фишорҳо алайҳи ҲНИТ ва аъзову ҳаводоронаш дар марказ ва манотиқи кишвар башиддат афзоиш ёфтаанд. Маъракаи алайҳи ин ҳизб ба роҳандохтаи мақомот дар матбуоти маҳаллӣ бо номи “Анти-наҳзат” маъруф шудааст. Ҳудуди чаҳор сол пеш дар як расонаи русӣ нусхаи протоколи як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон ҳам нашр шуд, ки бо номи “протоколи 32-20” маъруф аст ва дар он ба роҳандозии маъракаҳои фишору таъқиби аъзои ҲНИТ таъкид мешавад. Аммо мақомот воқеияти ин санадро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG