Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи "Истиқлол", хабар дод. Вай гуфт, рӯзи 31 октябр дар дафтари бошгоҳ бо Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ бозигари дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе, ки чанд рӯз пеш 50-сола шудааст, қарордоди сесола ба имзо расид. Ӯ ба вазифаи нави худ баъди анҷоми мавсими имсолаи футбол шуруъ хоҳад кард.
Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.
Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.