Як пажӯҳиш дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки телевизон дар саргаҳи расонаҳои электронӣ дар кишвар қарор дорад ва 99 дарсади мардум аз он ба унвони манбаъи иттилоот истифода мекунанд. Ин пажӯҳиш аз сӯи Маркази таҳқиқотии иҷтимоии "Зеркало" дар ҳамкорӣ бо созмони ғайридавлатии ҳолландии Free Press Unlimited тайи солҳои 2012 ва 2013 дар миёни 2,5 ҳазор ҷамъияти аз 15 сола болои манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст.
Гулнора Бекназарова, раҳбари ширкати "Z - Analytics Group", шарики Маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало" рӯзи панҷшанбеи 7 август зимни муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиши "Шарҳи бозори воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар Тоҷикистон: вазъи феълӣ, мулоҳиза ва дурнамо" ҳадаф аз ин пажӯҳишро муайян кардани мизони таваҷҷӯҳи сокинон ба расонаҳои электронӣ унвон кард ва гуфт, ки пурсиши мазкур танҳо фаъолияти васоити ахбори оммаи рақамиро фаро гирифтааст.
Хонум Бекназарова, афзуд, «дар пайи ин пурсиш, ки тариқи телефон ва ҳамчунин сӯҳбати рӯ ба рӯ анҷом шудааст, маълум шуд, ки 21 фисади пурсидашудаҳо барномаҳои итилоотиро бо забони тоҷикӣ , аммо барномаҳои тафреҳиро аксаран бо забони русӣ тамошо мекунанд.Онҳое, ки шабакаи телевизионро тамошо мекунанд 73 дар сад, хабарҳои Тоҷикистон, 61 дар сад хабарҳои байналмилалӣ ва 58 дар сади дигар хабарҳои Русияро дунбол мекунанд. Сабаби таваҷҷӯҳи сокинони Тоҷикистонро ба хабарҳои Русияро ба муҳоҷирати меҳнатӣ метавон рабт дод. Зеро бо он, ки аксаран муҳоҷирони корӣ маҳз дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, мутаносибан сокинони Тоҷикистон ҳамеша талош мекунанд ҳама ҳодисаҳое, ки дар он кишвар мегузард дар ҷараён бошанд.»
Ба гуфтаи Гулнора Бекназарова, ин пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки беш аз 82 фисади назардиҳандагон аз антенаҳои моҳвораӣ, наздики 28 дарсад аз мавҷгирҳои хонагӣ ва 1, 5 дар сад аз телевизионҳои кабелӣ истифода мекардаанд.
Зимнан дар саргаҳи расонаҳои электронӣ боқӣ мондани телевизон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, сокинони Тоҷикистон иттилоотро аксаран аз шабакаҳои телевизионҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд. Аз назари онҳо ба сурати умум телевизионҳои Тоҷикистон наметавонад,ҳамчун манбаи мустақили хабарӣ хидмат кунад, зеро шабакаҳои давлатӣ бештар тарғибгари сисёатҳо ва идологияи ҳукумат ҳастанд.
Абдумалики Қодир, таҳлигари тоҷик дар ин замина гуфт, «телевизионҳое, ки зери контроли ҳукумат ҳастанд,ниёзи мардуми равшанфикр ва босаводро барои дастрас кардани ахбори бетарафона наметавонад қонеъ гардонад.Чун ин шабакаҳо кӯшиш аз воситаи дастрас намудани хабар ба воситаи ташвиқу тарғиб табдил ёфтаанд. Аз ин хотир онҳое, ки ҳавасманди раёфти хабар ҳастанд ба манбаҳои дигар ва расонаҳои хориҷӣ рӯ меоранд.»
Дар ҳамин ҳол пажӯҳиши Зеркало нишон додааст, дар раддаи маъруфтарин манбаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон радио дар ҷой дуюм қарор дорад ва 26 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, радиоро гӯш мекунанд. Вале ҷолиб ин аст, ки 17 дарсади ин назардиҳандагон радиоро аз рӯи одат мешунаванд.
Вале бар хилофи таҷрибаҳои пешин, ки гуфта мешуд мардуми Тоҷикистон барои дарёфти хабарҳои алтернативӣ аз интернет истифода мекунанд, пажӯҳиши Зеркало мегӯяд, 80 дарсади онҳое, ки вориди тӯри ҷаҳонӣ мешаванд ба хотири тафреҳ будааст.
Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии Зеркало дар ин бора гуфт, «назарсанҷии мазкур нишон дод, мардҳо 3 баробар зиёдтар нисбат ба занҳо аз интернет истифода мебурдаанд. Яъне, 15% мардҳо ва 5% занҳо посух додаанд, ки барои гирифтани ахбор рӯ ба интренет меоранд. Дар шумораи умумии пурсидашудагон 61% посух додаанд, ки аз интернети хона ва 54% гуфтаанд аз телефонҳояшон истифода мебаранд. Бештар занҳо аз интернети хона ва мардҳо аз интернет-кафе, аз ҷои кор ва аз телефонҳояшон истифода мебурдаанд.»
Аммо дастандаркорони пажӯҳиш мегуянд, ки вазъ дар мавриди истифодаи шабкаи ҷаҳонии Интернет дар Тоҷикистон нисбат ба як соли пеш тағйир ва шумораи корбарони он афзоиш ёфтаанд.
Зеро тибқи иттилои хадамоти алоқаи Тоҷикистон феълан таъдоди истифодабарандагони Интернет дар кишвар 48 дар садро ташкил медиҳад.