Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 кӯдаки "беҳудагард" дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, дар якуним моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб беш аз 30 кӯдаки "беҳудагард"-ро боздошт кардаанд.

Мақомоти умури дохилаи Кӯлоб мегӯяд, бештари ин кӯдакони боздошт ва сабтшуда хонандагони мактабанд, ки бо баҳонаи дарсҳои иловагӣ аз хона берун рафта, вале дар асл кӯчагардӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Дилшод Ҳамидов, сардори бахши кор бо ноболиғон дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 15 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои афзудани ҷиноят миёни ноболиғон дар ин минтақа маҳз оворагардии онҳост. Ҷаноби Ҳамидов афзуд, аз сӯи ноболиғон дар Кӯлоб 18 ҷиноят содир шудааст. Дар соли 2012 танҳо 8 чунин ҷиноят сабт шуда буд. Гуфта мешавад, ҷиноёти ноболиғон бештар дуздӣ ва қонунвайронкуниҳои маъмуриянд.

Дилшод Ҳамидов
Дилшод Ҳамидов
Дилшод Ҳамидов мегӯяд: «Имсол дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби 9 ноболиғ 18 ҷиноят содир шудааст. Вақте онҳоро дастгир карда, падару модарашонро овардем, онҳо «Хайр, дуздӣ кардааст, чӣ кор кунем? Рафта бо корд кушем бачаҳоямонро?» гуфта, бетарафӣ мекунанд.»

Ҳамчунин ба қавли ин манбаъ, чанд рӯзи пештар дар маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб гурӯҳи ноболиғонеро пайдо кардаанд, ки ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул будаанд. Ду хонандаи дигари мактабро бо гумони ҷамъоварӣ ва тиҷорати ғайриқонунии фулузот дастгир кардаанд.

Боздошти кӯдакони "беҳудагард" дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим

Мақомот ангушти иттиҳом ба сӯи волидон баланд мекунанд, ки бар хилофи муқарарроти қонуни масъулияти падару модар мувозеҳи фарзандони худ нестанд ва дар бисёр маворид танҳо баъди боздошти онҳо хабар меёбанд, ки фарзанди онҳо берун аз хона ба чӣ корҳое машғул аст.

Аммо ба қавли волидон, кӯдакони онҳо дар ҳоле оворагардӣ мекунанд, ки бо баҳонаи дарс аз хона мебароянд ва худи онҳо андармони кору бори рӯзгор аз кирдори фарзандонашон бехабар мемонанд.

Сафармоҳ Ашӯрова
Сафармоҳ Ашӯрова
Сафармоҳ Ашӯрова, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки писараш ба марказҳои дилхушӣ рафта ва ё оворагардӣ мекардааст, мегӯяд, то замоне ки ӯро корманди полис даъват накард, намедонист, ки писараш беҳудагардӣ мекунад: «Ростӣ, ман намедонистам, ки писарам оворагардӣ мекардааст. Аммо ташаккур, ки милиса маро сари вақт огоҳ кард. Акнун кӯшиш мекунам, то писарам беназорат намонад.»

Аммо худи наврасон мегӯянд, онҳо бештар барои бозиҳои компютерӣ ба марказҳои дилхушӣ мераванд ва асосан дар чунин марказҳо «тӯъма»-и амалиётҳои милиса мешаванд.

Як кӯдак, ки номашро Муҳаммад гуфт, мегӯяд, ӯ бо ташвиқи як ҳамсабақаш барои бозӣ ба марказҳои дилхушӣ мерафт. Вале қасам мехӯрад, ки баъди ба дасти пулис афтодан аз ин амал «тавба» кардааст: «Меҳроб гуфт, биё, камтар бозӣ мекуне. Гуфтам, намеравам, яке милиса қапад, баъд чӣ кор мекунем? Ӯ гуфт, милиса қапад, ҳеҷ гап не, ному насабамонро дигар мегӯему гурехта меравем. Лекин нав рафтем, аз дар даромадем, ки милиса моро қапида, ба шӯъба овард. Тавба кардам баъди он, ки дигар оворагардӣ намекунам.»

Ба қавли мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб, ин марази беҳудагардӣ ба духтарони ноболиғ ҳам сироят кардааст ва гоҳо духтарон ҳам аз хона гурехта, чанд рӯз бедарак мешаванд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, мақомоти интизомӣ кор бо ноболиғонро бо ҳамин «қапоқап» дар кӯчаву бозор ва марказҳои дилхушӣ маҳдуд кардаанд. Дар ҳоле ки дар шаҳри Кӯлоб имконоти расман муҷози фароғат ва машғулияти берун аз дарси кӯдакон хеле ва хеле кам аст, пас онҳо ба ғайри бозору ҳамин чанд маркази бозиҳои компутарӣ куҷо раванд? – мепурсанд ҳомиёни ҳуқуқ. Хусусан дар ҷараёни таътилоти ахири зимистона, ки аз соли нав то 10 феврал 40 рӯзи тамом идома кард.
XS
SM
MD
LG