Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми гурӯҳи 11-нафарӣ барои пайравӣ аз ҲНИТ. ВИДЕО


Наздикони 11 сокини ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то ҳукми онҳоро бознигарӣ кунад. Ин дархости онҳо ду ҳафтаи қабл ирсол шудааст. 11 сокини ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара тобистони соли гузашта ба ҷурми узвият ва таблиғи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз 5 то 8 сол зиндонӣ гардидаанд.

Аммо наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ҳамагӣ як нафари онҳо дар гузашта узви ҲНИТ буда, баъд аз манъи фаъолияти ин ҳизб тирамоҳи соли 2015 аз узвият даст кашидааст. Онҳо рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, зоҳиран дар баррасии қазияи наздиконашон нофаҳмӣ рух додааст ва мехоҳанд, Додгоҳи олӣ "мӯйро аз хамир ҷудо кунад". Дар гузашта додгоҳи вилояти Суғд ба дархости бознигарии ҳукми ин афрод ҷавоби рад додааст.

Ин 11 сокини ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара тобистони соли гузашта ба ҷурми узвият ва таблиғи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз 5 то 8 сол зиндонӣ гардидаанд.

Раҳимҷон Розиқов, бародари Маъруф Розиқов, ки дар миёни 11 нафар ба мӯҳлати 8 соли зиндон маҳкум шудааст, гуфт, “инҳо, ба ҷуз аз як нафар – Мирсайфулло Абдуллоев, ки дар гузашта узви ҲНИТ буд, аъзои ҳизб нестанд. Аммо дар додгоҳ гуфтанд, ки ҳамаи онҳо узви ҲНИТ шуда, фаъолияти худро махфиёна давом дода, тарғиботи ифротгароёна бурдаанд. Бо ҳамин айб, аммо бе исбот ва далелҳои муътамад онҳоро ба ҳабс гирифтанд.”

Ба гуфтаи ӯ, бародараш ба боғдориву чорводорӣ зиндагиашро пеш мебурд. Ӯ ва рафиқонаш дар фасли зимистон, ки дар деҳот мавсими бекорӣ аст, дар маҳфили “гап” ҷамъ мемадаанд. Ин маҳфил, ба гуфтаи ӯ, аз ҷамъомади дӯстона ва истеъмоли оши палав иборат аст. Ба қавли Розиқов, шояд танҳо гуноҳи бародараш ин буд, ки дар ин маҳфилҳо бо дархости рафиқонаш сураҳои “Қуръон”-ро тафсир мекардааст.

Ҳабси 11 узви ҲНИТ дар Исфара - барои фаъолиятҳои пинҳонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Муродбек Фозилбеков, вакили мудофеи ин афрод, рӯзи 21 феврал гуфт, шикояти кассатсионии худро ба Додгоҳи олӣ ҷиҳати бекор намудани ҳукми додгоҳи Исфара ва бозбинии парвандаи гурӯҳи 11-нафарӣ ду ҳафта пеш ирсол намуда, то ҳанӯз ҳеҷ посухе нагирифтааст. Бино ба тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ, “3 нафар аз гурӯҳи 11-нафарӣ аз қабл узви ҲНИТ буданд ва баъди манъи фаъолияти он дар Тоҷикистон, 8 шарики дигари худро ба узвияти ин созмони мамнӯъ шомил намудаанд.” Як манбаи наздик ба бозбинии додгоҳии парвандаи ин афрод дар додгоҳи Исфара гуфт, ки маҳкумшудаҳо дар “гапхона” пинҳонӣ ҷамъомад ороста, “ба дигарон ақидаи ифротгароёнаи ҳизби мазкурро тарғиб мекарданд.”

Ин гурӯҳи 11-нафарӣ ҷавонони то 40-сола ва ҳамагӣ сокинони деҳаи Сурхи Исфара мебошанд. Ба қавли пайвандонашон, бархе аз онҳо ба боғдориву устоӣ машғул буда, бархе барои муҳоҷирати кории мавсимӣ ба Русия мерафтанд.

Додгоҳи вилояти Суғд.
Додгоҳи вилояти Суғд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро моҳи марти соли 2016 боздошт кардаанд. Додгоҳи Исфара охири моҳи июл дар мурофиае, ки дар толори додгоҳи вилояти Суғд ҷараён гирифт, гуноҳи онҳоро исботшуда номида, ҳамаро ба мӯҳлати аз 5 то 8 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ онҳоро барои “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” мутобиқи банди 373-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор донист. Онҳо бояд дар зиндони низомаш пурзӯри рақами 3/5-и Хуҷанд мӯҳлати ҳабси худро сипарӣ кунанд.

Фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ гардид. Додситонии кулл ин ҳизбро “ҳидоятгар ва тарҳрези ошӯб” ва Додгоҳи олӣ - созмони террористӣ номид. Аммо раҳбарияти ин ҳизби мамнӯъ дар хориҷа борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG