Рӯзи 25 май дар маркази Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ҳайкали азими тилоии раисиҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузошта шуд. Ӯ дар ин муҷассамаи 21-метрӣ савори асп тасвир шуда, дар даст кабӯтар дорад ва ин ҳайкали ӯ бо тилои 24-карата ё маҳаки 999 пӯшонда шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин идомаи ҳамон нишонаҳои шахспарастист, ки Бердимуҳаммадов дар кишвари худ ба вуҷуд овардааст. Дар рӯзи рӯнамоӣ аз ин муҷассама донишҷӯён пйаваста шиор медоданд: "Ифтихори Арқадаг", "Ҳомӣ!"
Ин муҷассамаи бузурги Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов то андозае ҳайкали биринҷии Пётри Кабирро дар Петербурги Русия ба хотир меорад. Бердимуҳаммадов, ки аз рӯйи ихтисос духтури дандон аст, дар соли 2006, баъди фавти президенти пешинаи Туркманистон Сафармурод Ниёзов, ки низ ба интишори кеши шахси худ маъруф буд, раҳбари ин кишвар интихоб гардид. Зимнан, дар Туркманистон ба падари раисиҷумҳури кунунӣ Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, ки афсари милиса буд ва бобояш – омӯзгори мактаб Бердимуҳаммад Аннаев нимпайкара гузоштаанд.
Ба раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов даҳҳо нимпайкара ва ҳатто дар маркази пойтахт муҷассамаи тилоӣ гузошта буданд, аммо Қурбонуглӣ Бердитмуҳаммадов баъди расиданаш ба қудрат онҳоро ба тадриҷ аз байн бурд ё ба дигар мавзеъ интиқол дод.
Муҷассама ва нимпайкараҳои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Боғи президентӣ дар шаҳри Алмаато, дар Остона, дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон, дар шаҳри Анкараи Туркия, шаҳри Днепродзержински Украина (он ҷо Назарбоев дар омӯзишгоҳи техникӣ таҳсил кардааст), дар шаҳри Комрат, маркази вилояти Гагаузияи Молдавия гузошта шудаанд. Охири соли гузашта дар бораи тасмими сохтани нимпайкараҳои рӯимизии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам овозаҳо паҳн шуданд.
Гуфта мешуд, ки ин нимпайкараҳои андозаашон 30-сантиметрӣ дар Чин сохта мешаванд ва муаллифон иҷозаи расмии ҳукуматро интизоранд. Як намояндаи Бунёди мусаввирони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бюсти президент се сол қабл омода шуда ва модели он ба Вазорати фарҳанг ва ҳукумат пешниҳод гардидааст, аммо ҳанӯз посухе дар робита ба тасдиқи он дарёфт нашудааст.
Бунёди мусаввирон мехост, нахуст нусхаи аввали бюсти президентро ба Осорхонаи милии кишвар ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон дар канори Садриддин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода пешниҳод кунад. Аммо баъди пахши ин ахбор дар матбуот, Иттиҳодияи рассомон ва Бунёди бадеии Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта вуҷуди чунин нимпйакараҳои Эмомалӣ Раҳмонро рад кард.
Бо ин вуҷуд, ҳоло дар ҳар гӯшаву канори шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва дар шоҳроҳҳои бузурги кишвар аксҳои калони раисиҷумҳур ва суханҳои ӯ дар бораи аҳамияти обу эҳсоси ватандӯстӣ насб шудааст. Дар гузашта худи ӯ аз масъулон хоста буд, аксҳои бузургашро наовезанд.