Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмбар дасти киро мебӯсид?


Дар ин авохир дар ҷомиаи Тоҷикистон ин суол зиёд матраҳ мешавад, ки аз гирдоби хурофот ва "одампарастӣ" берун кашидани мардум то куҷо мумкин аст?

"Дар ягон ҳадис надидему дар ягон китоб нахондаем, ки касе дасту пои ҳазрати Паёмбар (с)-ро бӯсида бошад... "

Муҳаммадшариф Набизода аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо интиқод аз ифрот дар эҳтиром ба бархе аз "шайх"-у "сӯфӣ" ва домуллоҳо дар ин кишвар мегӯяд, "ҳатто анъанаи қадимаи тоҷикон, - ба нишони эҳтиром пеши меҳмон, пеши одами бузургсол ё бузургвор хестан, миёни мусалмонҳои бисёр кишварҳо, аз ҷумла, арабҳо маъмул нест”.

Аз нигоҳи пажӯҳишгарони масоили мазҳабӣ, эътиқод ва ифрот дар эҳтиром ба рӯҳониёни маъруф, ки ҳатто ба ҳадди парастиши шахсияти онҳо мерасад ва зиёрат аз мазору қадамҷойҳои “бузургон” солҳо боз як рукни рӯзгори мардум шудааст. Одамонро бештар тарси охирату қиёмат ва умед ба шифову наҷот пеши рӯҳониён ва сӯи мазорҳо мебарад ва ин ақидаи хурофотӣ афкор ва тору пӯди онҳоро фаро гирифтааст, мутмаинанд онҳо.

"ДАСТАРХОНРО НАШӮЕД... БАРАКАТАШ МЕРАВАД"

Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳама дастурҳои дар Ислом ироашуда ба он самтанд, ки ҳатман хурофот аз байни ҷомеъа зудуда шавад, “зеро хурофот ба навъе инҳирофи фикриро ба бор меорад ва инҳирофи фикрӣ дастуру меъёру арзишҳои динии барои наҷот ироашударо таҳриф мекунад ё аз байн мебарад”. Инсони занҷири хурофот дар пой наметавонад дини ҳақиқиро дарк кунад ва аз фармудаҳо ва дастурамали воқеъии дин баҳраманд шавад.

Аз нигоҳи Дилшод Раҳимӣ, мардумшиноси тоҷик, хурофот дар зеҳну мафкураи мардум он қадар реша давондааст, ки берун карданаш баъзан ғайримумкин ба чашм мерасад. Ва на фақат хурофоти марбут ба эътиқоду эҳтиромии ифротии мардум ба дин ва шайху валиҳо.

«Бубинед, агар роҳ аз байни симчӯби дуқӯша ё сарбаста убур кунад, мардум ҳатман аз канори он мегузаранд, зеро бовар доранд, ки «бо гузаштан аз байни ин гуна симчӯб, корашон баста мешавад». Ҷавонони зиёдеро ҳам мебинем, ки дар бозуҳояшон туморҳои бузург ё бозубанд бастаанд ва онро «бахтнома» ё «раднома» мехонанд ё туморҳо бо нохуни хирсу нохуни уқобро ба гардан ҳамоил кардаанд. Онҳо ба ин туморҳо эътиқод доранд, шояд намедонанд, ки ин ширк аст, зеро мусалмон ба ҷуз Худованд набояд ба махлуқе ё чизе эътиқод дошта бошад.»

Дилшод Раҳимӣ меафзояд, хурофотро на фақат дар масъалаҳои мазҳабӣ, балки дар рӯзгори ҳаррӯзаи мардум ҳам метавон дид. «Дар баъзе мавзеъҳо то даҳ-понздаҳ соли ахир дастархонро намешӯстанд, зеро мутмаин буданд, ки баъди шӯстан баракати дастархон меравад. Ё дар шимоли Тоҷикистон ҳангоми дуо хондан аз рӯи дастархон корд ё қаланфурро мебардоранд, то ки «дуо бурида нашавад».

Дар бозорҳо, мегӯяд донишманди тоҷик, фурӯшандаҳо дар байни мол ё меваю сабзавот хонаи занбӯрро мегузоранд, то ки мардум дар атрофи моли ӯ чун дар хонаи занбур ҷамъ шаванд. Гузоштани як даста хор («чашми хор») ё сипанд дар дару девори хонаҳо, кӯбидани наъли асп дар остонаи манзил ё дарвоза ба хотири эмин мондан аз «чашми бади ҳасудон» низ аз хурофоти маъмул миёни мардум аст.

Аммо ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ, дастбӯсии баъзе шайху сӯфиҳо ё нӯшидани обе, ки он «ҳазрат» дасташро шустааст, ё таъзиму пеши ӯ зону задан ҳам хурофот, ҳам падидае аз шахспарастӣ ва ҳам баёнгари мафкураи ғуломии мардум аст.

Бархе аз муҳаққиқон мутмаинанд, ки на донишмандони воқеъии фиқҳ ва пирони тариқат, балки афроде, ки худро "шайх"-у "валӣ" эълон кардаанд, бо истифода аз ноогаҳии мардум аз аркони дин дастбӯсӣ ё бӯсидани ришу ҷомаашонро «мӯд» кардаанд. Рафтори ин гуна «ҳазратҳо» аз дигарон фарқ мекунад, онҳо нозуктабъу иззатталабанд ва агар дар маҳфиле ё зиёфате бологузар набошанд, сахт меранҷанд ва ҳатто он маъракаро тарк мекунанд.

Баъзеи онҳо ҷомаашонро болои дари манзилашон меовезанд, то ҳар каси ворид ё беруншуда ба домани он бӯса зананд. Зафари Мирзоиён, муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, ки "ин афрод бо истифода аз соддадилии мардум қабову ҷомаву саллаи хос пӯшида, тавассути муридонашон худро тарғиб мекунанд, ки "тобути бобову болокалонаш ба осмон рафта буд" ё ӯ авлиёву сайидзода аст ва ба ин васила зиндагии худро пеш мебаранду дар маъракаҳо болонишин мешаванд".

Умар, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки ӯ чанде пеш барои гирифтани тумори чашм пеши як домуллои ваҳдатӣ рафт. "Дар даромадгоҳи хона як муридаш гӯшрас кард, ки бояд домуллоро "хурсанд" кунам. Домулло рӯи лӯлаболиштҳо такя зада буд, дар пешаш як мизи "чойхӯрӣ" бо чанд китоби динӣ. Ӯ дасташро сӯям дароз кард, ман онро фақат фишурдам. Ба фикрам, таъбаш каме хира шуд. зеро арзамро гӯш кард ва хомӯш дар варақ чизе навишту онро ба дастам дод. Бист сомонии дарозкардаамро норозиёна зери курпача андохт ва бо дасташ ишора кард, ки равам... Ман хело ҳайрон шудам, ягон чиз ҳам напурсид-е..."

БӮСИДАНИ ДАСТИ КӢ САВОБ ДОРАД?

Тоҷиддин Асомиддинзода мегӯяд, як марзи басо нозуке дар дастбӯсӣ мавҷуд аст: «Бӯсидани дасти модар ё падар ҳатман савоб дорад. Аз Паёмбари ислом (с) ҳам ҳадисе ҳаст, ки «ман дасти пинакарда ва пуробилаи коргарро мебӯсам», яъне шахсе, ки бо заҳмати худ нони ҳалол мехӯрад, он қадар манзаллат дорад, ки дасташ шоистаи бӯсидан аст. Ҳаҷар-ул-Асват ё Санги Каъба ҳам муқаддас аст ва онро метавон бӯсид. Дар достони «Ҳазрати Юсуф» Ҳазрати Яъқуб ва модару бародарони Ҳазрати Юсуф дар баробари ӯ ба саҷда меуфтанд… Аммо, такрор мекунам, ки марзи ин басо нозук аст, яъне оё ҳар кас шоистагии ин амалро дорад ё на? Ҳар кас Ҳазрати Юсуф намешавад, ки пироҳанаш мояи шифои чашм бошад…»

Аммо, ба гуфтаи ӯ, «агар шахсе худро сӯфиву шайху валӣ мегӯяд, яъне худро ба он шакл медарорад, то дигарон дасти ӯро бибӯсанд, ин дар шариат дастур нест. Худи Расули Худо он қадар хоксор буд, ки афроди воридшуда аз миёни афроди нишаста ӯро ба осонӣ ташхис карда наметавонистанд. Яъне хоксорӣ ва тавозӯъ – дастур дар шариат аст, на худро аз дигарон боло гирифтан ба хотири он ки дастонашро бибӯсанд».

Муҳаммадшариф Набизода мегӯяд, сабаби хурофотӣ шудани мардум дар надонистани аркони ислом ва бебаҳра мондани онҳо аз маърифати исломист. Ба гуфтаи ӯ, мардуми авом аз замони аморати Бухоро бесавод ва аз аҳкоми исломӣ бехабар буданд. Замони шӯравӣ уламои ислом ё кушта ё ба Сибиру Қазоқистон бадарға шуданд.

Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон фақат як донишкадаи исломӣ ва дувоздаҳ мадрасаи расмӣ фаъолият мекунанду халос. Дар ин гуна вазъ аз байн бурдани хурофот кори сангин аст. “Агар воқеъан мо тавонем, ки аз боғча, дар мактабҳо омӯзиши аввалияи диниро ҷорӣ кунем, фақат он вақт насли оянда тавони аз хурофот ҷудо кардани динро пайдо хоҳад кард," - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, мақомот дар Тоҷикистон на фақат барои аз байн бурдани хурофот тақрибан коре анҷом намедиҳанд, балки мансабдорони зиёде аз ҳисоби рӯҳониёни маъруф “пир”-ҳои худро доранд ва пайваста аз онҳо дуо мегиранд. Ин гуна мансабдорон ба гунае эътиқоди мардум ба ин ё он рӯҳониро бештар мекунанд ва ҳарчӣ амиқтар ба ботлоқи хурофот меғӯтанд.

Мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар Айнӣ
Мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар Айнӣ

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Зафари Мирзоиён, хурофоте чун бастани латта сари шохаи хушкидаи дарахтон, ба вижа, дар мазорҳо ё дар мазорҳо гузоштани шохи бузу гавазн ё чойники шикаста рабте ба ислом надорад.

Зафари Мирзоиён мегӯяд: “Аз нигоҳи ман, ин анъана аз ҳамсояҳои тибетӣ ба мо гузаштааст ва бештар бо сеҳру ҷоду пайванд дорад ва дар ин бора ҳатто дар “Шоҳнома” ва китобе дар бораи саргузашти Чингизхон ишораҳое шудааст".

Маъмулан занҳо дар ягон “қадамҷой” ё мазор ба муроде, бештар ба нияти фарзанддор шудан, дар шохаи дарахтон латта мебанданд. Бархе аз муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки гузоштани шохи бузу гавазн ва устухони сари гову гӯсфанд сари гӯрҳо аз даврони бисёрхудоӣ ва ашёпарастӣ “мерос” мондааст.

XS
SM
MD
LG