Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба САҲА: "Қазияи Мирсаидов сиёсӣ нест, қаллобист"


Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Намояндагии расмии Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба изҳороти расмии ҳайати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар робита ба боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – посух дод. Дар номаи намояндагии Тоҷикистон, ки нусхааш рӯзи 24-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, “парвандаи Мирсаидов сиёсӣ нест, балки як қазияи қаллобист.”

Ҳафтаи гузашта масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидовро озод кунанд.

Пули буҷет ба КВН-и "ғайрирасмӣ"?

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, Хайрулло Мирсаидов соли 2014 гурӯҳи КВН-ро "ба таври ғайриқонунӣ ва бидуни сабти ном дар сохторҳои давлатӣ" таъсис додааст. Ба иттилои онҳо, "Мирсаидов аз соли 2014 то соли 2017 дар ҷараёни фаъолияти худ беш аз 976 ҳазор сомонӣ пули буҷетро сарф кардааст. Аз ин маблағ, ба гуфтаи додситонҳо, 300 ҳазор сомонӣ гум шудааст (76 ҳазор барои харҷҳои хусусии ӯ ва боқӣ ба таври ғайримақсаднок истифода гардидааст)."

Ба иттилои мақомоти тоҷик, ба ғайр аз ин, “Хайрулло Мирсаидов дар тақаллуби санадҳо (истифодаи маблағҳои буҷет ба пӯшиши харҷҳои худ) даст дорад. Феълан, таҳқиқи қазияи ӯ ба охир нарасидааст.”

Ҳарлем Дезир
Ҳарлем Дезир

Дезир хост, Мирсаидовро озод кунанд

Ҳафтаи гузашта масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидовро озод кунанд. САҲА мегӯяд, моҳи марти соли 2018 ба мақомоти тоҷик нома фиристода, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи Мирсаидов, ки ба эътимоди Дезир ба фаъолиятҳои журналистиаш бастагӣ дорад, изҳори нигаронӣ кардааст. Дезир аз Тоҷикистон хост, ки иттиҳомоти зидди Мирсаидов бозбинӣ шавад.

Дар изҳороти дигар дар ин робита ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар назди САҲА ҳам аз тамдиди боздошти журналисти тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буданд, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад.

Хайрулло Мирсаидов, ки рӯзи 5-уми декабри соли 2017 дастгир шуд, бо як қарори тафтишот то моҳи июни имсол дар боздоштгоҳ мемонад. Боздошти ӯ пас аз он сурат гирифт, ки дар як навиштааш дар Интернет сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд Олим Зоҳидзодаро ба талаби ҳазор доллар барои қабули ҳисоботи дастаи КВН муттаҳам кард. Зоҳидзода гуфт, ки дар ин изҳорот шаъну шарафаш поймол шудааст ва ба додситонӣ шикоят кард.

Иттиҳомҳо алайҳи раҳбари КВН

Тими КВН-и Тоҷикистон
Тими КВН-и Тоҷикистон

Ҳоло Мирсаидов бар асоси чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” муттаҳам аст.

Аз замони боздошти Хайрулло Мирсаидов созмонҳои бонуфузи ҳомии озодии баён, ба мисли Human Rights Watch ва Кумитаи дифоъ аз журналистон бо пахши изҳорот ва нигаронӣ аз ин ҳодиса озодшавии билофосилаи ӯро тақозо кардаанд. Амрико ҳам дар изҳороте аз Тоҷикистон хост, ки баррасии парвандаи Мирсаидовро зудтар анҷом диҳад.

Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд парвандаи Мирсаидовро шарҳ намедиҳанд ва аз вакилаш ҳам забонхат гирифтаанд, ки ҷузъиёти тафтишро ба ҷомеа фош намекунад. Аммо як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муфаттиши парвандаи ӯ барои дақиқ кардани харҷу дахл ва ҳамин тавр ҳунарнамоии дастаи зери раҳбарии Мирсаидов ба идораи марказии КВН ба Маскав рафтааст.

Посухи раёсати молияи Суғд чист?

Додситонӣ талош дорад, гузориши хароҷоти сесолаи фаъолияти гурӯҳи КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Қаблан Олим Зоҳидзода, сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд иддао карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ба гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 30 ҳазор доллар аз буҷет пул ҷудо шудааст.

Додситонии вилояти Суғд тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидовро бар уҳда дорад
Додситонии вилояти Суғд тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидовро бар уҳда дорад

Аммо дар раёсати молияи вилояти Суғд ба дархости хаттии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон навиштаанд, ки “аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бевосита маблағ ҷудо нашудааст.” Баъзе аз манобеъ ба Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов гуфтаанд, ки қазия бештар ба саҳначаҳои ҳаҷвии писараш рабт дорад.

Исми Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабари “Азия-Плюс” ва радиои “Мавҷи Олмон” ошно аст. Вай солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони “КВН”-ро бар уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG