Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миронов: Додани шаҳрвандӣ ба муҳоҷирон аз Осиёи Миёна муваққатан манъ шавад


Сергей Миронов
Сергей Миронов

Сергей Миронов, роҳбари ҳизби "Справедливая Россия", ки ду сол пеш тарафдори манъи тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикистониҳо шуда буд, ҳоло пешниҳод дорад, ки додани шаҳрвандӣ ба тамоми муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муваққатан манъ шавад.

Ӯ дар саҳифаи "Телеграм"-и канали худ аз афзоиши шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби муҳоҷирон интиқод карда суол гузоштааст, ки аз ин Русия чӣ фоида мегирад?"

Ба таъкиди ин сиёсатмадор, "Ҳизби “Русияи одил -- барои ҳақиқат" ҳанӯз соли 2022 чунин пешниҳодро карда буд.

"Имрӯз, ки мушкилоти шадиди муҳоҷират дар маркази таваҷҷуҳи қонунгузорон қарор дорад, мо бояд ба баррасии ин масъала баргардем. Ҳадди ақал то соли 2026. Дар ин муддат метавон ба танзими қонунгузорӣ, ислоҳоти хадамоти муҳоҷират, поксозии он аз порахурон, инчунин санҷиши қонунӣ будани шиносномаҳои қаблан додашуда гузаронида шавад", навиштааст ӯ.

Ҳанӯз ҳеҷ мақомдор ё фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ин изҳорот вокунише нишон надодааст.

Миронов мисли раҳбари қаблии Ҳизби либерал-демократи Владимир Жириновский, бо изҳороти таҳқиромезаш нисбати муҳоҷирон маъруф аст

XS
SM
MD
LG